Рашид ночор ба насиҳати падар гӯш медиҳад ва фармудаи ӯро иҷро мекунад: “Масалан агар аъзои ҳизб бошӣ, ту душмани ҳукумат мешавӣ, ба зидди ҳукумат мешавӣ. Барои ҳамин метарсанд, намемонанд.”
Аз падари Рашид, амаки Умар пурсидем, ки чаро намегузорад, писараш бо хостаи худаш амал кунад ва сиёсатмадор шавад? Вай гуфт: "Чӣ кор мекунад бо роҳи сиёсат рафта, ба сиёсат умуман сари кор гирифтан даркор нест."
Маҳз ҳамин бардошт ва мухолифати волидон ба гароиши ҷавонон ба сиёсатро, яке аз омилҳои аслии дарди хатарноки ҷомеаи Тоҷикистон, яъне бетафовутии ҷавонон нисбат ба сиёсат медонанд. Рашид мегӯяд, магар бад аст, ки як ҷавон ба умури сиёсӣ даст занад ва бо донишу абзори сиёсӣ мусаллаҳ бошад, дар тасмимгириҳои давлатӣ саҳм бигирад ва саъй кунад, то садои ӯро ҳам бишнаванд.
Дар воқеъ, агар барои як кишвар тамоюли хубе ҳам бошад, аммо айни замон ва пас аз ҷангу хунрезиҳои солҳои 90-ум барои волидони тоҷик чизи бисёр бад шудааст.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик: "Дар Тоҷикистон мафҳуми демократия ва ё ҳизбро ба маънои авбош, иғвогар, бедодгар ва пеш аз ҳама афроди мухолифи ҳукумат мефаҳманд. Аз ин рӯ табиист, ҳар падару модаре, ки фарзанд барояш азиз аст, намехоҳад, фарзандаш ба сиёсати фаъоле ворид шавад, ки ба корҳои ҳукумат мувофиқ нест."
Дигар аз мусоҳиби мо мегӯяд, бо гузашти бештар аз як даҳа аз хотима ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон насли калонсол ва шоҳиди ҷанг ҳанӯз ҳам сиёсатро мафҳуме ҳаммаъно бо ҷанги шаҳрвандӣ ва омили нооромӣ медонанд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон: "Хонаводаҳо дар ҳама масоил баҳсҳои озод мекунанд ва вақте баҳс вориди сиёсат мешавад, мегӯянд, мон ҳамин сиёсатро."
Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, дар ҳар кишваре масъулияти давлат аст, ки маърифати сиёсии шаҳрвандонашро боло барад ва шароитро барои аз назари сиёсӣ фаъол шудани онҳо фароҳам созад. Вале дар
Тоҷикистон баръакс аст, мегӯяд, Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон: “Ба сиёсат рафтан дарди сар эҷод мекунад, куллан аз ҳуқуқи худ маҳрум мешаванд. Агар фарзанд ё падаре ба сиёсат машғул шавад ва он сиёсат ба ҳукумат номатлуб бошад, он вақт онҳо наметавонанд, соҳиби мартабае дар ҷомеа шаванд. Ба ҳамин хотир аз фарзандонашон гӯшзад мекунанд, ки аз сиёсат худдорӣ кунанд."
Амният Абдулназаров чунин мисол меорад: "Бародарони зиёде доштем, ки ҷонибдори Ҳизби сотсиал-демократ буданд ва ба волидонашон гуфта буданд, ки ба мо мепайванданд. Аммо волидонашон гуфта буданд, ки ба ин ҳизб ворид нашавад, ки бародар ё хешу табораш дар ҳукумат ҳастанд, онҳоро сабукдӯш мекунанд, аз ин рӯ на фақат аъзо нашавед, балки ҷонибдорӣ ҳам накунед."
Чунин мавзеъгирӣ ба гуфтаи мусоҳибони мо, ҷавононро аз сиёсат мегурезонад, ҳатто агар падару модар ҳам мухолиф набошанд ва дар ниҳоят онҳоро ба як табақаи бепарво нисбат ба умури кишвар табдил медиҳад, ки ҳосили он ҳам дар ниҳоят, аз байн рафтани ҳамраъйи миллӣ аст.
Равшан Абдуллоев, мудири бунёди Евразия дар Тоҷикистон мегӯяд, дуруст нест, тамоми гуноҳро ба сари волидони тоҷик зад, зеро ин ҷо тақсири аҳзоби сиёсӣ ҳам ҳаст, ки мардум доир ба онҳо бисёр кам медонанд ва ё ҳеҷ чиз намедонанд. Бештар аз 60 дар сади аҳолии ҳафтуним миллионнафарии Тоҷикистон ҷавононанд ва шаш ҳизби сиёсӣ ҳам воҳима мекунанд, ки дар сафи онҳо насли нави фаъол зиёд аст. Аммо ангуштшумор будани чеҳраҳои сиёсии ҷавон ва шинохта ва ё нигоҳе ба матбуоти Тоҷикистон кофист, ки муболиға будани гуфтаҳои аҳзоб собит шавад.
Давлати Тоҷикистон, ки 5 соли пеш Консепсияи миллии сиёсати ҷавононро қабул карда ва дар он “нерӯи ҷавононро як манбаъи стротежӣ, асоси амнияти миллӣ ва рақобатпазирии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ” эътироф кардааст, аммо ба гуфтаи мусоҳибони мо барои ташвиқи фарҳанги сиёсии ҷавонон, ки як ҳадафи ҳамон консепсия аст, кори зиёде анҷом намедиҳад.
Аз ин рӯ амаки Умар ва садҳо ҳазор падари дигари тоҷик сиёсатро чизи хатарноку нозарур медонанд ва намехоҳанд, фарзандонашон ба он олуда шаванд. Вале бо ин тассавур кори бадеро дар ҳаққи фарзанди худ, балки кишвар, мекунанд. Равшан Абдуллоев: "Як ҷавони номусаллаҳ бо фарҳанги тасмимгирӣ, аз имкони рушд, масалан дар як ширкат ё колхоз маҳрум аст. Агар дар бораи тамоми ҷавонон ва сатҳи як кишвар бигирем, бо ҷавонони бетафовут ба сиёсат Тоҷикистон ҳамчунон дар гурӯҳи кишварҳои ҷаҳони саввум ва бо даромади ночиз хоҳад монд, зеро таҳрикдиҳандаи рушди як кишвар ҳамеша мардуми он аст. Ва бе мардуми фаъоле, ки барои беҳбуди зиндагии худ кӯшиш намекунад, ҳеҷ коре барои рушди кишвар наметавон кард."
Ба гуфтаи Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон, шояд дар ҳукумат ҳалқаҳое гумон мекунанд, ки рафтори волидони тоҷик, ки дар бепарвоиву бетафовутии ҷавонон нисбат ба сиёсат нақши муҳим дорад, ба манфиати онҳост, вале мегӯяд, ӯ ин гумони хатост.
Агар фарзанд ё падаре ба сиёсат машғул шавад ва он сиёсат ба ҳукумат номатлуб бошад, он вақт онҳо наметавонанд, соҳиби мартабае дар ҷомеа шаванд...