Дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва Йорг Фриден, яке аз мудирони иҷроии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо вазъи ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, балки мавзӯи сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ баррасӣ шудааст.
Ин гуфтугӯ дар ҳоле ҷараён гирифт, ки зиёда аз даҳ рӯз пеш, рӯзи 16 август, гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пас аз сафар ба Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар тавсия дод, дар ҳоли ҳозир ба бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш иқдом накунад. Ин тавсия хилофи эълони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта буд, бастани маҷрои Вахш ва бардоштани садди Роғун дар моҳи ноябри соли 2011 шурӯъ хоҳад шуд.
РОҒУН -- ИДОМА Ё СТОП?
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, дар мулоқоти Раҳмон бо Фриден ҷараёни таҳқиқи таъсири эҳтимолии зистмуҳитии нерӯгоҳ ва таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии он баррасӣ шудааст. Аз он ҷо ки ин манбаъ иттилои бештару мушаххастаре дар ин бора пахш накардааст, метавон натиҷа гирифт, ки дар мулоқоти мазкур танҳо табодули назар сурат гирифта, ҳамоно посухи давлати Тоҷикистон ба тавсияи гурӯҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ рӯшан нагаштааст.
Гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ баъд аз ошноӣ бо маҳалли нерӯгоҳ, боздид аз нерӯгоҳи барқи обии Норак, мулоқот бо сокинони деҳоти мавриди кӯч аз бистари ояндаи обанбори Роғун ва ҷамъбасти натиҷаҳои пажӯҳиши муқаддамотӣ дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи Роғун, гуфтаанд, тавсия намедиҳанд, ки ҳукумат ба иҷрои марҳилаи аввали тарҳ, яъне бунёди садди 120-метрӣ дар рӯдхонаи Вахш шурӯъ кунанд, зеро регу санге, ки рӯдхона меорад, зиёда аз интизор аст.
Коршиносон оғози корҳои марбут ба сарбандро танҳо замоне дуруст мешуморанд, ки ташхиси фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун ба поён расад. Дар ҳамин ҳол онҳо мӯҳлати муайяенро барои ин кор пешбинӣ намекунанд ва ташхис мумкин аст, моҳҳо ё солҳо тӯл кашад.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи сенаторони Иёлоти Муттаҳида тарҳи Роғунро барои тамоми минтақа муҳим шумурдаанд ва ҳукумати Амрико талош дорад, дари бозори Осиёи Ҷанубиро барои нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон боз кунад.
ВОКУНИШИ МУТАХАССИСОН
Дафъатан пас аз интишори хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисони тоҷик онро бепоя хонданд ва бархе аз олимон пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ қатъ гардад. Аз ҷумла дабири Кумитаи миллии тоҷикистонии Кумиссюни байнулмилалии сарбандҳои бузург Ҳомидҷон Орифов гуфт, Бонки
Ҷаҳонӣ бо чунин тавсияаш мехоҳад, бо баҳонае эҳдоси Роғунро ба дарозо кашад. Ҷаноби Орифов ин тавсияро хилофи пешниҳодҳои қаблии худи Бонки Ҷаҳонӣ хонд, ки гуфтааст, агар марҳилаи аввали бунёди Роғун аз тарафи худи Тоҷикистон сармоягузорӣ шавад, оғози кор ниҳоду кишварҳои дигарро ба консортсиуми бунёди Роғун ҷалб хоҳад намуд.
Ҷаноби Орифов дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт: “Маҳз Бонки Ҷаҳонӣ буд, ки моро мӯътақид кард, ҳамин гуна амал кунем, чунки Тоҷикистон барои ин қисмат аз тарҳ сармоя пайдо хоҳад кард ва акнун мегӯяд, ин иқдом аз нигоҳи лой гирифтани обанбор бехатар нест.”
Ҷаноби Орифов меафзояд, лой гирифтани бистари обанбор танҳо дар асари обхезии бениҳоят бузург мумкин аст, ки чунин сел эҳтимол дорад дар даҳ ҳазор сол як иттифоқ афтад. Ба назари олими тоҷик, Бонки Ҷаҳонӣ акнун ҳар баҳонае меҷӯяд, то сохтмонро ба ақиб андозад ва биноан метавон тавсияи онро нодида гирифт. Вай ёдовар мешавад, ки Қирғизистон тавсияҳои Бонки Ҷаҳониро дар эҳдоси нерӯгоҳи Қамбарота напазируфт ва аз ҳамкорӣ бо он даст кашида, сохтмони нерӯгоҳҳои худро идома медиҳад.
Лекин инро ҳам бояд дар назар дошт, ки Қирғизистон дар ин сохтмон аз сармоягузориҳои умдаи Русия истифода мекунад ва Тоҷикистон чунин "спонсор"-и сарватманд надорад.
Ҷаноби Орифов мӯътақид аст, ки Тоҷикистон бояд тасмими сиёсӣ гирад ва ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро дар тарҳи Роғун қатъ кунад. “Ин тасмимро бояд раисиҷмуҳури Тоҷикистон бигирад ва ман аз чунин тасмим ҳимоят мекунам,”– гуфтааст Дабири Кумитаи миллии тоҷикистонии Кумиссюни байнулмилалии сарбандҳои бузург Ҳомидҷон Орифов.
ҲУҚУҚИ САҲМДОРОНИ РОҒУН
Коршиносони дигари тоҷик низ тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро "фишори сиёсӣ" ба Тоҷикистон мехонанд, аммо хостори қатъи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ нестанд. Вале, мегӯянд онҳо, Душанбе бояд далелҳои хешро дар муқобили тавсияи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ қарор диҳад ва нақшаи хешро ба осонӣ хунсо накунад. Аксари онҳо гуфтаанд, Тоҷикистон бояд ба ҳар қимате ки бошад, Роғунро бисозад ва кишварро аз бӯҳрони энержӣ раҳо кунад.
Бо вуҷуди он ки гуфта мешавад, дар фасли тобистон кишвар ба нерӯи барқ эҳтиёҷ надорад ва ин нерӯро ба хориҷа хоҳад
фурӯхт, дар даҳҳо деҳу шаҳраки Тоҷикистон мардум дар моҳи Рамазон аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд. Чандин шикоятнома дар ин бора аз навоҳии Исфара ва Панҷакент ба торнамои Радиои Озодӣ расидааст.
Бо вуҷуди он ки аз пахши эъломияи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ инак, ду ҳафта мегузарад, ҳукумати Тоҷикистон назари худро ба тавсияи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ эълон накардааст. Дар рӯзи нашри тавсияҳо Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфта буд, дафъатан посух додан мушкил аст, зеро "ҳанӯз баҳсу баррасиҳо идома дорад".
Вале мардуми Тоҷикистон, ки барои иҷрои тарҳи Роғун зиёда аз 700 миллион сомонии худро тақдим доштаанд, зоҳиран аз ҳуқуқи донистани ояндаи он ва сарнавишти саҳмияҳои хеш маҳруманд. Агар ҳоло бозори авроқи қиматдори Роғун фаъол мебуд, нархи саҳмияҳо ба поинтарин ҳад меафтод.
ЛУТФҲОИ ДИГАРИ БОНКИ ҶАҲОНӢ?
Аз он ҷо ки дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва Йорг Фриден, яке аз мудирони иҷроии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи шанбеи 27-уми август дар шаҳри Душанбе низ мавзеъгирии расмии давлати Тоҷикистон эълон нашуд, метавон ҳадс зад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз иҷрои тавсияи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ сарпечӣ нахоҳад кард. Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки соли равон "ҳаҷми кӯмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад."
Аввали соли равон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ барои "пӯшондан"-и касри буҷаи кишвар ҳамагӣ 30 миллион доллар хоста буд. Ба назар мерасад, ин мушкил барои чанд соли оянда аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ҳалли худро пайдо кардааст.
Коршиносони дигар низ тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро "фишори сиёсӣ" ба Тоҷикистон мехонанд, аммо хостори қатъи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ нестанд...