Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаи 5%-ии интихоботи порлумонӣ коҳиш хоҳад ёфт?


Монеаи 5 дарсадӣ барои ворид шудани аҳзоб ба парлумон бояд поин оварда шавад ва ё дар соҳиб шудани бештар аз 50% аз курсиҳо маҳдудият бояд ҷорӣ кард.

Ин нуктаҳои аслии мавзӯи баҳси миёни намояндагон аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон дар маркази САҲА буд. Ин нишаст ба манзури баррасии гузорише роҷеъ ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти аҳзоб ва маҳдудиятҳои мавҷуд дар роҳи фаъолияти гурӯҳҳои сиёсӣ баргузор шуд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, таҳқиқот собит кардааст, ки ба манзури ислоҳи мавҷуд ва фароҳам овардани бистари муносибтар барои аҳзоби сиёсӣ ва ширкати онҳо дар интихобот, зарур аст бархе ислоҳот амалӣ шавад. Аз ҷумла,
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон

коҳиш додани монеаи панҷдарсадӣ барои вориди парлумон шудани аҳзоби сиёсиро муаллифони ин таҳқиқот яке аз роҳҳои бештар ҷалб шудани аҳзоб ба умури сиёсӣ унвон кардаанд.

Оқои Маҳмадазимов мегӯяд: «Мо пешниҳод мекунем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз инҳисори қудрат дар парлумон, бояд монеаи панҷдарсадии вуруди аҳзоби сиёсӣ ба МН то се дарсад коҳиш дода шавад. То аҳзоби дигар низ имкон пайдо кунанд, ки дар парлумон намоянда дошта бошанд».

Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир бар асоси қонуни мавҷуд, аҳзобе метавонанд вориди парлумон шаванд, ки дар интихоботи умумӣ бештар аз панҷ дарсади орои умумии интихобкунандагонро соҳиб шаванд.

Сӯҳроб Шарифов, мудири МТС назди ПТ низ, ки дар ин нишаст суханронӣ дошт, мегӯяд, коҳиши монеаи вуруди аҳзоб ба парлумон аз 5 то 3 дарсад метавонад ба ҷалби бештари аҳзоб ба парлумон, таъмини усулҳои демократӣ
Сӯҳроб Шарифов

мусоидат кунад ва аз сӯи дигар ба меъёрҳои байналмилалӣ низ мутобиқ бошад. Оқои Шарифов мегӯяд: «Ман ҷонибдори он ҳастам, ки меъёри гузаштани аҳзоб тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз ҳам пасттарин шавад. Мумкин се фоиз, ҳатто ду фоиз шавад. Ин ҷо ягон ҷои тарсу ҳарос нест».

Аммо бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ чунин мепиндоранд, ки коҳиши монеъаи панҷдарсадӣ наметавонад ба монополия ё инҳисори парлумон аз ҷониби як ҳизб поён диҳад. Балки бояд дар мизони болои вуруди намояндагони як ҳизб ба парлумон монеъа ҷорӣ кард.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, ки коҳиш додани монеъаи панҷдарсади ҳатто камтар аз се дарсад ҳам наметавонад ба демократи шудани парлумон кӯмак кунад. Зеро дар он сурат ҳам як ҳизби ҳоким метавонад ва ҳақ дорад, ки 50 60 ва ҳатто 90 дарсади курсиҳоро азони худ кунад. Ӯ мегӯяд, бояд дар теъдоди воридшавӣ маҳдудият ҷорӣ намуд, ки як ҳизб ҳаққи соҳибии бештар аз 50 ё шаст дарсади курсиҳои парлумонро нахоҳад дошт. Он гоҳ мегӯяд ӯ, имкони ҷилавгирӣ аз монополияи МН тавассути як ҳизб мешавад ҷилавгирӣ кард.

Оқои Зоиров гуфт: «Қонунгузорӣ дар бораи зидди инҳисорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ягон мақомот аз панҷоҳ дарсад зиёд дар ихтиёр дошта наметавонад. Агар болояш то навад фоиз ҳаққи гирифтани овозҳоро дошта
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ

бошаду аз поин фақат се фоизро, ҳеҷ аҳамияте надорад. Бояд аз боло маҳдудият ҷорӣ кард, ки масалан ягон ҳизб аз масалан 61 фоиз зиёд ҳаққи гирифтан надорад. Он гоҳ 39 фоизи дигар хоҳ нохоҳ миёни дигар аҳзоб тақсим мешавад. Он гоҳ мумкин аст аз инҳисори як ҳизб дар парлумон ҷилавгирӣ кард».

Дар ҳоли ҳозир ҳизби ҳокими ҲХДТ ҳудуди 75 дарсади курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад. Дар парлумон ба ҷуз ҲХДТ, инчунин ду намояндагӣ аҳзоби исломӣ, коммунистӣ, кишоварзӣ ва як намоянда ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дорад. Инчунин 10 нафар аз намояндагон ба шумули раиси МН Шукуҷон Зуҳуров даъво доранд, ки тобеъияти ягон ҳизби сиёсиро надоранд.

Аммо боз ҳам чанд нуктаи дигар, аз ҷумла доштани маълумот олӣ барои номзадӣ дар интихобот, гаравпулии беш аз ҳадд, ки ҳатто ба гуфтаи намояндаи БДИПЧ болотарин гарави интихоботӣ дар дунё аст аз монеъаҳои дигари муғойир ба санадҳои байналмилалӣ ва қобили ислоҳ унвон шуданд.

Аммо дар ин миён пешниҳоди Исмоил Талбаков, намояндаи ҲКТ ин буд, ки давлат бояд фаъолияти аҳзоби сиёсиро сармоягузорӣ кунад, то зарурате барои маблағгузории аҳзоб аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба миён наояд. Ӯ ҳатто гуфт, ки чаро
Исмоил Талбаков, намояндаи ҲКТ

САҲА ба ҷои нашри дастуру воситаҳое, ки хонанда надоранд аҳзоби сиёсиро сармоягузорӣ намекунад? Дар ҳоле, ки САҲА ҳақии сармоягузории аҳзоби сиёсиро надорад ва дар навбати худ ҳизби сиёсӣ низ ҳаққи дарёфти кӯмак аз созмонҳои хориҷиро надорад.

Аммо боз ҳам, ба гуфтаи коршиносон, ҳукумати Тоҷикистон медонад, ки ислоҳи монеъаи панҷдарсадии вуруди аҳзоб ба парлумон ва ҷорӣ кардани маҳдудият дар вуруди намояндагон ба маҷлис аз шароитест, ки дар рӯбарӯи интихоботи ояндаи маҷлис матраҳ мешавад. Вале акнун маълум аст, ҳукумат коҳиши монеаро назар ба ҷорӣ кардани маҳдудият тарҷеҳ медиҳад.
XS
SM
MD
LG