Ҷашнвораро раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов оғоз намуд ва сипас меҳмонони хориҷӣ ифтитоҳи ҷашнвораро ба бинандагон табрик гуфтанд.
Дипломатҳои хориҷӣ ҳамзамон бо ин 20-умин солгарди истиқлолияти Узбакистонро ба раисиҷумҳури ин кишвар ва ҳозирон муборак гуфтанд.
Дар оғози консерт сарояндаи машҳури италиявӣ Ал Бано таронаи «Феличита»-и худро хонд ва пас аз хатми он гаштаю баргашта аз раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов ситоиш кард ва ӯро «президенти ман» номид. Вай афзуд: «Ислом Каримов! Чӣ номе! Чӣ шоирона!Ман ҳис кардам, ки Шумо имрӯз президенти ман ҳам ҳастед!» Ал Бано изҳор дошт, ки мусиқӣ ва сиёсат бо ҳам тавъаманд. Сипас, овозхон порчаи коғазеро аз ҷайбаш берун гирифт ва аз рӯи он ба забони узбакӣ хонд: «Ман туро дӯст медорам, Узбекистон! Ман туро дӯст медорам, Самарқанд!»
Баъд аз ин суханон раисиҷумҳур Ислом Каримов бо кафкӯбӣ аз ҷой бархост, ба саҳна баромад ва Ал Баноро оғӯш кашида, бо вожаи "Гратсие!" аз ӯ ташаккур кард ва ба сароянда ҷомаи зарбофт инъом намуд.
Қабл аз сафар ба Узбакистон овозхони италиявӣ гуфта буд, омодагӣ дорад, як ҳамроҳ бо Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, муштаракан тарона хонад. Аммо дар ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» ӯ танҳо ҳунарнамоӣ кард ва дар намоиши телевизиони Узбакистон духтари президент ба чашм нахӯрдааст. Бино бар хабарҳо Каримов ба духтараш суруданро манъ кардааст.
Соли гузашта барои ширкаташ дар базме дар Тошканд, ки Гулнора Каримова ташкил карда буд, овозхони машҳури англис Стинг дар матбуоти Ғарб ҳадафи интиқод қарор гирифт. Ӯро маҳкум карданд, ки аз як сӯ барои ҳуқуқи инсон ва махусан атфол мубориза мебарад ва аз сӯи дигар дар базми онҳое ширкат меварзад, ки чунин ҳуқуқро поймол мекунанд.
Ҷашнвораи байнулмилалии «Таронаҳои Шарқ» дар соли 1997 ҳамчун озмуни ҳунармандони шашмақомсаро таъсис ёфта, яке аз нахустин ҷоизаҳои онро овозхони тоҷик Олими Искандарӣ гирифта буд. Солҳои баъдӣ самтгирии ҷашнвора тағйир карда, бештар вижагии таблиғотӣ пайдо кард ва ба шоуи сиёсӣ табдил ёфт. Ҷашнвора дар ду сол як бор баргузор мешавад.
Имсол аз Тоҷикистон дар он ҳунарманди тоҷик Малоҳат Абдушукурова ширкат мекунад.