Пажӯҳиши ин донишмандон ба хулосае овардааст, ки дар фазо зарраҳои хурде вуҷуд доранд, ки суръати онҳо аз суръати нур ҳам бузургтар аст.
Донишмандони Муассисаи аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ, воқеъ дар Швейтсария мегӯяд, онҳо ҳаракати пораҳои аз атом хурдтарро таҳқиқ ва сабт кардаанд, ки суръати он аз нур ҳам бузургтар аст. Ин пораҳоро нейтрино ном гузоштаанд.
ОЁ ФАРЗИЯИ ЭНШТЕЙН БЕЭЪТИБОР МЕШАВАД?
Ин кашфиёт ва таъсири эҳтимолии чунон такондиҳанда аст, ки ҳатто худи муаллифон ба он бо назари шубҳа менигаранд.
Хуллас, агар натиҷаи пажӯҳиш собит шавад, назарияи нисбияти Алберт Эйнштейн, ки дар соли 1905 кашф шудааст, аз эътибор соқит хоҳад шуд. Бар пояи назари Эйнштейн, чизе аз суръати нур тезтар ҳаракат карда наметавонад.
Ҳамин тариқ донишмандони аврупоӣ хулосаҳои кори сесолаашонро ба олимони физикаи саросари олам ирсол намуда, хостаанд, ки онҳо дар ин бора фикрашонро ошкор кунанд.
Ҷеймс Ҷил, сухангӯи Муассисаи аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ мегӯяд, аксари донишмандони олам бар ин назаранд, ки таҷҳизоти озмоишгоҳ камбудӣ дорад ва ё муассисаи аврупоӣ дар ҷамъи иттилоъ ба хато роҳ додааст. Ҷил меафзояд, барои рафъи шубҳаҳо, донишмандони аврупоӣ аз ҳамтоҳои хориҷиашон таҳқиқи хулосаҳои озмоишашонро дархост намудаанд.
НУР Ё НЕЙТРИНОС?
Пажӯҳишгарони маркази “Фермилаб”-и шаҳри Чикагои ИМА ба таҳқиқи хулосаҳои донишмандони аврупоӣ шурӯъ кардаанд. Аслан ин марказ дар соли 2007-ум ҳангоми омӯзиши нейтринос ба хулоса омада буд, ки ин пораҳои хурд аз суръати нур ҳам тезтар ҳаракат мекунанд, яъне суръати онҳо аз 299 ҳазор километру 792 метр дар як сония бузургтар аст. Вале дар пажӯҳиши донишмандони “Фермилаб” камбудиҳои зуҳур намуданд, ки натиҷаи корашонро зери суол гузошт.
Сухангӯи Муассисаи аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ таъкид мекунад, ки ходимони масъули озмоиш борҳо натиҷаи корашонро бознигарӣ карда, кӯшиш карданд, хурдтарин камбудиро ошкор кунанд: “Назарияи нисбият озомиши вақтро дар тӯли як аср пушти сар кард. Онро ҳам мардум борҳо озмоиш карда буданд. Мардум муддати тӯлонӣ назарияи нисбиятро мавриди озмоиш қарор дода буданд ва чизе пайдо накарданд, ки аз суръати нур тезтар ҳаракат кунад. Натиҷагирии мо хилофи назари онҳост. Аммо он чунин маъно надорад, ки хулосаи мо ғалат аст. Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки шояд ягон тафсири дигари ин ҳодиса имконпазир аст.”
Ҷил меафзояд, агар кашфиёти олимони аврупоӣ аз ҷониби пажӯҳишгарони мустақил тасдиқ шавад, аксари кашфиёти асри гузашта ва усули илми физика ба ваҷҳи умум тағйир хоҳад ёфт.