Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Владимир Путин баъди 4 соли “танаффус”


Путин ба "ҷои худ" бармегардад ва дар ин “қалъабандӣ”, президенти феълӣ Медведев ба ҷои ӯ сарвазир мешавад.

Албатта, ин ҳама бояд тавассути интихобот қонунӣ шавад, вале баргузории интихоботи озоду пуррақобат ва ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшуда дар Русияе, ки Путин сохтааст, дигар ба як афсона мемонад.

Дар ҳар сурат, боло гирифтани ғаризаи ҳифзи қудрат Путинро
Путин чунин сенарияро танҳо роҳи илоҷ мебинад, чунки метарсад, ки ҳам қудрат, ҳам дороӣ, ҳам тиҷорат ва ҳам озодиашро аз даст хоҳад дод...

акнун ба шумори он ҳокимони худкомаи пасошӯравӣ пайваст, ки асли табдили раҳбар – як унсури асосии низоми демократиро кайҳо зери по кардаанд.

Амонатдории Медведев ва хашми Немтсов

Дмитрий Медведев як навбати дигар хоҳад монд, ё Владимир Путин амонаташро пас хоҳад гирифт? Посухи ин чистони сиёсӣ то анҷумани ҳизби ҳокими Русияи воҳид низ барои касе пӯшида набуд. Қариб ҳама медонист, ки Медведев фақат посбони курсист ва ба муҷарради фароҳам шудани замина, балки баҳонаи қонунии бозгашти Путин тахти раёсатҷумҳурии Русияро бо ҳарду дасти адаб ба устодаш бар хоҳад гардонд.

Аммо боз ҳам аксар дар як гӯшаи қалб ин умедро зинда нигоҳ медоштанд, ки Русия, ба ҳар сурат, як по дар Аврупост ва шояд худи Путин дар ниҳояти амр ба ҳифзи охирин нишонаҳои демократия дар кишвараш иродат кунад. Умеде, ки барбод рафт ва агар Путини феълан дар хонаи 60 ҳарду давраи шашсола дар мақом бимонад, ба ҳамин маъност, ки барои умрбод бармегардад .

Раҳбари мухолифон Борис Немтсов

Борис Немтсов, яке аз мунтақидони сарсахти Путин, бозгашти дубораи ӯро аломати таназзули Русия номид: “Ин бадтарин сенарияи рушди кишвари ман аст. Путин амалан дар беҳтарин сурат ба Лукашенка монанд мешавад ва шояд ба Муборак ё Қаззофӣ табдил шавад. Иваз нашудани ҳукумат аломати таназзули кишвар аст. Ҳатто Чин, ки демократия надорад, ба ҳар ҳол, тартиби табдили ҳокимонашро таҳия кардааст. Аммо Путин чунин сенарияро танҳо роҳи илоҷ мебинад, чунки метарсад, ки ҳам қудрат, ҳам дороӣ, ҳам тиҷорат ва ҳам озодиашро аз даст хоҳад дод. Аммо барои кишвар ин ҳама фалокатбор аст. Медведев худ як сирк аст. Ӯ нишон дод, ки касе нест. Бо чунин шармандагӣ ӯ собит кард, ки ин ҳама сол фақат посбони курсӣ будааст ва президент шуда натавонист. Ҳоло барояш як ҷоиза доданд, вале баъд мисли гурба меандозандаш ва ба ҳар куҷое ки “пахан” фармуд, меравад, ки хидмат кунад. Шармандии тамом аст ин ҳама. Войи Русияи бадбахт!”

Дар поёни даҳаи 90, вақте даврони раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин сар меомад, Борис Немтсов ҳатто қабл аз Путин метавонист, вориси ин тахт шавад. Немтсовро ба ин хотир аз мақоми волии вилояти Нижний Новгород ба Маскав оварда, муовини сарвазир карданд. Аммо Немтсови аз бозиҳои дарборӣ ноогоҳ хеле зуд дар ҳазорхонаҳои Кремл раҳгум зад ва дар пайи талоши нокоми ба мошинҳои “Волга” шинондани мансабдорони аллакай ба зиндагии пуршукӯҳ ва роҳати мошинҳои хориҷӣ одаткарда рӯфта шуд. Интихоби ниҳоии аҳли дарбори вақт сипас рӯи Путин қарор гирифт ва гардиши чарх чунон шуд, ки инак ин яке барои давраи севвуми раёсат омода мешавад ва Немтсовро, ки низ наздик буд ба раёсат бирасад, пулис акнун дар кӯча боздошт ва ҳамчун як авбош зиндонӣ мекунад.

Сарҳанги КГБ

Владимир Путин 7 октябри соли 1952 дар Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ) дар хонаводаи коргарони оддӣ ба дунё омада, риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Ленинград ва Донишкадаи КГБ-ро хатм кардааст. 5 сол ба ҳайси маъмури КГБ дар Ҷумҳурии демократии Олмон хидмат карда, аз соли 1990 ба тими шаҳрдори демократи Петербург Анатолий Собчак пайваст ва то мақоми муовини ӯ сабзид.

Баъди бохти Собчак дар интихоботи соли 1996 ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия гузашт. Соли 1998 раиси ФСБ ва дар

августи соли 1999 сарвазири Русия таъйин шуд. 31 декабри ҳамон сол, дар пайи истеъфои Елтсин ҷойгузини ӯ шуд ва моҳи марти соли 2000 раисиҷумҳур интихоб шуд. Баъди ду давраи раёсат шогирдаш Дмитрий Медведевро ба ин мақом овард ва худ сарвазири ӯ шуд. Рӯзи 24 сентябр дар анҷумани ҳизби Русияи воҳид бори сеюм номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия пешбарӣ шуд.

Путин ва ҳамсараш Людмила ду духтар доранд. Мария 26 сол дошта, дар риштаи биологӣ ва Катеринаи аз ӯ як сол хурдтар дар риштаи ховаршиносии Донишгоҳи Петербург таҳсил мекунанд.

Русияе, ки Путин сохтааст

Дар соли 1999 атрофиёни Елтсин, аз ҷумла Татяна Дяченко – духтари Елтсин – ва сармоядор Борис Березовский, дар муқоиса бо Немтсови саркаш Путинро маҳз ба далели сархам ва гапдаро буданаш вориси тахт интихоб карданд. Путин шахсияти матраҳ ва барои ҷомиа шинохта набуд, вале бо саркӯбии рақибонии билқуввааш – Евгений Примаков ва Юрий Лужков, бо истифода аз силсилаи таркишҳои то ҳол мармузе, ки дар он шабурӯз дар чанд шаҳри Русия рух дод ва бо шурӯи ҷанги дуввуми Чеченистон корзори ӯро чунон сохтанд, ки дар интихоботи соли 2000 ба осонӣ ба пирӯзӣ расид.

Аммо Путин ба муҷарради расидан ба раёсат зуд “дандон баровард” ва бо аз Русия рондани Борис Березовский ва ба зиндон кашондани Михаил Ходорковский боқии сарватмандони русро ҳушдор дод, ки дигар қадам санҷида бардоранд.

Дар аҳди ӯ зимоми умур ва ҳамин тавр, соҳоти пурфоидаи иқтисоди Русия асосан дар дасти собиқадорони КГБ, яъне чекистҳо қарор гирифт ва таҳти шиорҳои зиддиғарбӣ ва бо талаби эҳёи нақши абарқудратии Русия амалан низоми худкома ва олуда ба фасоде рӯи кор омад, ки саҳнаи сиёсиро аз ҳузури аҳзоби дар гузашта қавии мухолиф пок кард ва интихоботи мустақими волиён ва дигар озодиҳои демократиро барҳам дод. Нисфи барномаҳои ахбори телевизионҳои давлатии Русия акнун чун дар даврони СССР иборат аз гузоришҳоест, ки Путин ва Медведев имрӯз чӣ кореро анҷом доданд?

Нафту газ –ҳаёту мамоти ин низом

Низоми “путинӣ” асосан бар пояи нархҳои ҳангуфти нафту газ - ин ду асбоби асосии бозиҳои геополитикии Маскав – бино ёфта, бештар ба суди ёрони чекисти ӯ хидмат мекунад, ки дар ин муддат аксар ба сафи миллиардерҳо пайвастанд. Вале Путин ба фарқ аз Елтсин ба хотири ҳифзи маҳбубияташ маошу нафақаи мардумро ҳам пайваста боло мебурд.

Алексей Малашенко, таҳлилгари Бунёди Карнегӣ дар Маскав, аммо мегӯяд, дар оянда фақат уфти башиддати нархи нафту
Алексей Малашенко

газ метавонад, дасти молии ҳукумати Путинро кӯтоҳ сохта, заминаи эътирозҳо алайҳи ӯро дар Русия фароҳам кунад: “Дар Русия ҳадди ақал дар ояндаи наздик ҳаводисе, чун инқилобҳои арабӣ, рух нахоҳад дод. Аммо агар нархи нафту газ, ки иқтисоди Русия бар пояи он истодааст, фавқулода коҳиш ёфта, боиси бад шудани вазъи рӯзгори бахши аъзами мардум шавад, имкон дорад, ки чунин иттифоқоти ғайричашмдошт пеш биояд. Вале ин бештар марбут ба бозорҳои ҷаҳонист ва дар дасти Худост.”

Чунин эҳтимолро, ки давраҳои нави раёсати Путин метавонад ба эътирозҳо рӯбарӯ шавад, тарафдорони ӯ низ инкор намекунанд. Олга Криштановская, вакили анҷумани ҳизби ҳокими Русияи воҳид мегӯяд, шароити имрӯз аз 12 соли пеш комилан фарқ мекунад ва Путин ҳам хеле пухтатар шуда, он Путини 12 соли пеш нест: “Мардуми мо , ки чанд аср таҳти султаи низомҳои мутлақ ба сар бурдааст, чунин мешуморанд, ки ӯ мустабидест, ки бо чанголҳои оҳанинаш кишварро ба сӯи қафо мебарад ва пеши роҳи демократияро мегирад. Аммо ба назари ман, Путини дуввуми аз Путини аввала фарқ хоҳад кард. Барои онки бо парчамҳои наву шиорҳои нав баргардад, Путин маҷбур аст, дар чаҳорчӯби муайяне рушд кунад. Ин чаҳорчӯб чунин аст: Наметавон дар асри 21 аз Русия як давлати худкомаву инҳисорӣ сохт, чунки ин мунҷар ба хашму эътирозҳо хоҳад шуд.”

Ошӯби Кудрин дар киштии Путин

Путин дар ин 12 сол як муҳити сиёсии чунон ороме сохт, ки дар он ба ҷуз аз як хайли хурди норозиёне, чун Немтсов, зоҳиран касе дигар ёрои сар бардоштанро надорад. Аҳзоби мухолифе, чун Яблоко, ё ҳизби коммунист низ қоидаҳои нави бозӣ дар ин майдонро қабул карда, “аз бинӣ боло” ҳарф намезананд. Мухолифони шинохтае, чун Никита Белихро дар ивази мақоми баланд “хариданд.”

Кремл ба ҳадде густох шуда, ки худ ба сохтани аҳзоби гӯё “мухолиф”, вале амалан идорашаванда пардохт ва ахиран Михаил Прохоровро худ ба сангари мухолифин фиристод, ки тавассуташ ҳизби мухолифи “Правое дело”-ро зери назорат
Вазири пешини молияи Русия, Алексей Кудрин

бигирад. Аммо бо баланд кардани ангушти иттиҳом ба сӯи Владислав Сурков - яке аз ёрони наздики Путин ҷанҷол бардоштани Прохоров ва ба дунболи маълум шудани номзадҳои ояндаи клани ҳоким ба ду мақоми аввал ба як гунаи пурсарусадо истеъфо додани вазири молия Алексей Кудрин ин боварро, ки ҳар навъ имкони эътироз дар сутӯҳи олии сиёсати Русия аз байн рафтааст, ба чолиш мекашонад.

Кудрин қабл аз рафтанаш рӯирост гуфт, ки бо Медведев ихтилофи назар дорад ва дар ҳукумати ӯ кор карданӣ нест. Медведев чунон ба хашм омад, ки истеъфои билофосилаи Кудринро тақозо кард. Путин чун дар мавриди истеъфои Лужков, ки як сол пеш низ бо дасти Медведев анҷом шуд, дар қазияи Кудрин низ ошкоро дахолат накард.

Аммо Николай Петров, таҳлилгари Бунёди Карнегӣ дар Маскав мегӯяд, Владимир Путин мулзам аст, давраи севвуми раёсаташро аз ислоҳоти шадид ва коҳиши имтиёзҳои иҷтимоӣ оғоз кунад, ки ҳатман ба зиёни обрӯи ҳукумат анҷом хоҳад шуд ва баъид нест, агар баъди як ило ду соли дигар Медведев аз сарвазирӣ канор биравад ва ба ҷояш афроде, чун Кудрин, ба мадди аввал биоянд: “Сиёсат дар соли оянда аз ончӣ ки то ҳол мегузашт, хеле фарқ хоҳад кард. Даврони аввали Путин зоҳиран ба поён мерасад ва дар соли 2012 мо шоҳиди ҷӯш задани ҳаёти сиёсӣ хоҳем шуд. Дар ин шароит тақозо ба онҳое меафзояд, ки бо ҳузури давомдор дар саҳнаи сиёсии камҷӯшу комилан таҳти назорати Русия бадном нашудаанд. Ва онгоҳ ниёз ба намояндагони мухолифини дохили низом, ё афроди ангуштнамое, чун Прохоров хеле зиёд хоҳад шуд.”

Ҷоизаи вафодории Медведев

Аммо як шарофате ки ҳатто мунтақидони Путин эътироф мекунанд, вафодории ӯ ба ёронаш аст. Вақте шефи собиқи Путин –Анатолий Собчакро мехостанд боздошт кунанд, Путин, барои мисол, тамоми корро кард, ки ӯро ба хориҷ гурезонад. Медведевро низ дар ивази ҳифзи “амонат”, яъне курсии президентӣ бо пешниҳоди мақоми сарвазир “тақдир” кард. Михаил Касянов, сарвазири собиқи Русия мегӯяд, Путин ҳамин тавр нахоҳад гузошт, ки Кудрин баъди истеъфо ба парвози озод бидарояд ваё ба мухолифин пайвандад. Ба эътиқоди ӯ, ба Кудрин ҳатман мақоми шоистае, барои мисол, раёсати Бонки марказӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Аммо пешниҳоди сарвазирӣ ба Медведев, ба гуфтаи Михаил Касянов, ҷоизаи ҳадди аксаре буд, ки дар баҳои садоқаташ
Михаил Касянов

дарёфт кард: “Инки Медведев ба давраи дуввум нахоҳад рафт, дирӯз ҳалл нашудааст. Путин 3 сол боз ишораҳое мекард, ки ҳатман бар хоҳад гашт. Медведев низ инро хуб медонист, ҳарчанд боз ҳам умед дошт. Тамоми талоши ӯ барои ин буд, ки худро дар чашми Путин одами содиқу вафодор нишон диҳад. Ва инки Медведев дар натиҷаи ин қалъабандии охир ваъдаи мақоми дуввуми Русияро ба даст овард, барояш беҳтарин натиҷа буд. Ҳол онки ӯ ҳатто омода буд ё қозии Додгоҳи Қонуни асосӣ шавад ё ҳатто мударрисӣ кунад. Ва вақте Путин ба ӯ сарвазириро пешниҳод кард, ӯ мисли самоворҳои Тула дурахшид ва аз чунин ранг гирифтани кор хеле хушбахт ба назар меомад.”

Алексей Малашенко аз Бунёди Карнегӣ дар Маскав мегӯяд, Путин амалан ҳатто дар ин 4 соли раёсати Медведев низ раҳбари аввали Русия боқӣ монда буд ва акнун қонунан сози аввал дар умури кишварро ба дасти худ хоҳад гирифт: “Онки Путин интихоботро хоҳад бурд, ҷои баҳс надорад, чунки дар Русия муҳим чигуна райъ додани мардум нест, балки муҳим ин аст, ки орои мардумро кӣ ва чигуна хоҳад шумурд. Кобинаи вазирон низ зери итоати комили Путин амал хоҳад кард, чунки дар ду давраи аввали раёсати ӯ мо чандин сарвазирро дида будем, чун Зубков ё Фрадков, ки нақши амалие дар тасмимгириҳо надоштанд. Медведев низ ғолибан нақши чунин як сарвазири фанниро иҷро хоҳад кард.”

Путин ва Тоҷикистон, Тоҷикистон ва Путин

Дар натиҷаи тарғиботи телевизионҳои русӣ Владимир Путин дар зеҳни бахши аъзами мардуми Тоҷикистон раҳбари қавие зоҳир мешавад, ки гӯё тавонист Русияи дар аҳди Борис Елтсин ба зону даромадаро дубора ба по хезонад. Хабарнигори тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, албатта, дигар касе аз Путин чашмдори ислоҳоти демократӣ нест, вале ҷаҳон мулзам аст, ки бо ӯ як роҳи муомила биҷӯяд: “Дуруст аст, ки Путин шахсияте нест, ки бо роҳандозии унсурҳои демократӣ ном оварда бошад. Ин ҳам дуруст аст, ки
Раҷаби Мирзо

намешавад Путин ва тавонмандиҳоеро, ки Русия дар ин муддат ва асосан дар натиҷаи афзоиши нархи нафт ба даст овард, ҷудо донист. Аммо бо ин вуҷуд, шахсияти ҷаҳонӣ будани Путин, таъсири нуфузи ӯву сиёсати сохтаи ӯ боз ҳам бармегардонад масъаларо сари ин ки як шахсият дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳон метавонад сиёсатҳои дигар бикунад, низомҳоро дигар бикунад ва бардоштҳоро дигар бикунад.”

Аз сӯи дигар, дар Тоҷикистон бедор шудани ҷунбишҳои қавмгаро, назири сартарошидаҳо, ва ба як хатари маргбор барои артиши бузурги муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтани ин тоифаро низ бисёриҳо маҳсули даврони Путин медонанд ва мегӯянд, атрофиёни ӯ масоили қавмиро низ ба як василаи пешбурди сиёсат ва фишор дар қиболи кишварҳои пасошӯравии муҳоҷирфирист табдил додаанд.

Рӯиҳамрафта, Путин баъди 4 соли “танаффус” дар ҳоле ба мақоми аввал дар Русия бармегардад, ки дар равобити Душанбеву Маскав дар солҳои охир мушкилоти зиёди ҳаллношуда ҷамъ шудааст. Ин мушкилот мероси танҳо 4 соли раёсати Медведев нест, балки бархеаш, чун ваъдаи иҷроношудаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтани нирӯгоҳи Роғун бо дасти ширкати РусАл, аз тавофуқотест, ки соли 2004 дар аҳди президентии Путин ва дар музокироти Душанбе бо худи ӯ ба даст омада буд.

“Равобит дар аҳди Путин беҳтар нахоҳад шуд”

Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стротегӣ, вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Путин ҳатман бо сиёсати худ бармегардад, ки бештар мабнӣ бар шеваҳои фишору зӯрист. Ба ақидаи оқои Сатторзода, равобити Тоҷикистону Русия бо бозгашти Путин беҳтар нахоҳад шуд: “Ман нигаронӣ аз он
Абдунабӣ Сатторзода

дорам, ки сиёсати хориҷии Русия боз ҳам бештар бар асоси зӯрӣ ва фишор қарор хоҳад гирифт. Чунки чунин сиёсат, ки нисбат ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар ин чанд соли охир дошт, аз замони Путин шурӯъ мегирад. Дар аҳди Медведев ин сиёсат танҳо идома ёфт, балки як андак заиф ҳам шуда буд. Вале баъди бозгашти Путин, гумон мекунам ки фишорҳо бештар хоҳад шуд. Ва табиист ки дар ин ҳолат равобиту ҳамкорӣ беҳтар нахоҳад шуд.”

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, мақоми 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия, исрори Маскав ба бозгашти марзбонҳояш ба марзи Омӯ ва шароити тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар аҳди Путини ҷадид низ аз қартаҳои умдаи бозӣ дар равобити Душанбеву Маскав боқӣ хоҳанд монд. Раҷаби Мирзо аммо мӯътақид аст, ки дар равобити Тоҷикистону Русия бо рафтани Медведев ва омадани Путин тағйири чандоне рух нахоҳад дод: “Алакай баъд аз омадани Путин дар соли 2000, Русия дигар кишваре нест, ки бо ба сари қудрат омадани нафари дигар низомаш тағйир биёбад, мавзеъаш дигар шавад, ҳадафҳояш тағйир биёбад. Бино бар ин, ман фикр мекунам, муносиботи Душанбеву Маскав дигар ба он вобастагӣ надорад, ки дар сари қудрати Кремл Путин хоҳад омад, ё Медведев, ё ҳар каси дигар. Вале барои Маскав шояд суоли асосӣ ин бошад, ки оё барои онҳо кӣ мувофиқ ҳаст, ки дар Душанбе бо онҳо кор бикунад.”

Аввали гиребони худ бибӯ...

Ба назари бархе таҳлилгарон, бо ризоият ба даври севвуми раёсат Владимир Путин низ пой ба роҳе гузошт, ки низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ дунбол мекунанд ва ӯ ҳам акнун ба маҳфили ҳокимони дарозумри пасошӯравӣ пайваста, дигар ҳаққи ба масоили ҳуқуқи инсон ё нақзи озодиҳои демократӣ таъна задани ин низомҳои ҷамъшуда дар меҳвари Маскавро аз даст медиҳад.

Аммо таҳлилгари тоҷик Абдунабии Сатторзода мегӯяд, Русия ҳеҷ гоҳ дар сиёсати хориҷиаш ба чунин масоил таваҷҷӯҳ намекард, ки акнун кунад. Ба ақидаи ӯ, сиёсати Русия дар Осиёи Марказӣ як сиёсати ҳисобшуда нест, балки конъюктурӣ, ё худ изнулвақтист, ки такяи бештар бар зӯр ва ҳузури низомиаш дар ин минтақа мекунад: “Русия ҳеҷ вақт ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ надошт. Бештари

ҳамкориҳое, ки бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дорад, низомист. Ва гумон намекунам, ки Русия ин сиёсаташро моҳиятан дигар кунад. Парвои риояи ҳуқуқи башар надорад. Бештар таваҷҷӯҳ мекунад ба онки ин ё он ҷумҳурӣ ва хосатан раҳбари он ҷумҳурӣ, ба Русия эътиқод дорад ё на, сари фармон фуровардааст ё на, забони русио оё медонад ва ин забонро таблиғ мекунад ё на, бечунучаро аз сиёсатҳои Русия дар ҷаҳону дар минтақаро тарафдорӣ мекунад ё не. Ин аст мағзу ҷавҳари сиёсати хориҷии Русия дар минтақа.”

Рӯи “дарзмолхӯрда” ва сари бемӯи Путин

Владимир Путин акнун бо як симои ғолибан бо ботакс “дарзмолхӯрда”-ву ҷавонтаршуда роҳии интихобот мешавад. Расонаҳои расмӣ ҳамчунон аз ӯ симои як марди қавии варзишӣ ва ба истилоҳ “мачо”-ро метарошанд, ки ба маҳбубияташ дар байни мардум биафзоянд.

Аммо ба навиштаи як нашрияи ғарбӣ, бозгашти Путин боз як қоидаи қадим дар таърихи ҳокимони Русияро таъйид мекунад, ки баъди як ҳокими хушмӯ дар ин кишвар бояд ҳатман як тоссар биояд. Ленинро, ки пешонааш мӯ надошт, қарори маълум, Сталини хушмӯ иваз кард, ба ҷои ӯ Хрушёв омад, ки дар сар як мӯ ҳам надошт. Ва ҳамин тавр, ин қоида то аҳди Медведев ҳамеша муроот шудааст ва акнун Медведев, ки мӯи ғулӣ дорад, курсиро ба Путин баргардонд, ки мӯяш аз ноҳияи пешонаи сар хеле рафтааст.
XS
SM
MD
LG