Дидору гуфтушунидҳо дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати умум дар се бахш дастабандӣ шудаанд, вале ба эҳтимоли қавӣ дар ҳошияи нишастҳои расмӣ мулоқот ва ҳамоишҳои бадеҳии дигар низ баргузор хоҳад шуд, ки мумкин сирфан ташрифотӣ бошанд ва ё амиқан сарнавиштсоз.
Фазои идонаи Душанбе, ки ба 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон омодагӣ мегирад ва ҳамоиши ҷашнии раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки низ ба 20-умин солгарди таъсиси он бахшида мешавад, ба рӯи барномаи нишастҳо то андозае таъсир хоҳад дошт, вале ин эҳтимол низ садо медиҳад, ки бархе аз масъалаҳои мавриди баррасии сарони кишварҳо ба дараҷаи кофӣ муҳиму ҷиддиянд.
ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ
Бисёре аз коршиносон интизор доранд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев -- президентҳои Тоҷикистон ва Русия, ояндаи равобити байни ду кишвар рӯшан шавад. Ин муносибатҳо дар ҳоли ҳозир як давраи дарози, ба истилоҳ “нодидагирии ҳамдигар”-ро, аз сар мегузаронанд.
Масъалаҳои зиёде байни онҳо муддатҳост ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки ҳар кадом
барои ҳар яке аз тарафҳо аҳамияти хос дорад. Русия бо вуҷуди он ки дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон сари тарҳи Роғун аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят кард, мехоҳад, шароити ҳузури ҳарбияшро дар Тоҷикистон ба дилхоҳи худ ва бе чуну чаро муқаррар кунад. Вале Тоҷикистон талош кардааст, дастикам салоҳиятҳои мушовирони Маскавро дар назорат бар марзи Тоҷикистону Афғонистонро маҳдудтар намояд.
Дар натиҷа се даври гуфтушуниди ҳарбиёни ду кишвар беҳосил буда, мӯҳлати бақои созишномаи соли 2004 ба поён расидааст ва ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон феълан "ғайриқонунист".
Моҳе пеш мақомоти Тоҷикистон ва Русия эълон карданд, ки тарҳи қарордоди нав омодаи имзо шудааст ва Медведев хост, он дар сатҳи сарони кишварҳо ба имзо расад. Маскав ва Душанбе дар бораи шартҳои аҳдномаи нав чизе нагуфтаанд, вале манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ишора кардаанд, Душанбе мавзеъгирии хешро дар ин тарҳ тағйир надодааст. Ҳоло матни ниҳоии қарордод вазъро рӯшан хоҳад кард.
Ҷаноби Медведев дар сафари Душанбе ҳамчунин қарор аст барномаи
ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар барои солҳои 2011-2014-ро имзо кунад. Ҳарчанд хабари хуб барои ду тараф ин аст, ки табодули мол байни онҳо афзуда, ба 580 миллион доллар расидааст, вале эҳтимол меравад, ин афзоиш қисман аз ҳисоби боло рафтани нархҳо иттифоқ афтодааст ва қарор аст, дар рӯзи сафари Медведев ба Душанбе, боҷи гумрукии Русия аз экспорти фуровардаҳои нафтӣ 1,3 дар сад бештар шуда, барои бензин наздик ба 400 долларро ташкил диҳад.
Муносибати васоити ахбори оми Русия, аз ҷумла расонаҳои давлатии ин кишвар, ба тоҷику Тоҷикистон нописандона ва ҳақталошии Душанбе барои онҳо ҳайратовар намудор мешавад. Аммо мудири Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов гуфтааст, “Русия барои пойгоҳҳои худ ба Арманистон ва Қирғизистон пул медиҳад ва ин як таҷрибаи одӣ дар ҷаҳон аст, ки барои ҳар хидмат бояд нархе пардохт.”
Баҳси пардохти кирояи замин байни Тоҷикистон ва Русия дар моҳи феврали соли 2009 ба миён афтода, ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Ҳоло Русия талабгори истифодаи ройгон аз фурудгоҳи ҳарбии айнӣ низ ҳаст, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “соли 2004 дигар такрор нахоҳад шуд.” Дар он сол Душанбе Маркази дидбонии кайҳонии “Окно” ва ҳузури ройгони ҳарбиро ба Русия ҳадя карда буд.
Дар мулоқоти Душанбе ҳамчунин як эъломияи муштараки тарафҳо ба имзо хоҳад расид.
АФҒОНИСТОН, РУСИЯ, ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН
Ҳарчанд Тоҷикистон ташаббускори нахустин мулоқоти ин Чаҳоргона буд (июли соли 2009), дертар Маскав онро ба худ нисбат дод ва сохторҳои эътилофи нав маҳз дар Маскав таъсис ёфтанд. Дар остонаи
дидори нави Медведеву Раҳмонов бо президентҳои Афғонистон, Ҳомид Карзай ва Покистон, Осафалӣ Зардорӣ низ дар Маскав Шӯрои ҳамкориҳои иқтисодии чаҳоргона арзи вуҷуд намуд.
Расман боз ҳам гӯё масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар маркази гуфтушуниди Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе рӯзи 2-юми сентябр қарор хоҳанд гирифт ва Русия борҳо аломат додааст, ки ба ширкати қавӣ дар тарҳи интиқоли нерӯи барқ ё барномаи мавсум ба CASA -1000 манфиатдор аст. Аммо ҳамзамон ба тарҳи Роғун мухолиф будани Маскав мавзӯъро печида мекунад. Коршиноси қирғиз Шерадил Бахтигулов дар як сӯҳбати мизи мудаввар дар Бишкек гуфт, мантиқ мебуд агар дар баррасии масъала дар Душанбе Қирғизистон низ ширкат кунад.
Қирғизистон умедвор аст, ки бо эҳдоси нерӯгоҳҳои азими “Қамбарота-1” ва “Қамбарота-2” нерӯи кофии барқ тавлид хоҳад кард, ки битавонад ба Афғонистон ва Покистон содир кунад. Зимнан, Русия яке аз сармоягузорони асосии ин тарҳҳои Қирғизистон аст. Узбакистон ҳарчанд ба ин барномаҳо таваҷҷӯҳи расмӣ нишон надодааст, ором-ором дар бозори нерӯи барқи Афғонистон ҷойгоҳ пайдо мекунад, аммо барқи арзони Тоҷикистону Қирғизистон мумкин аст, дар оянда бозори Афғонистон ва Покистонро бештар ба худ ҷалб намояд.
Ҷанбаи дигари барои Русия муҳими масъала ба хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аз Афғонистон рабт дорад. Талошҳои Маскав ба ҳамкории бештар бо Ғарб дар Афғонистон натиҷаи барояш дилхоҳ надодаанд ва Маскав умедвор аст, ки пас аз хуруҷ нақш ва нуфузи он дар минтақа ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Ин талошҳо дар шароите роҳандозӣ мешаванд, ки сиёсати ҳукумати Барак Обама дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ақидаи коршиноси маркази “Мерос” дар Вошингтон, Ариел Коҳен, “бо бӯҳрони геополитикӣ ва ақибнишинӣ дар баробари Русия мувоҷеҳ шудаанд.” Аз ин лиҳоз, чаҳоргонае, ки Тоҷикистон таъсис дода буд, тадриҷан ба “мошини манфиатҳои Русия” табдил меёбад.
Барои худи Тоҷикистон ҳамоиши Душанбе бо ифтитоҳи бинои нави сафорати Афғонистон ва гузошта шудани “хишти аввал”-и сафоратхонаи нави Покистон ба таҳкими равобит бо ҳамсоягонаш мусоадат хоҳад кард.
ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон дар расми ба гардиш омадани чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии
“Сангтӯда-2” ширкат мекунад. Даҳ рӯз пеш аз сафар расонаҳо навиштанд, мумкин аст, ин воқеа иттифоқ наафтад, зеро ба иллати боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар соли гузашта маводу таҷҳизоти зарурии нерӯгоҳ сари вақт нарасидааст.
Вале баъдан ин хабар аз тарафи Сайид Асғарӣ, масъули ширкати эронии "Фароб", ки нерӯгоҳро месозад, рад шуд, агарчӣ ӯ афзуд, сохтмон баъд аз расми ифтитоҳ низ идома хоҳад кард.
Барои ҷаноби Аҳмадинажод сафари Тоҷикистон як танаффус дар кашокашҳои дохилисиёсии қудрат дар Эрон хоҳад буд. Чунин сафари ӯ ба Ереван дар моҳи июни имсол ба таъхир афтод, ки давраи авҷи ихтилофоти ӯ бо раҳбари олии Эрон, Сайид Алии Хоманаӣ буд. Ҳарчанд шиддат дар ин рақробатҳо як миқдор коҳиш ёфтааст, ҳамоно идома дорад.
Сафари раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон барои Душанбе барои пойфишории он дар баробари Маскав ва Тошканд муҳим хоҳад буд. Ҳамон гуна ки таҳдиди Теҳрон ба боздошти вагонҳои Узбакистон дар роҳҳои оҳани Эрон сабаби ақибнишинии Тошканд ва боз шудани роҳи вагонҳои Тоҷикистон шуд.
Масъулони Тоҷикистон ва Эрон ҳар дафъа аз пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва нажодии худ шиор мезананд, вале ба таҳлиле, ки торнамои ифшогари “Викиликс” нашр кард, ҳукуматдорони Душанбе мансубияти тоҷикҳо ба мазаҳаби суннӣ ва эрониҳо ба шиъа монеи рушди воқеии муносибатҳо шудааст. Аммо дар як соли охир эъломияҳо дар бораи таҳкими равобити ҳарбӣ ва фаннӣ байни ду кишвар мумкин аст, мояи нигаронии Узбакистон, Иёлоти Муттаҳида ва ҳатто Русия шуда бошад.
Ҳамзамон ҳарчанд ду раҳбар – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар ду соли охир панҷ бор меҳмони ҳамдигар шуданд, ҳеч созишномаи нави такондиҳандае байни ду кишвар ба имзо нарасидааст.
ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУШТАРАКУЛМАНОФЕЪ
Дар ҳоле ки мулоқоти президентҳо ва ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бо вуҷуди ҷиддияти масъалаҳои мавриди баҳси онҳо ҳамагӣ 2 соат идома мекунад, ҳамоиши сарони кишварҳои ҳамсуд тақрибан як рӯз вақт мегиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи аввал вазирони умури хориҷии ИДМ тарҳи маърӯзаи “Натиҷаҳои фаъолияти ИДМ дар 20 сол
ва вазифаҳои минбаъдаи он”-ро баррасӣ мекунанд. Бино бар хабари торнамои Вазорати умури хориҷии Русия, дар ин маҳфил ҳамчунин аз ҷараёни татбиқи назарияи рушди ИДМ, ки дар соли 2007 боз ҳам дар Душанбе ба тасвиб расида буд, гузориш дода хоҳад шуд.
Расонаҳои ҳамагонии Русия навиштаанд, дар ҳоле ки Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд кайҳо фано шудааст, чунин талошҳо танҳо барои эълони онанд, ки “бемор мурдааст, аммо ҳанӯз нафас мекашад.”
Вале “Ню Йорк Таймс” менависад, ИДМ то замоне вуҷуд хоҳад дошт, ки барои Маскав зарур аст. Бист сол пеш ИДМ барои “талоқи мутамаддин”-и аҳли оилаи Иттиҳоди Шӯравӣ муҳим буд, аммо шояд ба ҳайси омили эҳёи як ҳамгироии дигар рӯзе парчам шавад.
Ариел Коҳен, таҳлилгари маркази “Мерос” дар Вошингтон менависад, “тайи солҳои зиёд дипломатҳои Русия мегӯянд, ҷамоҳири собиқи шӯравӣ давлатҳои воқеан мустақил намебошанд.” Ин ҳам дар ҳолест, ки меафзояд муаллиф, ҳукумати Барак Обама “де-факти ИДМ-ро ҳамчун минтақаи нуфузи Русия эътироф кард, ҳарчанд на танҳо Русия.”
Русия барои пойгоҳҳои худ ба Арманистон ва Қирғизистон пул медиҳад ва ин як таҷрибаи одӣ дар ҷаҳон аст, ки барои ҳар хидмат бояд нархе пардохт...