Ёдовар мешавем, ки Олимҷон Рафиков бохтҳои ахири дастаи «Истиқлол»-ро дар сабқат барои Ҷоми раиси AFC ҷурми худ номид. Ӯ дар нишасти хабарие пас аз бозии дастаи «Истиқлол» дар даври дуввуми Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё дар Тайван, ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт ва қаҳрамони Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум кард, гуфта буд: «Бозии мо дар сабқати Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ғайриқаноатбахш буд ва масъулияти он пеш аз ҳама бар дӯши ман, сармураббии даста аст. Барор танҳо насиби қавитаринҳо мешавад. Дар футбол кори онҳое барор мегирад, ки тартибу интизоми қавӣ доранд. Пас, кори ман дар куҷое мукаммал набуд ва ман натавонистам, бозигарони худро ба мубориза омода кунам. Бинобар ин ман аз мақоми сармуррабии дастаи «Истиқлол» истеъфо медиҳам.»
Бино бар хабари торнамои дастаи «Истиқлол», Шоҳрух Саидов, президенти ин бошгоҳ гуфтааст: “Дастаи мо ба финали Ҷоми раиси АФК баромада натавонист ва ин, албатта, нохуш аст, вале аз ин набояд фоҷиа сохт. Ҳамаи дастаҳо ба нобарорӣ дучор мешаванд. Мутаассифона, дастаи мо низ ба чунин ҳолат рӯбарӯ шуд. Иллати ин
ҷадвали танги бозиҳост. Бозигарони мо ҳамзамон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 ва бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ширкат доштанд. Дар бозии аввал бо қаҳрамони Тайван шароити номусоиди обу ҳаво ба бозии бачаҳои мо таъсири манфӣ расонд. Дар бозӣ бо футболбозони туркман бачаҳои мо бартарии комил доштанд, вале лаҳзаҳои голзаниро истифода карда натавонистанд ва дар баъзе мавридҳо корамон омад намекард.”
Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, роҳбарони клуб ба Олимҷон Рафиков ва ситоди мураббиён комилан бовар доранд: “Мо истеъфои Рафиковро напазируфтем. Фикр мекунам, бо ҳамин ин масъала қатъ меёбад. Бовар дорам, ки нокомӣ дар Ҷоми раиси АФК аъзои дастаро барои иҷрои вазифаи асосии мавсим – пирӯзӣ дар чемпионати миллии кишвар боз ҳам муттаҳид месозад.”
Олимҷон Рафиков, собиқадори футболи тоҷик ва яке аз дастпарварони дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ахиран ҳамчунин тими мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар кӯтоҳтарин фурсат ба бозӣ бо тими Узбакистон ва Кореяи Шимолӣ омода кард, ки ҳарду бозиро дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби камтарини 0:1 бохт. Аммо мухлисон ва мутахассисони футбол ин бохтҳоро табиӣ ва пешгӯишаванда номида, аз маҳорати тренерии Рафиков ситоиш карда буданд.