Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба марзи Тоҷикистон наздик мешаванд?


Агар онҳо пешрафт кунанд, оромии марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистонро халалдор хоҳанд сохт.

Баррасии тарҳи мусоидат ба назорати марзи шимоли Афғонистон бо Тоҷикистону Узбакистон мавзӯи аслии нишасте дар шаҳри Душанбе буд, ки дар он намояндагони 15 созмони байнулмилалии кӯмакрасон ва масъулони бахшҳои қудратии Афғонистону Тоҷикистону
Шӯрои Аврупо барои таҳкими марзи шимоли Афғонистон бо Тоҷикистону Узбакистон беш аз даҳ миллион доллар ихтисос додаст...

Узбакистон ширкат доштанд.

Ба қавли таҳлилгароне, ки дар ин нишаст суханронӣ карданд, ҳадафи аслии тарҳи мазкур афзоиши тавонмандии нерӯҳои назоратӣ дар марз ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, таъмини амният ва эҷоди фазои солим барои рушди тиҷорат дар манотиқи марзии шимоли Афғонистон будааст.

Томас Кисс, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек, дар масъалаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар амри назорати марз таъкид кард. Вай гуфт, ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо, масалан Тоҷикистону Афғонистон ва ё Узбакистону Афғонистон, чандон судовар буда наметавонад, агар инҳо муштаракан ва ҳамзамон чандҷониба ҳамкориро пеш набаранд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:57 0:00
Линки мустақим


Аммо он масъалае, ки бештар дар марзи шимоли Афғонистон боиси ташвиши ин кишварҳо аст, ҳузур пайдо кардани нерӯҳои Толибон дар манотиқи шимолӣ, яъне дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад. Давлат Муҳаммад, комиссари сарҳадии Дарвози Афғонистон дар робита ба ин мегӯяд: "Толибон феълан дар вилояти Бадахшон дар дараи Вартуч қарор доранд, ки ба наздикӣ дар он ҷо ҷанг шуда буд ва нерӯҳои давлатӣ онҳоро танг карда буданд. Дар миёни онҳо афроди Тоҳири Юлдош ва афроди Намангонӣ ҳам ҳаст ва дар миёни онҳо Толибони худи Афғонистон ҳам ҳастанд."

Нигарониҳо аз ҳузури Толибон дар шимоли Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим


Ба қавли комиссар Давлат Муҳаммад агар онҳо пешрафт кунанд, ҳатман оромиеро, ки феълан дар марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаст, халалдор месозанд.

Пйер МОРЕЛ
Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо назардошти мушкилоте, ки дар марзи Афғонистон вуҷуд дорад, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат ва равуои босуботи тоҷирон, ба сурати умум убуру мурури озодонаи мардумро зарур мешуморад: "Ба хотири ҳамин, ин ҳамоишҳо ва ин музокираҳоро созмон медиҳем, ки роҳҳои дуруст ва солими ҳамкориро дарёбем. Ин ҷо аслан нишасти коршиносон аст. Ин сӯҳбатҳо нишон медиҳад, ки кадом нуқта ба ҳамкории бештар ниёз дорад."

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар баъзе аз мавзеъҳои марзӣ назорати дуҷонибаи сарҳадбонони Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надорад ва ин имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқбар ва гурӯҳҳои дигар аз ин фурсат истифода кунанд.

Шараф ФАЙЗУЛЛОЕВ
Шараф Файзуллоев, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд: "Марзбонҳои Афғонистон на ҳама вақт ин имконро доранд, ки бо мо дар алоқа бошанд. Роҳҳои мошингарди имтидоди марзашон тахту ҳамвор нест. Мо наметавонем саривақт бо онҳо мулоқот дошта бошем. Хатти телефонҳояшон хароб аст. Марзбонони афғон тахасусси кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, мо бисёр мехостем, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба мисли Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал дар амри ҳамкории марзбонони Тоҷикистону Афғонистон барномаҳои ҷиддӣ рӯи даст гиранд ва махсусан барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси марзбонони афғон мусоидат кунанд."

Дар ҳамин ҳол, Уилям Лоренс, мудири тарҳи Мусоидат ба назорати марзи шимоли Афғонистон бо Тоҷикистону Узбакистон, гуфт, барои таҳкими марзи шимоли Афғонистон дар чаҳорчӯби тарҳи мазкур Шӯрои Аврупо 10,5 миллоин доллар ихтисос додаст. Ҷаноби Лоренс афзуд, ин маблағ барои рафъи мушкилоти фаннӣ дар гузаргоҳҳо ва дидбонгоҳҳо ва дар амри таъмини марзбоноҳо бо фановариҳои муосир масраф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG