Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду даҳсола равобити Тоҷикистону Узбакистон


Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд масоили ҳамкорӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, сафири Тоҷикистон дар Тошканд Музаффар Ҳусейнов бо мақомоти марбутаи Узбакистон дар ин мавзӯъ вориди гуфтугӯ шудааст.

УЗБАКИСТОН АЗ "ТАЛКО" ШИКОЯТ ДОРАД

Гуфтанист, дар як ҳафтаи пеш ҷониби Узбакистон ба сурати расмӣ ба СММ шикоят бурда ва хостори расидагии ин ниҳоди байналмилалӣ ба мушкили зиёни корхонаи «Талко» ба муҳити зисти Узбакистон шуда буд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамвора ин иддаоро, ки "Талко" ба муҳити зисти кишвари

ҳамсоя зиёновар аст, рад мекунад. Муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон аз 15 сол ба ин ҷониб сард аст, аммо то куҷо талоши ҷиддӣ барои ҳалли ин мушкил сурат гирифтааст.

Баҳси зистмуҳитӣ ва зиёни "Талко" ба сокинони Узбакистон, ки гуфта мешавад дар меҳвари мулоқоти сафири Тоҷикистон бо мақомоти Узбакистон қарор доштааст ва ахиран Тошканд аз ин маврид ба СММ низ шикоят бурдааст, танҳо ихтилофи назари миёни Тоҷикистон нест.

ИХТИЛОФИ ДЕРИНАИ ДУ КИШВАР

Ҳарду кишвар аз солҳо ба ин сӯ, аниқтараш аз соли 1994 то кунун бар сари масоили мухталиф ихтилофи назар доранд ва ин ихтилоф гоҳо то марзи низоъи мусаллаҳона низ пеш рафтааст. Ба Маҳмуд Худойбердиеви шӯришгар паноҳ додани Узбакистон ва аз марзи Узбакистон ба Хуҷанд лашкаркашӣ кардани ӯ дар соли 1998, ин ихтилофро ба авҷи худ расонд. Дар як ним соли гузашта тасмими Тоҷикистон роҷеъ ба аз саргирии сохтмони Роғун ин ихтилофро дубора доман зад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим


Аммо суол ин аст, ки чаро талоши лозиме барои ҳалли ин масъала сурат намегирад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба шиддат ба оддӣ шудани муносибот ба Узбакистон ниёз дорад. Зеро танҳо роҳи оҳани Тоҷикистон, ки муҳимтарин масири воридотӣ ва содиротии кишвар аз қаламрави Узбакистон убур мекунад. Аммо бо ин ҳама чаро то кунун талоши муассире дар ҷиҳати оддӣ шудани муносибот сурат нагирифта ва оё усулан имкон дорад, ки муносиботи ду ҷониб ба сурати оддӣ дароянд?

БУЗУРГМАНИШӢ- МОНЕИ ОДДИШАВИИ РАВОБИТ

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик ва сардабири нашрияи «Азия плюс» мегӯяд, раҳбарони ҳарду кишвар дар оддӣ шудани муносибатҳо манфиати худро намебинанд Ӯ мегӯяд: «Ҳар яке аз раҳбарон худро бузургтаре аз дигаре медонад
Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик ва сардабири нашрияи «Азия плюс»

ва барои рафтан ҷониби мусолиҳа омода нест. Балки онҳо қадами аввалин гузоштан ба истиқболи якдигарро ба масобаи паст шудани шарафу эътибори худ медонанд. Роҳбарияти сиёсии ҳарду кишвар аз зиндагии воқеъии мардумони худ дур шудаанд, зиндагие, ки ба ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ ниёз дорад.»

МУҚАССИР КИСТ?

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки муқассири бештари ин вазъият Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон аст, ки мехоҳад ҳокими Осиёи Марказӣ бошад. Ва ҳамаи дигар ҷумҳуриҳои давру бари худро назорат кунад, ё ҳадди ақал нақшеро дошта бошад, ки Тошканд дар замони ҳукумати шӯравӣ дошт. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд: «Узбакистон мехоҳад на дар нақши аввал, балки дар нақши кишвари раҳбар дар минтақа бошад. Аммо инро дигарон қабул надоранд. Ин боиси ихтилоф аст. Масъалаи аслии ихтилоф ҳамин аст.»

Аммо Анияти Абдулназар, аз фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аслӣ мушкил дар ҷои дигар ва далели
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик

ин, ки ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо талоши гузоштани қадами аввалро намекунад, ин аст, ки «Ислом Каримов ба ин андеша аст, ки бо шарофати ӯ Раҳмон дар Тоҷикистон ба курсии қудрат расида ва бояд вомдори ӯ бошад.»

Дар воқеъ оқои Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ба қудрат расидани худ ба нишони сипос Каримовро «отамиз» унвон карда буд. Вале ин акнун аст, ки ғурури Раҳмон иҷоза намедиҳад, ки чунин даъвоеро эътироф кунад ва худро мустақил медонад. Хоса дар ҳоле, ки акнун умедвор аст пуштибонони қавитаре пайдо кардааст.

КӢ БА КӢ НИЁЗИ БЕШТАР ДОРАД?

Амнияти Абдулназар мегӯяд: «Узбакистон ба Тоҷикистон ба он андоза ниёз надорад, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад. Барои ҳамин мо бояд бештар манифатдори оддӣ шудани муносибатҳо бошем. Як сабаби дигар ин аст, ки ҳайати ҳокими Тоҷикистон мушкилотро ба сурати мустақим эҳсос намекунад. Ин мушкилро мардуми Суғд, ки бародар бародарашро наметавонад хабар бигирад, бештар эҳсос мекунанд. Ва дигар ҳам ин, ки раҳбарони феълии Тоҷикистон фикр мекунанд, ки агар ба Тошканд наздик шаванд ва муносибат дубора оддӣ шавад, нуфузи Тошканд ба доираҳои давлатӣ афзоиш меёбад ва аҳроми назорат ба ҷомеъа ва давлатро ин гурӯҳи ҳоким аз даст хоҳад дод.»

Аммо давлати Тоҷикистон бар асоси бархе аз маълумоте, ки то кунун мунташир шудааст, қасд дорад дар моҳи ноябр пеши оби Вахшро ба манзури сохтани обанбори Роғун банд кунад. Агар ин иттифоқ биуфтад, ба гуфтаи таҳлилгарон марҳилаи севвуми ташаннуҷ дар равобити ду кишвар оғоз мешавад, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти Тошканд ба масъалаи сохтмони Роғун, паёмади он ғайри қобили пешгӯӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG