Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои СПАД дар Лоҳур. Размоиш алайҳи ситезаҷӯён


Нерӯҳои зудамали СПАД барои бартараф кардани ҳар гуна хатари дохиливу хориҷӣ дар кишварҳои узв омода ҳастанд.

Александр Ленсов, сарвари ситоди машқҳои низомии ин нерӯҳо таҳти унвони «Марказ -2011», ки дар размоишгоҳи Лоҳур, 25 - километрии пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, бо ишора ба ин матлаб гуфт, ҳадафи ин размоиш муқобала бо гурӯҳҳои эҳтимолии ғайриқонунии мусаллаҳ аст, аммо дар кул ҳадафи ин нерӯҳо дифоъ аз амнияти кишварҳои узв аст.

Ӯ афзуд: "Пас аз он ки созишнома ба имзо расид, нерӯҳои зудамал ё КСОР-и Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ташкил шуданд ва бо қарори

сарварони кишварҳо дар ин ё он кишвар истифода мешаванд, ҳатто ин суол матраҳ нест, ки онҳо метавонанд ё наметавонанд истифода шаванд. Агар онҳоро истифода наметавон кард, пас аҳамияти КСОР ва Созмони амнияти дастҷамъӣ аз миён меравад."

"БА ВАЗЪИ ДОХИЛИИ КИШВАРҲО ДАХОЛАТ НАМЕКУНЕМ"

Генерали рус дар ҳоле изҳори назар мекунад, ки дар гузашта нерӯҳои зудамали СПАД дар ноамниҳои тобистони соли 2010 дар Қирғизистон ва ҳам тирамоҳи ҳамон сол дар шарқи Тоҷикистон ширкат накарданд.

Александр Ленсов дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, нерӯҳои СПАД танҳо он лаҳза ба вазъи дохилии кишварҳои узв дахолат мекунанд, ки қарори муштараки сарварони онҳо гирифта шавад, аммо раҳбарони ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон чунин даъватеро аз ҳамтоёни худ дар созмон ба амал наоварда буданд.

Размоишҳои муштараки Лоҳур
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00
Линки мустақим


Як нафар аз масъулини нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, баён дошт, ки дар ҳаводиси маълуми соли гузашта дар шарқи кишвар, Тоҷикистон ба ҳеҷ як кӯмаке аз хориҷ эҳтиёҷ надошт ва кӯмак дар ҳоле пурсида мешавад, ки ба истиқлолияти кишварҳо таҳдиди ҷиддие пеш ояд.

СПАД ВА МАРЗҲОИ НОАМН БО АФҒОНИСТОН

Размоиши ситодҳои фармондеҳии нерӯҳои зудамал ё КСОР -и Созмони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ аз 19 то 22 сентябр баргузор мешаванд ва дар он ба истиснои Ӯзбакистон, 6 узви созмон - Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қирғизистон, Арманистон ширкат мекунанд.

Вуқӯъи ин машқҳои низомӣ ба замоне рост меояд, ки нерӯҳои НАТО то соли 2014 марзи Афғонистонро тарк мекунанд ва бахусус, аз Маскав сарусадоҳо дар бораи ташаннуҷи вазъ ва фаъол шудани размандагони исломӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва Узбакистон сӯҳбат мекунанд.

Александр Ленсов ба таъкид гуфт, ки размоиши СПАД дар Тоҷикистон як омодагӣ ба ҳамчунин вазъият нест, аммо пеш омадани ҳамчунин шароит дар ояндаро фармондеҳии созмон истисно намекунад.



Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъ ё КСОР соли 2009 ташкил шуда, 20 ҳазор сарбоз, аз ҷумла 17 ҳазор аз воҳидҳои низомӣ ва бақия аз вазоратҳои корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва хадамоти амниятии кишварҳои узв иборат аст. Танҳо кишвари узви СПАД Ӯзбакистон аст, ки то ба ҳол КСОР- ро эътироф накардааст.

ДАР ОСТОНАИ БОЗ ЯК РАЗМОИШИ ДИГАР

Ҳамзамон дар Қирғизистон як размоиши дигар низ таҳти унвони «Марказ-2011» баргузор мешавад, ки дар он нерӯҳои вокуниши сареъ ё КСБР- и СПАД ширкат мекунанд. Ин нерӯҳо соли 2000 дар ҳайати 4 ҳазор нафар пас аз ноамниҳои дар вилояти Бодканди Қирғизистон вижа барои Осиёи Марказӣ ташкил шуда буданд.

Аммо дар ҳоле, ки машқҳои низомии СПАД дар Тоҷикистон дар размоишгоҳи пойгоҳи низомии 201-и Русия баргузор мешавад, худи размоиши бидуни нерӯҳои ин пойгоҳ баргузор
мешавад. Владимир Зайниддинов, сухангӯи СПАД гуфт, се баталиёни пойгоҳи низомӣ дар машқҳои низомӣ дар Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

"Зеро аз пойгоҳи низомии 201 се баталиён дар ҳайати нерӯҳои вокуниши сареъ ҳастанд. Яъне нерӯҳои пойгоҳи 201 дар КСОР нестанд, балки дар КСБР ҳастанд. Аммо машқҳои КСОР дар размоишгоҳи пойгоҳи 201 дар Лоҳур сурат мегиранд. Яъне аз зарфиятҳои моддиву фании пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон истифода мешавад",-илова кард ӯ.

Оқои Зайниддинов гуфт, фармондеҳии машқҳои низомӣ дар Қирғизистонро низомиёни Тоҷикистон ба зимма доранд.
XS
SM
MD
LG