Созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва Русия дар як пажӯҳиш ба натиҷае расидаанд, ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон ҳамоно қурбонии қочоқи инсон ва истисмору ғуломдории навин мешаванд, ҳуқуқи онҳо аз тарафи корфармоҳои давлатӣ ва хусусӣ поймол мешавад ва онҳо аз ҳимояти ҳукумати худ маҳруманд.
Ин бори аввал аст, ки бо ташаббуси созмонҳои ғайридавлатӣ дар Машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава вазъ ва ҳуқуқи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Федерсиюни Русия баррасӣ шуд. Пажӯҳишро созмони Маркази Ҳуқуқи Башари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо “Перспектива Плюс” ва “Мемориал”-и Русия таҳия кардааст.
ҚИССАҲОИ ҒАМАНГЕЗИ МУҲОҶИРОН
Дар арафи пахши ин гузориш видео-журналситони Радиои Озодӣ низ ба пажӯҳиши он пардохтанд ва бо аҳли хонадони муҳоҷирон, намояндагони ниҳдоҳои давлатӣ, порлумон, шаҳрвандони одӣ муроҷиат карданд, то воқеияти масъаларо рӯшан кунанд. Ин гузориши видеоиро бубинед:
Масъалаи ҳуқуқи муҳоҷирон як мавзӯъи баҳс дар нишасти солонаи 56 кишвари узви САҲА дар Варшава, пойтахти Лаҳистон шуд. Гузориши марбут ба муҳоҷиронро Федератсиюни байналмилалии ҷомеаҳои ҳуқуқи башар пешниҳод ва муаррифӣ кард.
МУҲОҶИРАТ ҲАМЧУН МОНЕАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Яке аз муаллифони ин гузориши 35-саҳифагӣ мегӯяд, Тоҷикистон барои судури нерӯи кории худ баҳои гароне мепардозад. Дар сӯҳбат бо Амодин Ғӯгаме, ки тобистони имсол дар Тоҷикистон будааст, нахуст пурсидем, ки ин баҳо чӣ андоза бузург аст?
Амодин Ғӯгаме: "Нахуст мехоҳам, бигӯям, ки як баҳои содироти нерӯи корӣ аз Тоҷикистон, рушд накардани кишвар аст. Ин як ҳалқаи сарбаста аст, зеро мардум бинобар набудани ҷойи кор аз Тоҷикистон мераванд ва наметавонанд, дар дохили кишвар кору сармоягузорӣ ва рушд кунанд. Дуввум ин ки ҳатто агар дар стротежии кишвар, содироти нерӯи корӣ пешбинӣ нашудааст, вале ҳоло ҳамин муҳоҷирони корӣ дар Русия ба яке аз манобеъи аслии даромади кишвар табдил шудаанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, баҳои рамзие, ки Тоҷикистон дар ивази содироти нерӯи кории худ мепардозад, баҳои иқтисодӣ ва баҳои иҷтимоӣ аст, ки мардуми тоҷик онро мепардозанд."
Пурсиш: Лутфан доир ба натиҷаҳои пажӯҳиши худ доир ба ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегуфтед?
Амодин Ғӯгаме: "Ба андешаи ман, нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои аксарият маълум аст, вале метавонам, дигарбора ёдовар шавам, ки мушкили аввал напардохтани музди кори муҳоҷирон аст. Масъалаи гирифтани музди кор барои муҳоҷирон печидатар мешавад, зеро миёнаравҳо ва ё ширкатҳои миёнарави зиёд аст, ки байни коргар ва кордиҳандаҳои воқеъӣ миёнаравӣ мекунанд ва пул ба дасти муҳоҷир намерасад. Яке аз мушкилоти аслӣ ҳамин аст. Дигар мушкили сахт ҳуқуқи иҷтимоиву фарҳангии муҳоҷирон ба мисли ҷойи иқомат, вазъи сиҳатии онҳост. Масъалаи дигари мояи нигаронии ҷиддии мо хушунат ва ё бегонаситезӣ алайҳи муҳоҷирони корӣ дар Русия аст."
КУШТОР, ЛАТУКӮБ, ТАҲҚИР ВА ТАВҲИНИ МИЛЛӢ
Пурсиш: Метавонед, роҷеъ ба ин масъалаи доғ, ки матбуоти Тоҷикистон ҳам доир ба он тақрибан ҳар ҳафта менависад, бештар бигӯед?
Амодин Ғӯгаме: "Бегонаситезӣ дар Русия рӯ ба афзоиш дорад ва бисёриҳо дар ин бора медонанд. Ва яке аз қазияҳое, ки мо дар гузориш зикр кардем, қазияи чаҳор бародари тоҷик аст, ки ба яке аз онҳо, дар боғе дар шаҳри Санкт Петербург сартарошидаҳои рус дарафтоданд ва ӯ бо кӯмаки бародаронаш аз чанголи онҳо халос шудааст. Вале маъмурони пулис яке аз бародарони ин муҳоҷирро боздошт карда ва бо иттиҳоми истифода аз хушунат алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ҳеҷ коре барои муҳокима ва ҷазо додани скинхедҳо анҷом надодаанд. Ин танҳо як қазия аст ва аз ингуна қазияҳо зиёданд ва ин мушкилро на танҳо муҳоҷирони кории тоҷик, балки муҳоҷирони дигар кишварҳо низ доранд."
ТОҶИКИСТОН МУТАХАССИСОНАШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД
Пурсиш: Дар бахше аз гузориши шумо доир ба таъсири бади муҳоҷират ба ихтисоси муҳоҷирони тоҷик низ гуфта шудааст, ки баъзеи онҳо маҳорати касбии худро гум мекунанд? Инро ҳам шарҳ медодед?
Амодин Ғӯгаме: "Мардум бо сабабҳои иқтисодӣ, маҷбур мешаванд, кишвари худро тарк кунанд ва кореро меёбанд, ки пасттар аз сатҳи ихтисоси онҳост. Масалан намунаҳои зиёде ҳаст, ки омӯзгорони мактабҳо меоянд ва дар сохтмонҳо кор мекунанд. Албатта ин муаллимон маҳорати касбии худро аз даст медиҳанд, шояд ҳунари дигар масалан дар арсаи сохтмон ёд бигиранд, вале вақте ба Тоҷикистон бармегарданд, сатҳи пасти ихтисоси онҳо дар маҷмӯъ метавонад, сабаби поин рафтани сатҳи умумии дониш дар тамоми кишвар шавад, ки ин ҳам як мушкили дигар аст."
ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?
Пурсиш: Ва давлати Тоҷикистон чӣ бояд кунад, то баҳое, ки дар ивази содироти нерӯи корӣ мепардозад, камтар шавад?
Амодин Ғӯгаме: "Мо дарёфтем, ки давлати Тоҷикистон ин мушкилро дарк мекунад ва барои ислоҳи вазъ тадобиреро амалӣ мекунанд, вале ба андешаи мо ин тадобир асосан рамзӣ аст. Аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират таъсис дод, то нишон бидиҳад, ки масъалаи муҳоҷират, масъалаи ҷиддӣ аст. Қонунҳои наве ҳам дар иртибот ба муҳоҷират таҳия шудаанд, ки ба дасти порлумон хоҳанд расид. Қонунҳои Тоҷикистон барои гунаҳкорони қочоқи инсон ва ё нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҷазо таъйин кардааст ва дар маҷмӯъ заминаҳои қонунӣ барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон вуҷуд дорад. Мушкил дар чаҳорчӯбаҳои қонунӣ нест, мушкили воқеъӣ он аст, оё давлати Тоҷикистон иродаи сиёсӣ дорад, то барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар баробари Русия истодагарӣ кунад?"