Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба Сафар Сафаров


Сафар САФАРОВ, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия
Сафар САФАРОВ, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия

Муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия изҳори омодагӣ кард, ки ба пурсишҳои хонандагони торнамои "Озодӣ" посух бигӯяд.

Сафар Сафаров аз моҳи декабри соли 2009 ба ин сӯ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аст.

Вай 22-юми майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, солҳои 1965- 1968 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва солҳои 1968-1970 дар Донишкадаи политехникии Тошканд таҳсил кардааст. Ҳамчунин соли 1983 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм намудааст.

Ҷаноби Сафаров то соли 1991 дар вазифаҳои муҳандиси калони заводи пахтаи шаҳри Кӯлоб, муҳандиси калони Раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳия Данғара, котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Данғара, котиби дуюми Кумитаи Ҳизби коммунисти шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Совет (Темурмалик) кор кардааст.

Аз соли 1991 то соли 2000 аввал дар вазифаи муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ, баъдан раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2000-2001 раҳбарии Дастгоҳи президенти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2001 то соли 2007 сафири фавқуллода ва комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Украина, сипас муовини котиби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) буд.

Сафар Сафаров аз моҳи майи соли 2007 дар вазифаи муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият карда, 26-уми декабри соли 2009 дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон интихоб гардид.
XS
SM
MD
LG