Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асардуздии боз як раисиҷумҳур кашф шуд


Нависанда Виктор Янукович
Нависанда Виктор Янукович

Акнун Янукович низ ба маҳфили назму наср ва шеъру суруди Бердимуҳаммадов ва Назарбоев шомил шуд.

Созмони бонуфузи австриягии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф эълом дошт, ки дар китоби нави раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович плагиат ё асардуздӣ ба мушоҳида расидааст. Қаблан чунин иттиҳом дар
Аъзои ин иттиҳодия аз матбуоти ғарбӣ огоҳ шуданд, ки китоби Янукович бо дуздии асари дигарон омодаи чоп шудааст ва биноан, тасмим гирифтанд, онро ба феҳраст шомил накунанд...

мавриди президентҳои дигари қаламрави пасошӯравӣ низ садо додааст.

Китоби Янукович “Украина – кишвари имкониятҳо” ба забони англисӣ дар нашриёти «Манделбаум Верлаг»- и Австрия аз чоп баромад. Онро ҳамчун “як раҳнамо барои соҳибкорони эҳтимолӣ” пешниҳод мекунанд.

Герҳард Руис, намояндаи Ҷомеаи нависандагони Австрия гуфт, аъзои ин иттиҳодия аз матбуоти ғарбӣ огоҳ шуданд, ки китоби Янукович бо дуздии асари дигарон омодаи чоп шудааст ва биноан, тасмим гирифтанд, онро ба феҳраст шомил накунанд. Ҳамчунин ин китоб ба Намоишгоҳи байнулмилалии Франкфурт дар моҳи октябри соли равон роҳ дода нахоҳад шуд.

Нахустин иттилои плагиат дар китоби раҳбари Украина дар рӯзномаи «Украинская правда» мунташир шуд. Рӯзнома навишт, ки дар ин китоб бидуни ишора ба манбаъ порчаҳое аз матолиби чандин журналисти украин, осрои сиёсатмадорон, олимон ва ҳатто корҳои дипломии донишҷӯён ҷой ёфтаанд.

Сардабири маҷаллаи «Корреспондент» Виталий Сыч навишт, дар ҳайрат мондааст, ки президент дар марвиди комёбии ислоҳот дар Ҳонгконг ва Сингопур бо ӯ комилан ва ҷумла ба ҷумла ҳамфикр будааст.
Мушовири Янукович дар масъалаҳои башарӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ Анна Герман чунин матолибро рад кард ва онҳоро “иғво” номид.

Аммо дертар тарҷумон Константин Василкевич, ки китобро ба англисӣ баргардондааст, гуноҳро ба гардани худ гирифт. Вай гуфт, ба хотири осонхон шудани асар бо салоҳдиди худ баъзе аз ишораҳоро ба матни муаллифони дигар ихтисор кардааст.

Герман баъдҳо худро муттаҳам кард, ки бе хондани матни англисии китоб дар мулоқот бо донишҷӯён дар ин бора изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи Руис, ин айбномаҳо бояд мӯйшикофона таҳқиқ шавад. Махсусан дар ҳоле ки Украина даъво дорад, ки ба Иттиҳоди Аврупо шомил гардад. Вай ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти украин бо ҳар васила озодии матбуотро маҳдуд мекунанд.

“Мо дар Австрия аллакай даҳсолаҳост аз озодии матбуот ҳимоят мекунем ва наметавонем, бигӯем, ки аз дигарандешони Чин пуштибонӣ мекунему аз ҳамкасбони худ дар Укрина не. Ин ғайри қобили қабул аст,” – мегӯяд Руис.

Янукович аввалин раисиҷумҳури пасошӯравӣ нест, ки ин гуна шармсор мешавад. Ҳамагӣ як моҳ пеш маълум шуд,
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳурри Туркманистон

ки президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов эълом дошт, ки таронаи эҷодкардаи худро сурудааст, вале маълум гашт, ин нусхаи таронаи машҳури тӯёна аст.

Маълум аст, ки дар ҷамоҳири шӯравии собиқ бо имзои президентҳо китобҳои зиёде мунташир мешавад. Онҳоро асосан ёварон ва мушовирони президентҳо менависанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳисоби миёна дар ҳар 16 моҳ як китоб нашр мекунад. Маълум аст, ки аксари онҳо фармоишӣ ва дастурӣ буда, аз тарафи гурӯҳи мансабдорон ва журналистон омода мешаванд ва дар ҳар кори дастҷамъона имконияти асардуздӣ ваз кори шахси танҳо дида бештар аст.

Аммо Назарбоевро расман на барои асардуздӣ дар даҳҳо китобаш, балки барои як тарона айбдор карданд. Нашрияи мухолифи «Дат» кашф кард, ки таронае бар матни шоири шинохта Туманбой
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Молдагалиев баъдан ба номи Назарбоев “нависонда” шуд. Баъд аз як матлаби расвокунанда ва серқаламфур, муаллифи ибтидоӣ мавзӯъро шаҳр дод ва эълон кард, ки вай ин шеърро ба раисиҷумҳур тақдим кардааст.

Назарбоев инчунин ҳаммуаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки дар заминаи як шеъри каме ислоҳшудаи машҳури солҳои 1950 бо номи “Қазоқистони ман” сохта шудааст. Ба ҳайси далели муаллифии Назарбоев акснусхаи дастнависе низ нашр гашт, ки бо дасти худи ӯ ислоҳ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муаллифи даҳҳо китоб аст ва он чӣ ҷолиб ба назар мерасад, сабкҳои комилан фарқкунандаи ҳар яке аз ин китобҳост. Машҳуртарин китоби президенти тоҷик, ки дар беҳтарин ва гаронтарин нашриёти Лондон ба чоп
расидааст, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ном дошта, тақрибан ба ҳамаи ҳайатҳои хориҷие, ки ба Душанбе сафар мекунанд, тақдим мегардад. Дар ин асари пажӯҳишӣ аз даҳҳо асари бостонӣ ва муосир нақли қавл шудааст ва хонанда дар ҳайрат мемонанд, ки раисиҷумҳури як кишвар бо ин ҳама серкорӣ фурсат доштааст, ин қадар китобу рисолаҳои зиёдро мутолиа ва аз онҳо ҷумлаву ибораҳоеро гирдоварӣ карда бошад.
XS
SM
MD
LG