Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” – таърихи як шахс ё як кишвар?


Намоиши филми мустанади “Истиқлол” дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба марҳалаи поёнӣ расид.

Дар ҳоле ки пахши ин сериали иборат аз 28 бахш дар нимаи моҳи август оғоз ёфта буд, қарор аст, қисмати ниҳоии он дар ҷараёни таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба намоиш дарояд.

Муаллифони филм тасмим гирифтаанд, бо васли наворҳои таърихии солҳои гуногун роҳи ноҳамвор ва душвори кишварро аз замони эълони истиқлолияташ аз Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз бозтоб диҳанд.

Дар ҳоле ки онҳо қисман ба ин ҳадаф расидаанд, бардошти бинандагон аз филм мухталиф аст. Бархе аз онҳо филми “Истиқлол”-ро на бозтоби таърихи як кишвар, балки достони ситоишгаронаи давлатдории як шахс, яъне раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд. Дар ҳоле ки бинандагони насли миёна ва калонсол, ки бахшҳои ин филмро дунбол кардаанд, мегӯянд, рӯйдодҳои мамлакат ба таври воқеъбинона инъикос ёфтаанд ва донистани ин таърих барои насли ҷавон муҳим аст, намояндагони насли ҷавон, ки табъан, аз манобеи гуногуни иттилоотӣ истифода мекунанд, норозиянд, ки дар филми бахшида ба таърихи ватанашон тамоми дастовардҳои як кишвар ба як шахс пайванд дода мешавад.

“Як нафар, чӣ қадар ки тавоно бошад ҳам, наметавонад, ҳамаи ин корҳоро анҷом диҳад,” – мегӯяд яке аз мусоҳибони мо дар шаҳри Душанбе. Ва ҷавони дигар изофа мекунад, ки барои истиқлолият, сулҳ ва рушд дар Тоҷикистон танҳо як шахс не, шахсони зиёде хидмат кардаанд ва ҳатто ҷон додаанд, аммо дар ин филм аз онҳо ёд намешавад.

Дар сухани онҳое, ки даҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистонро дидаанд, умумигӯие ҷой дорад, ки аз эҳиёткорӣ маншаъ мегирад, вале як марди солхӯрда ошкоро мегӯяд, ба ҳеҷ яке аз ин таблиғот аслан бовар надорад.

Назари бинандагон ба филми "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим

Бо вуҷуди он ки коршиносон филми навро дар қиёс бо наворҳои ҳамсони солҳои гузашта беҳтар мешуморанд, ба он ҳам ишора мекунанд, ки созандагони чунин филмҳо ҳамоно мақсад доранд, таърихи навтарини Тоҷикистонро ба насли ҷавон аз роҳи кеши шахсият ва бархӯрди интихобӣ ба фактҳои таърих омӯзонанд. Ва ҳарчанд намояндагони насли калонсол дар ин назарпурсии кӯтоҳ аз филм изҳори қаноатмандӣ карданд, гумон аст, ба ончӣ дар филм мебинанд, аз таҷрибаи худ дида бештар бовар кунанд.
XS
SM
MD
LG