Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии 9/11


Раисиҷумҳури Амрико Барак ОБАМА, ҳамсараш Мишел Обама ва раисиҷумҳури пешини ИМА Ҷорҷ БУШ дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2011 дар Амрико
Раисиҷумҳури Амрико Барак ОБАМА, ҳамсараш Мишел Обама ва раисиҷумҳури пешини ИМА Ҷорҷ БУШ дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2011 дар Амрико

Дар Иёлоти Муттаҳида хотираи қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001-ро гиромӣ доштанд.

Дар ин ҳамлаҳо дар соли 2001 наздик ба 3 ҳазор нафар кушта шуданд.

Раисиҷумҳури Амрико БАРАК ОБАМА ҳамроҳ бо президенти пешини Амрико, ҶОРҶ БУШ ва ҳамсарони онҳо дар маҳалли Маркази ҷаҳонии тиҷорат ё Граунд Зиро дар Ню Йорк дар ҳамон лаҳзаи бархӯрди ҳавопаймои аввал ба бино дар даҳ соли пеш сукут варзиданд. Обама муноҷоти 46-и Китоби муқаддасро қироат кард: “Худо паноҳгоҳи мо ва қуввати мост. Кӯмаки ӯ дар сахтиҳо хоҳад расид. Биноан, мо ҳарос надорем, агар ҳатто замин фурӯ равад ва кӯҳҳои зери ғубори уқёнус бимонанд.”

Буш, ки ин ҳамла дар соли аввали президентии ӯ ба вуқӯъ пайваст, номаи раисиҷумҳури давраи ҷанги шаҳрванди Амрико, Абраҳам Линколнро ба модаре хонд, ки ҳамаи панҷ писараш дар ин ҷанг кушта шудаанд: “Ман дуо мекунам, ки падари осмонии мо дарди зоеъаи бузурги туро ором кунад ва туро фақат бо хотираҳои шоди гумгшудаҳои ту боқӣ гузорад ва бароят ифтихору шаҳомате бидиҳад, ки фарзандонат ҷони ширини худро дар роҳи озодӣ фидо карданд. Самимона ва бо эҳтиром Абраҳам Линколн.”

Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои 9/11
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
Линки мустақим


Наздикони қурбониёни фоҷиа аввалин афроде шуданд, ки муҷассамаи ёдгории иборат аз ҳавзҳои чаҳоргӯша дар ҷои пойдевори ду бурҷи Маркази ҷаҳонии тиҷоратро диданд. Номи ҳамаи қурбониён дар лавҳаҳои биринҷии давродаври ин ҳавзҳои об сабт шудааст. Навозанда Йо-Йо Ма сюитаи мотамии Бахро навохт ва номи ҳар яке аз қурбониён дар фазои ҳамоиши ёдбуд садо дод.

Валери Савинкин дар ин ҳамла писари 21-солааш Владимир Савинкинро, ки муҳосиби ширкати молии Кантор Фитзҷералд буд, аз даст додааст. Вай мегӯяд, "онҳоеро, ки даҳ сол пеш зимни ин фоҷиа ғаму андӯҳ муттаҳид карда буд, имрӯз бо хотира бо ҳам васл мекунад. Хотираи ин фоҷиа, аммо беш аз ҳама хотираи наздиконашон, талоши таҳким ва абадӣ кардани ин хотира бозмондагонро ба ҳам меорад.”

Дар Вошингтон, ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден, вазири дифоъ Леон Панетта ва раиси аркони муштараки артиш Майк Мален якҷо бо 1000 нафар аз хешовандон аз онҳое ёд карданд, ки дар бархӯрди ҳавопаймо бо Пентагон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин воқеа 59 мусофири ҳавопаймо ва 125 нафаре, ки дар дохили бино буданд, кушта шуданд.

Дертар, Обама аз мавзеи Шэнксвили аёлати Пенсилвания маҳалли суқути ҳавопаймои чаҳорум дидан кард. Ҳамаи маросим таҳти чораҳои шадиди амниятӣ ҷараён гирифт. Ин дар ҳолеп буд, ки дар арафаи солгард хадамоти иктишофии Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи нав ҳушдор доданд. Обама дар паёмаш гуфт, Амрико бедору ҳушманд боқӣ хоҳад монд ва ба душмани хеш посухи дандоншикан хоҳад дод.

Ёдбуди ҳамлаҳои 11-уми сентябр ва хотираи қурбобниёни воқеа дар саросари Амрико дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла барафроштани парчамҳо бар фарози хонаҳо, калисо ва масоҷид ҷараён гирифт. Пешниҳод шудааст, ки дар наздикии ёдгории қурбониёни ҳамла дар Ню Йорк барои оштӣ ва тафоҳум масҷиде сохта шавад, аммо ин пешниҳод на танҳо пуштибонӣ, балки мухолифатҳоеро дар ҷомеаи амрикоӣ ба бор овардааст.

Даҳ сол пеш, 11 сентябри соли 2001, бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вашингтон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания тақрибан 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд. Мақомоти ИМА дар ин ҳамлаҳо шабакаи "Ал-Қоида"-ро муттаҳам мехонанд.

КОРЗОРИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

Моҳи ноябри соли 2001, ҳамагӣ ду моҳ пас аз ҳамлаҳо болои шаҳрҳои амрикоӣ, Эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон ҳукумати Толибонро аз байн бурда, ибтидои соли 2002-ум ҳукумати таҳти сарварии Ҳомид Карзайро сари қудрат овард.

Ҳамин гуна баҳори соли 2003-юм амалиёти низомии эътилоф дар Ироқ шурӯъ шуда, ба зудӣ ҳукумати Саддом Ҳусайнро барканор кард. Ҳоло ҳукумати Афғонистон имкони тақсими қудрат бо Мулло Умар ва пайравони ӯро ҷустуҷӯ дораду дар Ироқ низ мушкилиҳои зиёди амниятӣ ҳалли худро наёфтаанд.

Ҳамлаҳои 11 сентябр дар Амрико
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00


Дар худи ИМА эҳсоси хушҳолӣ аз он, ки тӯли даҳ соли гузашта дар хоки ин кишвар ягон ҳамлаи бузурги даҳшатафканон ба вуқӯъ напайвастаст, бо нархи сиёсиву иқтисодии ҷанги саросарӣ бо ин душмани ноайён манбаи нигарониҳо шудааст.

НАРХИ ҶАНГ ДАР ИРОҚУ АФҒОНИСТОН

Устоди донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси ИМА Майкл Манделбаум мегӯяд, яке аз паёмадҳои ҷиддии ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ин ҷалби таваҷҷӯҳи сарварони ИМА ба мушкилиҳои байналмилалӣ аз ҳисоби коҳиши таваҷҷӯҳ ба мушкилоти дохилӣ будааст: “Яке аз

чолишҳои бузургтарин ин касри буҷаи федералӣ мебошад, ки ҳукумат бо он рӯ ба рӯ шудааст. Ҳукумат то ҳол нархи ҷангҳои Афғонистону Ироқро пардохт накардааст. Мо барои пешбурди ин ҷангҳо пул қарз кардем. Боиси таассуф аст, ки мо барои аввалин бор дар таърихи Амрико барои пардохти нархи ҷанг андозҳоро афзоиш надодем."

Бо ишора ба даҳ соли гузашта баъзе шореҳон мегӯянд, Амрико эътибори байнулмилалӣ ва нақши пешвои оламро аз даст дод, вале дигарон таъкид мекунанд, ки ҳанӯз ҳам ИМА бузургтарин иқтисоди олам аст ва ҳатто бӯҳрони молии соли 2008-ум ба мақому манзалати ин кишвар таъсире нагузошт.

УСУЛИ МАНЪШУДАЕ, КИ БА КОР ОМАД...

Дар ҳақиқат, касе пешвоии низомии ИМА-ро мавриди шубҳа қарор намедиҳад, вале шореҳи Радио Озодӣ Кристиан Карилл хотирнишон мекунад, ки ин пешдастии низомӣ аз ҳисоби ҳафт триллион доллари иловагие ҳосил шудааст, ки ҳукумати ИМА барои таҳкими мудофиа, амнияти дохилӣ ва соҳаи иктишоф масраф намудааст. Имрӯз хароҷоти низомии ИМА 46 дарсади хароҷоти низомии тамоми мамолики ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Бар илова, бо пешниҳоди президенти собиқи ИМА Ҷорҷ Буш муфаттишони амрикоӣ ҳақ пайдо намуданд, ки бо истифода аз усули
Холид Шайх МУҲАММАД, тарроҳи ҳамла болои шаҳрҳои ИМА

қаблан манъшуда барои ҷамъи иттилоъ аз муттаҳамҳои даҳшатафканӣ кор гиранд. Бо истифода аз ҳамин усули бозпурсӣ муфаттишони амрикоӣ аз ХОЛИД ШАЙХ МУҲАММАД дар бораи тарҳрезону масъулони ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 маълумот гирифтанд. Баъзеҳо мегӯянд, маҳз ҳамин усули манъшуда имкон дод, ки чандин амали террористӣ қабл аз вуқӯъ хунсо гардад.

Вале Дейвид Коул, устоди донишгоҳи Ҷорҷтавни ИМА ба ин фикр мухолиф аст. Ӯ мегӯяд, истифодаи маълумоте, ки зери фишору таъқиб ба даст оварда шудааст, дар муҳокима ғайри қобил қабул аст: "Вақте Шумо аз усули иҷбории дарёфти маълумот аз шахс кор мегиред, ҳатто агар он шиканҷа ҳам набошад, яъне худи маҷбуркунӣ кофӣ аст, ки низоми адлия ва қонунҳои ИМА истифодаи он дар додгоҳро манъ кунанд."

6 000 КУШТА, 43 000 МАҶРӮҲ

Ин устоди амрикоӣ барои таҳкими фикраш мегӯяд, то ҳол муҳокимаи Холид Шайх Муҳаммад барпо нашудааст, зеро бахши бузурги маълумоте, ки аз ӯ гирифтаанд, мавриди истифода дар додгоҳ буда наметавонад.

Дар ҷангҳои Афғонистону Ироқ беш аз 6 ҳазор низомии ИМА ҳаёти худро аз даст дода, беш аз 43 ҳазор амрикоии дигар маҷрӯҳ шудаанд. Шумораи қурбониҳои ҷанги зидди терроризм дар байни сокинони мамолики Ховари Миёна ва Осиёи ҷанубу шарқӣ эҳтимол ба даҳҳо ҳазор нафар баробар бошад. Табиист, ки хешону наздикони қурбониҳо аз ин ҷанг хушҳол буда наметавонанду ба оташи эҳсоси зиддиамрикоӣ равған мерезанд.

Шореҳи Радиои Озодӣ Кристиан Карилл хулоса кардааст, ки ҳоло мо шоҳиди марҳилаи баъди ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001-ум нашудаем.

Борҳову борҳо гуфта шудааст, ки ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ҷаҳонро ба куллӣ тағйиир дод. Бархе аз таҳлилгарони рус гуфтаанд, ИМ бо истифода аз ин ҳамлаҳо нуфузи худро дар ҷаҳон густариш ва таҳким дод, вале коршиносон дигар бар инанд, ки ба иллати ҷанги зидди терроризм дар хориҷ аз марзҳои худ таваҷҷӯҳи Амрико ба масъалаҳои дохилияш коҳиш ёфт ва ин кишваррро заифтар кард. Вале як рӯз пеш аз солгард раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёме аз тариқи радио гуфт, ки даҳ соли баъд аз ҳамлаҳои террористӣ Амрикоро нерӯмандтар кардааст.
XS
SM
MD
LG