Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли "суқут"-и Қаззофӣ


Шӯришиёни Либия ибрози умедворӣ намудаанд, ки ҳукумати Муаммар Қаззофӣ то поёни моҳи Рамазон суқут хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ "рӯзҳои ками Қаззофӣ боқӣ мондааст."

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки рӯзи чаҳоршанбе шӯришиёни Либия ба пешравиҳои худ ба самти Троблус идома дода ва раҳбарони он мегӯянд, "ҷанги дохилии шашмоҳаи Либия вориди марҳалаи ҳассосе шуда ва эҳтимол дар зарфи чанд ҳафтаи оянда ба поён бирасад."

Мухолифини мусаллаҳи Қаззофӣ дар ҳоли ҳозир ҳалқаи муҳосираи пойтахтро аз ғарбу ҷануб тангтар карда ва дар ҳоли пешравӣ будаанд.

Мансур Сайф ал-Носир, намояндаи Шӯрои миллии интиқолии Либия дар Порис гуфтааст, шӯришиён ҳам акнун контрол ё назорати комили шаҳри Зовияро дар даст доранд. Зовия бандари нафтии муҳими Либия аст.

Вай афзудааст, ки "мо дар ҳоли гузар ба як марҳалаи ҳассосе ҳастем. Умедворем, ки дар поёни моҳи Рамазон пирӯзии ниҳоии худро ҷашн бигирем."

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар ҳоле ки мухолифин дар Либия мегӯянд, контрол ё назорати бахшҳои умдаи Зовияро дар даст доранд, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ рӯзи сешанбе иқдом ба гулӯлаборони ин шаҳр кардаанд, ки дар ҷараёни он чандин нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Мустафо Абдуҷалил, раиси Шӯрои миллии интиқолии Либия, ҳар гуна музокира бо ҳукумати Муаммар Қаззофиро рад кард. Вай гуфт: “Шӯрои интиқолии моил аст, эълом кунад, ки ҳеҷ гуна музокирае, чи мустақим ва чи ғайримустақим, бо режими Қаззофӣ ё намояндаи вижаи он дар СММ надоштааст."

Ӯ афзуд: "Қаззофӣ бояд истеъфо дода дода ва Либияро тарк кунад." Дар Вашингтон, вазири дифои Амрико низ гуфт, гузоришҳои расида дар бораи паноҳанда шудани нерӯҳои калидии Либия нишонаи он аст, ки режими вай дар ҳоли фурӯпошист.

Муаммар Қаззофӣ, ки 42 сол бар Либия ҳукумат мекунад, мудаии пирӯзӣ шуда ва дар як паёми садоӣ, ки аз телевизони он кишвар пахш шуд, гуфт: "Поёни истеъморгарон ва хиёнаткорон наздик шудааст."

Ҳукумати Қаззофӣ ҳар гуна шикастро рад карда ва мегӯяд, нерӯҳои вафодор ба он, шаҳрҳо ва манотиқи тасарруфшуда аз сӯи шӯришиёнро дар тайи рӯзҳои оянда бозпас хоҳанд гирифт.

Дар ҳоле ки Муаммар Қаззофӣ таҳти фишорҳои шадиди байналмилалӣ ва дохилӣ дарор дорад, рӯзи сешанбе тавонист, ҳимояти Ҳуго Чавез ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раҳбарони Венесуела ва Эронро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG