Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Чанд мақомдор бояд истеъфо диҳанд, то..."


Ин ҳафта нашрияҳои Душанбе мавзӯи тамдиди замони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва ҳам истиқлоли кишварро ба баҳс гирифтаанд.

"НИГОҲ" дар матлаби "Президентомад. Чаро президентҳо аз рӯи алифбо саф намекашанд?" нишастҳо ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои чаҳоргона ва ИДМ дар Душанберо ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, "президентомад" дар Тоҷикистон ба як маъракаи маъмулӣ табдил меёбад". Аммо ба навиштаи нашрия ҳодисаҳои муҳим пас аз нишасти ИДМ, бахусус дар ҷараёни сафари расмии Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, рух доданд. "Нигоҳ" менависад, "пас аз мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев пеши хабарнигорон ҳозир шуданд. Ба назар мерасид, Медведев хеле хуш буд, тавре русҳо мегӯянд, "Дима разжигал", аммо президенти Тоҷикистон он қадар не. Президенти Русия гуфт, бо ҳамтои тоҷикаш маслиҳат кардааст, ки 49 сол пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Дар бораи пулаш ҳам нагуфт... Ҳарчӣ набошад ин хабар кайфи аксари рӯшанфикронро парронд. Аммо ин ки созишнома имзо нашудааст, умедвор мекунад. Вагарна алвидоъ, истиқлолият!"

49 СОЛИ ВОБАСТАГӢ

"ОЗОДАГОН" низ дар ин робита матлаберо бо номи "20 соли истиқлол, 49 сол вобастагӣ" нашр карда ва гуфтааст, "тавофуқи ахири сарони Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳузури давомдори пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон истиқлоли ин кишварро зери суол мебарад". Зеро ба навиштаи нашрия "ин аз он гувоҳ хоҳад дод, ки давлати Тоҷикистон имкони ҳифзи амнияту давлату мардуми худро надорад". Ба таъкиди "Озодагон" дар ин мавзӯъ бояд дар мадди аввал андешаи мардум ба назар гирифта шавад. Ин аст, ки нашрия аз қавли таҳлилгарон менависад, "Тоҷикистон қабл аз имзо зери санади ба ин монанд бояд як ҳамапурсии шаффоф ва мунсифона миёни шаҳрвандон баргузор намояд".

ҲУЗУРИ ПОЙГОҲ БА НАФЪИ КИСТ?

"ФАРАЖ" дар ин замина бо чанд коршинос ин суолро, ки "Ҳузури пойгоҳи низомии Русия ба манфиати кист?" матраҳ кардааст ва дар посух Саймуддин Дӯстов, раиси Бунёди "Индем" гуфтааст, "агар гурӯҳи элитаҳои Тоҷикистон монеи боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли дигар ба ҳамин шарту шароит нашаванд, чанд нафар аз мақомдорони нисбатан обрӯманд дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бояд истеъфо диҳанд. Ба вижа, вақте ба ин пешниҳод ҷониби Тоҷикистон ризоят дода бошад, бояд Саймӯъмин Ятимов, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шариф Раҳимзода ва чанд нафари дигар, ки дар самти худ муваффақ ҳастанд, бояд ба истеъфо раванд." Аммо сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки "мардуми тоҷик то ҳол Русияро кишвари бегона намедонанд ва дар будани ин пойгоҳ ягон нороҳатиро намебинанд ва худро узви давлати собиқ Шуравӣ медонанд. Ин аст, ки агар Тоҷикистон тавонад ҳам нафъи сиёсӣ ва ҳам нафъи иқтисодӣ аз ин пойгоҳ барад, барои имзои он набояд мухолифат шавад."

ПАДАРИ ИСТИҚЛОЛ

"МИЛЛАТ" шумораи ин ҳафтаи хешро ба равони поки Тоҳири Абдуҷаббор, падари истиқлоли Тоҷикистон эҳдо кардааст. Нашрия навиштааст, "падари истиқлол Тоҳири Абдуҷаббор ном дорад ё зеҳнҳоро бояд шустушӯй кард, то зангҳои ғуломӣ пок шавад." Зеро ба таъкиди нашрия "касе, ки ба таври системанок, яъне ба таври назариявӣ олимона ин падидаро тарҳрезӣ кард ва ба таври амалӣ, сиёсатмадорона барои ба даст овардани он мубориза мебурд, Устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор буд. Ин ҳақиқатест, ки бояд пазируфта ва хидматест, ки бояд қадрдонӣ шавад."

"СССР"
дар ин бора дар матлаби "Миллату Истиқлолияти миллӣ" аз имзои Эъломияи дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон ёдоварӣ карда ва навиштааст, ки "Тоҳири Абдуҷаббор соҳиби ин идея, ин ғоя, ин фикри бикр (барои тоҷикони 2 даҳсола пеш) гардид. Мардона бояд иқрор кард, ки вақте 21 сол муқаддам Тоҳир истиқлолияти кулл мегуфт, мо 6 миллион тоҷик дарк намекардем ва 50-60 тани дигари хеле пешрафта фикр доштем, ки истиқлолият, танҳо андаке аз талаби озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ аз Маскав, вале дар дохили Империя, бояд бошад!"

ИФТИХОРИ ПУЧ

"ИМРӮЗ НЮС" дар мавриди истиқлолияти Тоҷикистон матлабе, ки "ифтихори пуч аз истиқлоли комил" ном дорад, нашр кардааст. Муаллифи матлаб навиштааст, "чунин менамояд, ки дар сад соли ахир нерӯи ботинии ин миллат, яъне тоҷикро шикастаанд. Дар замони истиқлол бошад барои бедории он талоше нашуд. Моро импотент кардаанд. Ба мушт бо мушт посух намегӯем. Хомӯшиву сарзаниши хештанро авло медонем." Ба таъкиди муаллифи матлаб "ҷуръати мо пӯсидааст. "Ман"-и мо пуч аст. Танҳо дар гирди дастурхонамон «ман» гуфта метавонем. Боре ба худ суол додаем, ки чаро вақте аз марзи Тоҷикистон берун мешавем, пойи мо меларзад? Чаро вақте шиносномаамонро ба сӯи корманди ҳифзи ҳуқуқ дароз мекунем, дастамон меларзад? Чаро мо берун аз Тоҷикистон қоматамонро рост карда наметавонем?"
XS
SM
MD
LG