Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти хотирмони Ҷонибек, аммо на дар "Кохи Борбад"...


Нахустин консерти Ҷонибеки Мурод дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид...
Нахустин консерти Ҷонибеки Мурод дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид...

Дар толори Филармонияи давлатӣ нахустин консерти овозхони ҷавони тоҷик Ҷонибеки Мурод баргузор шуд.

Нахустин консерти Ҷонибек, фарзанди овозхони саршиноси тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, ибтидо қарор буд дар "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Ҷонибеки Мурод дар оғози барномаи консертии худ аз мухлисонаш узрхоҳӣ карду гуфт, ки ба далоили фаннӣ макони баргузории консертро тағйир додаанд. Ӯ гуфт, гӯиё "Кохи Борбад" ҷавобгӯи меъёрҳои зидди сӯхтор набудааст ва аз ин рӯ маҷбур шудаанд, консертро дар Филармонияи давлатӣ баргузор намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як рӯз қабл аз замони баргузории консерт ширкати "ҶМ" ба хабаргузориҳо гуфт, консерти Ҷонибек на дар "Кохи Борбад", балки дар Филармонияи давлатӣ баргузор мегардад. Худи Ҷонибек низ гуфт, онҳо бо заҳмати зиёде толори "Кохи Борбад"-ро барои ҳунарнамоӣ омода карда буданд, вале ночор ба саҳнаи Филармонияи давлатӣ омоданд.

Шоми ҳунарии Ҷонибеки Мурод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00
Линки мустақим


Вай ҳангоме дар саҳна, рӯ ба рӯ бо мухлисонаш сӯҳбат мекард, афзуд, агар дар Филармонияи давлатӣ низ барои баргузории консерташ имкон пайдо намекард, ё дар хиёбон ва ё ҳатто дар кадом таҳхонае ин консертро доир менамуд. Бо ин ҳол, дар ин консерти Ҷонибеки Мурод садҳо ҳаводори оҳангу таронаҳои ӯ иштирок доштанд ва ҳангоми иҷрои таронаҳо бо ӯ ҳамовозӣ мекарданд.

Ин овозхони ҷавони тоҷик дар нахустин консерти худ дар Душанбе чанде аз таронаҳои тозаэҷоди худро, ки бештари онҳо бар пояи оҳангу таронаҳои афғонӣ омода шудаанд, сароид. Ҳамчунин, бо падараш Ҷӯрабеки Мурод низ чаҳор таронаи дуэт ё дугона иҷро намуд. "Вой аз ин мусулмонӣ", "Намедонистам", "Нигорам", "Мастам", "Пир манам, ҷавон манам", "Хазон мерезад", "Замини сахти кӯҳистон"аз ҷумлаи таронаҳое буданд, ки аз сӯи мухлисон истиқболи гарм ёфтанд.

Нахустин консерти Ҷонибек дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим

Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳарчанд баргузории нахустин консерти фарзандаш Ҷонибек дар Филармонияи давлатиро тасодуфӣ донист, вале онро "фоли нек" хонд. Зеро ба гуфтаи ӯ, худаш низ аз толори ин Филармония овозхониро шурӯъ карду ба қуллаҳои баланд расид ва умед дорад, ки Ҷонибек низ ба қуллаҳои баландтари санъат хоҳад баромад.

Ҷонибеки Мурод фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод буда, тақрибан 10 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ ду сол пеш Big Apple Music Award, яке аз ҷоизаҳои мӯътабари мусиқии форсизабонони дунёро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG