Ин ҷумҳуриҳои мустақил ҳар кадоме талош карданд, ки ин холигоҳро пур ва бо ҳамин камбуди иделогиро бартараф намоянд. Давлати Тоҷикистон низ тӯли ин солҳо бо ташвиқ ва тарғиби ҳодиса ва чеҳраҳову санаҳои муҳими таърихии миллат талош кард, то афкори ҷомеаро машғул бидорад ва то ҳадде аз набуди як иделогияи воҳид ва фарогир ҷилавгирӣ кунад.
Аз ин ҷост, ки тайи давоми солҳои истиқлол, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, соли ориёӣ ва соли гиромидошти Имоми Аъзамро баргузор кард.
Ин ҳама тадобир собит набуданд ва мисле, ки барои фосилаи муайян рӯи даст гирифта шуда буданд, то ки ҳокимиятро дар ин масъала аз як соҳил ба як соҳил ва ё аз як истгоҳ то ба истгоҳи дигар ҳаракат диҳад.
Дар ин сӯҳбати мизи гирди мо Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари умури сиёсӣ иштирок доштанд.
Сайфулло Сафаров: “Ин идея пеш аз ҳама истиқлол аст. Ин истиқлолият ҳамчун идея ва ҳамчун сиёсат ва натиҷаи ҳамаи он муборизаҳое, ки зиёиён ва мардуми Тоҷикистон дар муддати панҷоҳ ё шаст соли ахир буд. Шумо ин ҷо пурсидед, ки чаро дар ин муддат аз ориёиҳо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам ҷашн гирифтем. Яъне ки мафкураи ягонаи ҳоким дар Тоҷикистон нест ва буданаш ҳам имкон надорад. Қонуни асосӣ ҳам онро рад кардааст.”
Муҳаммадалии Ҳайит: “Гурӯҳе соҳиби истиқлол шуд. Истиқлолро ҳамчун манфиат истифода бурд. Бар нафси нафисаи истиқлол таҷовуз кард. Муддати 20 сол ҳам мешавад, ки ба хотири ҷустуҷӯи истиқлол ва идеяи миллӣ сарсону саргардон. Ҳар сол як идея пешниҳод мешавад. Ахиран гуфтанд, ки ваҳдати миллӣ метавонад идеяи миллӣ бошад. Ин мутлақо нодуруст аст. Ба хотири он ки ваҳдати миллӣ ҳанӯз шакл нагирифтаст. Дар даврони Шӯравӣ агарчӣ баду балоҳои зиёде ҳам аз сар гузашт, аз ҳама пеш ақида меистод. Дар ҷои дуввум кор буд ва баъдан пул. Вале имрӯз дар Тоҷикистон арзишҳо воруна аст. Аввал пул, дуввум кор ва баъд аз ҳама охир ақида.”
Саймуддин Дӯстов: “Аввалин нуқта ин ки идеологияи миллиро миллатҳо дошта метавонанд. Ҳол он ки ҷамоеае, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, инҳо ҳанӯз миллат нестанд. Агар воқеан ҳам миллат арзиши мутлақ бошад. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон кӯшишҳои сохтани идеологияи миллиро кардааст, вале он кӯшишҳо ноком будаанд.”

►Вале ҳоло дар ин самт вазъ чӣ тавр аст? Оё идеологияи миллии тоҷикон чӣ буда метавонад ва оё ин холигоҳро бо кадом чизе нав метавон пур кард ва ё ин иделогия дар мо вуҷуд дорад, вале онро дуруст нашинохтеам?