Дар номае, ки аз тарафи Ҷунбиши экологии Узбакистон ба Маҷмаи умумии СММ ирсол гашта ва гуфта мешавад, ба он 757 ҳазор сокини вилояти Сурхондарёи Узбакистон имзо гузоштаанд, аз таъсири манфии фаъолияти корхонаи алюмини «Талко»-и Тоҷикистон ба саломатии сокинони ин вилоят ва ҳам муҳити зист изҳори нигаронӣ шудааст.
Муаллифони нома мудирияти корхонаи алюмини Тоҷикистонро муттаҳам кардаанд, ки «бо вуҷуди пайомадҳои манфии олуда шудани ҳаво ва замин чи дар Тоҷикистон ва чи дар Узбакистон ба нигарониҳои мардум расидагӣ намекунанд.» Гуфта мешавад, корхонаи алюмини «Талко»-и Тоҷикистон солона 22 000 тонна маводи кимиёӣ ба ҳаво сар медиҳад, ки 120 тоннаи он барои саломатии мардум ва муҳити зист хатарнок аст. Бино бар нома ин мавод дар қаламраве паҳн мешавад, ки дар он зиёда аз миллион нафар иқомат мекунанд.
Ба ҳайси замимнаи нома иттилое мунташир гаштааст, ки гуфта мешавад, натиҷаи озмоишҳои пизишкӣ дар минтақаанд. Вале дар ҳамин ҳол раиси Бахши иттилоъ ва таҳлили корхонаи алюмини «Талко»-и Тоҷикистон, Игор Сатторов дар сӯҳбат бо хабаргузории «Азия-Плюс» ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ширкат борҳо ба мақомоти Узбакистон пешниҳод кард, то барои рӯшан кардани таъсири фаъолияти «Талко» ба муҳити зист, озмоишҳои муштараки дуҷониба баргузор шавад. «Аммо тарафи Узбакистон пешниҳоди моро нодида гирифт. Ин баҳс ба андозаи зиёд сиёсатзада аст, вагарна тарафи Узбакистон ба озмоишҳои муштарак ризоият медод,» -- гуфтааст Игор Сатторов.
Бори аввал нест, ки Узбакистон бо ҳар роҳ аз фаъолияти корхонаи алюмини «Талко»-и Тоҷикистон шикоят мекунад. Бар замми номаҳои зиёд ба созмонҳои байнулмилалӣ борҳо дар шаҳри Тирмиз ва манотиқи дигари вилояти Сурхондарё тазоҳуроти пуриздиҳоми зидди «Талко» ҷараён ёфт, ки гуфта мешавад бо дастур ва кӯмаки мақомоти давлатӣ баргузор гаштаанд.
Бархе аз олимон ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ дар ҷавоб аз таъсири зистмуҳитии фаъолияти корхонаҳои саноатии Узбакистон шикоят карданд. Аз ҷумла гуфта шудааст, корхонаи филизи Бекободи Узбакистон бо шеваҳои замони шӯравӣ кор карда, дар зиёда аз бист соли гузашта, полоишгоҳҳои худ ва ҳам меъёри партовҳои заҳролудро коҳиш надодаанд.