Фаъоли сиёсӣ ва узви гурӯҳе, ки “Ҳизби демократии Эрон” номида мешавад, бо иттиҳоми ба хатар андохтани амниятии миллии Эрон 30 шаллоқ хӯрд.
Кумитаи дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ аксҳои Фараҷиро баъди иҷрои ҳукм дар торнамои худ нашр намуд. Фараҷӣ, бино бар хабарҳо, ҳамчунин ба се соли зиндон маҳкум шуд.
Дар тафовут бо шаллоқи як хонум -- пажӯҳишгари улуми иҷтимоӣ, ки ҳафтаи гузашта иттифоқ афтод ва сару садои зиёде ба бор овард, ҳукми Фараҷӣ ғолибан аз назарҳо дур монд.
Чандин нафар аз ҳомиён ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон солҳои охир ба шаллоқ маҳкум шуданд. Танҳо шумори ками чунин ҳукмҳо баъдан бекор шуд.
Соли 2008 ба камияш ҳашт коргар барои ширкат дар таҷлил аз Рӯзи якуми май ва даъват ба ҳуқуқи бештар бо иттиҳоми “ноором кардани назми иҷтимоӣ ва ширкат дар ҷамъомади беиҷоза” шаллоқ хӯрданд.