Довудов ва Ҷумъаев мегӯянд, 22-юми июл, вақте Андерс Беринг Брейвик болои наврасони норвегӣ ҳамла кард, онҳо сӯи ӯ санг партофта, сипас даҳҳо навраси дигарро дар як ғор пинҳон
намудаанд.
Вақте ки ҷанги дуюми чечен оғоз ёфт, Рустам Довудов як тифли наврас буд. Дар соли 2003 падари Рустам ба қатл расиду аҳли оилааш дар ҷустуҷӯи макони амн ба Норвегия кӯч баст. Онҳо умед доштанд, ки акнун ҳаёти орому осуда хоҳанд дошт. Довудов ба ватани нав меҳр баста, ба сиёсати ин кишвар таваҷҷӯҳ пайдо кард.
Ин буд, ки дар моҳи июл Рустами 16-сола ҳамроҳ бо муҳоҷири дигари чеченӣ Мовсар Ҷумъаеви 17-сола ба ҷазираи Утоя сафар карда, дар урдугоҳи ҷавонони Ҳизби кори Норвегия хайма баст. Рустам мегӯяд: “Мо ба урдугоҳи тобистона рафтем, то бубинем, ки чӣ ҳолу ҳаво дорад. Ҳатман нақши ҳизби кор низ муҳим буд. Мехостем донем, ки ҳизб ояндаро чӣ гуна мебинад.”
Рӯзи 22-юми июл, замоне ки ростгарои ифротӣ Андерс Беринг Брейвик ба нишони эътироз ба сиёсати либерали ҳукумати Норвегия дар муқобили муҳоҷират силоҳ бардошт, Довудов ва Ҷумъаев дар урдугоҳи пайравони ҷавони ҳизби ҳокими кори Норвегия дар ҷазираи Утоя буданд. Брейвик дар Утоя 69 нафарро ба қатл расонд.
Наврасон шоҳиди ҳамлаи Брейвик шуда, худро гум накардаанд. Мовсар панди падарашро ба ёд овардааст, ки ба ҳар ҳамла ҷавоб диҳад. Аз ин рӯ, Рустам ва Мовсар ба тарафи Брейвик санг ҳаво дода, сипас даҳҳо навраси дигар зери раҳнамоии онҳо дар ғоре пинҳон шудаанд.
Довудов мегӯяд, ҳамла ногаҳонӣ буд ва мардум ғафлатзада шуданд вагарна қурбонӣ камтар мешуд: “Ҷои пинҳоншавӣ зиёд буд. Вале мардуми зиёд ба даҳшат афтиданд. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки ҳамла воқеист. Касе бовар карда наметавонист, ки ин гуна ҳамла дар Норвегия рух дода метавонад. Мутаассифона, пинҳоншавӣ ҳам баъзан кӯмак намекард, зеро куштор як соат давом кард.”
Брейвик пеш аз куштори дастаҷамъӣ дар Утоя дар маркази пойтахти Норвегия - шаҳри Осло таркиш раҳандозӣ намуда, 8 нафари дигарро ҳам ба ҳалокат расонда буд. Хонум Лине Брудстад, хабарнигори рӯзномаи норвегии “Дагсбладет” мегӯяд, ӯ аз суханони як навраси наҷотёфта, маълумот гирифт, ки ду ҷавон ба дигарон роҳ нишон дода, онҳоро дар ғор пинҳон карданд. Брудстад ёдовар мешавад, ки
ибтидо баъзеҳо ин қиссаро латифа номиданд, вале баъд вакили мудофеи Брейвик, Гейр Липестад, аз нақли нафари таҳти ҳимояташ тасдиқ кард, ки ҳангоми ҳамла касе ба сӯи Брейвик чизе ҳаво дода буд.
Брудстад меафзояд: “Ӯ бо Брейвик сӯҳбат кард. Брейвик ба ӯ гуфт, ки ҳамон вақт касе ба тарафаш чизе партофта буд. Ба фикрам нақл намудани ин қисса кори дуруст аст. Мо то кунун дар бораи куштори Утоя қиссаи зиёде шунидем. Бо чӣ асос мо ба ин қисса бовар накунем?”
Раисиҷумҳури Чеченистон Рамзон Қодиров қиссаи Рустам ва Мовсарро шунида, гуфтааст, ки онҳо воқеан ҳамчун қаҳрамон амал кардаанд. Аксуламали мардонаи Рустаму Мовсар таваҷҷӯҳ ба муҳоҷирони чечении муқими Норвегияро ҷалб кард. Баъзе аз онҳо мегӯянд, мақомоти норвегӣ дархости паноҳандагии як идда чеченҳоро рад карда, онҳоро ба ватанашон бозгардонданд. Бар илова пулиси норвегӣ ба таври муназзам хонаҳои онҳоро тафтиш мекунад.
Зимнан, дар ҷазираи Утоя як ҷавони дигари чеченӣ Анзор Ҷукаев низ ҳузур дошт. Пас аз куштори дастҷамъӣ як навраси наҷотёфта ба пулис маълумот дод, ки ҳангоми ҳамла Ҷукаев ба шакли шубҳабарангез ором буд. Дар натиҷа пулис тамоми дороии Ҷукаев ва аз ҷумла телефони мобили ӯро мусодира карда, худашро тӯли 17 соат дар боздоштгоҳ нигаҳ дошт. Вале вақте пулис ҳеҷ далеле бар зидди ӯ пайдо накард, Ҷукаев озод шуд. Ҳоло Ҷукаев тасмим гирифтааст, ки пулиси Норвегияро бо айбномаи боздошти бедалел ба додгоҳ кашад.
Вале дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Рустам Довудов гуфт, аксуламали ороми наврасони чечен ба фарқ аз дигарон қобили фаҳм аст, зеро онҳо ҷангро бо чашми худ дидаанд.
Раисиҷумҳури Чеченистон Рамзон Қодиров қиссаи Рустам ва Мовсарро шунида, гуфтааст, ки онҳо воқеан ҳамчун қаҳрамон амал кардаанд...