Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тақрибан 5 миллиард доллар аст, яъне камтар аз соли 1990 - нуқтаи авҷи пешрафти иқтисодии ин кишвар - ва мусодифи авоили солҳои 70. Гӯиё ақрабаки вақт барои Тоҷикистон баъд аз соли 1991 баръакс ба ақиб ҳаракат кардааст.
Аммо дар ин 20 соле, ки аз суқути империяи
азиму ваҳмноки Шӯравӣ гузашт, 14 ҷумҳурии дигар аз “хонаводаи халқҳои дӯсту бародари шӯравӣ” ба куҷо расиданд ва ақрабаки соати таърих барои онҳо ба кадом самт – пеш ё қафо – ҳаракат мекард?
Се додарон аз лаби Балтик
Созмони Freedom House гуфтааст, ки бо гузашти 20 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба истиснои 3 ҷумҳурии соҳили Балтик 80 дарсади дигари ин қаламрав ҳамоно таҳти султаи низомҳои худкома ба сар мебарад. Латвияву Литва ва Эстонияро ба “хонаводаи ягонаи халқҳои шӯравӣ” иҷборан ва хеле дертар аз дигарон – дар соли 1940 - ҳамроҳ карданд ва чунин ба назар мерасид, ки ҳарсе то охир як фарзанди ӯгай барои ин “хонавода” боқӣ монданд.
"Прибалтика" бо тамоми чизаш – чӣ тарзи зисту рафтор, чӣ тавлиди мол ва ҳатто бо талаффузи пурзадаи русиаш - аз соири ҷамоҳири вақти шӯравӣ фарқ мекард. Дар он аҳд саёҳат ба Рига ё Таллин тақрибан ҳамсанги сафари хориҷа буд ва фаровардаҳои ин минтақа ҳам, барои мисол, радиои “ВЭФ” ё микроавтобуси “РАФ” сифати беҳтаре дошт.
Бо оғози бозсозӣ нахустин алтернативаҳо ба КПСС маҳз дар ҳамин 3 ҷумҳурӣ зуҳур кард ва нахустин шуда ҳизби яккатози
коммунистро дар интихоботҳо ҳам Фронтҳои халқии Латвияву Эстония ва Ҷунбиши "Саюдис"-и Литва шикаст дода, эълони истиқлол карданд. Ва дар августи соли 1991, вақте дар Маскав талоши кудато шуд, дар Таллину Рига ва Вилнюс онро як кори дохилии СССР хонданд, ки гӯё рабте ба онҳо надорад.
Баъди суқути Шӯравӣ Латвияву Литва ва Эстония ҳар кадом қонуни люстратсия ё поксозиро ба иҷро даровард, ки афроди муҷрим ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Маскавро аз ҳаққи ширкат дар интихобот ва фаъолияти сиёсӣ маҳрум мекард. Ҳарсе аз меҳвари Маскав комилан канда, роҳ ба сӯи Аврупо гирифтанд ва дар соли 2004 аз миёни кишварҳои шӯравии собиқ нахустин шуда, ба узвияти ҳам НАТО, ҳам ИА ва ҳам ба минтақаи Шенген пайвастанд. Эстония аз соли 2011 ҳатто аз пули миллиаш - крона – даст кашид ва ба евро гузашт.
Кеститус Гирниус аз Пажӯҳишгоҳи улуми сиёсии Донишгоҳи Вилнюс мегӯяд, ин ҳама ҳокии роҳи дар воқеъ бузургест, ки ин се
ҷумҳурӣ дар 20 соли охир тай карданд: “Расидан ба узвияти ИА кори андак нест. Номзадҳо бояд талабҳои сангинеро иҷро кунанд. Ин раванди хеле тӯлонист ва барои мисол, Туркияро бубинед, ки чанд сол боз пушти дари ИА навбат мепояд. Пайвастан ба НАТО, албатта, осонтар буд, вале дар ин роҳ низ кулли аъзои ин паймони низомӣ бояд ба дараҷаи ҳассосияти доираҳои сиёсии Балтик эътимод ҳосил мекарданд, ки то куҷо метавонанд Русияро таҳрик диҳанд, ё худ ба чунин таҳрикҳои Русия дода шаванд. Мардуми ин минтақа ояндаи худро танҳо ва танҳо дар Аврупо медиданд ва барои худ фақат ва фақат чунин ояндаро мехостанд.”
Ҷаноби Гирниус вале афзуд, ки мушкилоти иқтисодие то ҳол гиребонгири Литваву Латвия ва Эстония буда, бахши аъзами қишри ҷавони сокини ин минтақаба хотири зиндагии беҳтар ҳавои муҳоҷират ба Ғарбро дар сар доранд.
Аммо бо зери 6 миллион ҷамъият ва масоҳати ҳамагӣ 20 дарсад бештар аз ҳудуди Тоҷикистон, ҳаҷми иқтисоди ин се кишвар боз ҳам 110 миллиард доллар аст, яъне 20 маротиба бештар аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон.
Пешрафт аз тоталитаризм то ... низомҳои худкома
Бо ин ҳол, 11 кишвари дигари шӯравии собиқ бо вуҷуди талошҳое пароканда дар меҳвари нуфузи Русия ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд боқӣ монданд. Гурҷистон ҳам дар аҳди Михаил Саакашвилӣ аз ин осмон канд, вале дар баҳои сангини шикаст дар ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия ва аз даст додани ду вилояташ - Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ.
Русияи аҳди Елтсин, албатта, булаҷабиҳое, чун тирборони парлумон дар октябри соли
2003, тақаллуби оро дар интихоботи соли 1996 ба хотири ба қудрат роҳ надодани коммунистҳо, ё ҷанги Чеченистонро дошт, вале озодиҳои демократиро ба сурати умум муроот мекард. Таҳлилгари рус Александр Умнов мегӯяд, Русия аз ин масир вақте хориҷ шуд, ки қудрат ба дасти Владимир Путин омад: “Русия дар ин 20 сол ҳамин қадар кор кард, ки аз давлати тоталитарӣ ба давлати худкома табдил ёфт. Албатта, давлати феълӣ чун дар даври шӯравӣ бар тамоми соҳаҳои зиндагии мардум нуфуз надорад, вале нақшаш хеле азим боқӣ мемонад. Украинаву Беларус низ тақрибан дар ҳамин масир қарор доранд. Беларус тоза пой дар ин роҳ гузошта, Аляксандр Лукашенкаро, ки 17 сол боз дар сари қудрат аст, ҳатто “охирин диктатори Аврупо” ном мебаранд. Украина низ ба масири эъмори давлати худкома баргашт, ҳарчанд аломатҳои демократия дар ин кишвар ҳанӯз фаровон мушоҳида мешавад. Вале ба назари ман, роҳи ин кишварҳо то як демократияи воқеӣ ҳанӯз хеле тӯлонист.”
Вақте Шӯравӣ рафт, аксар умед дошт, ки Русияи Борис Елтсин дар роҳи эъмори ҷомиаҳои демократӣ як намунаи ибрат барои кишварҳои ҳамроҳаш хоҳад шуд. Аммо равиши Маскав дар аҳди Путин дуруст баръакс шуд ва худ аз низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ибрат ҷуст. Албатта, бо ин фарқ, ки раёсаташро мустақим тамдид накард, балки бо ҳазфи тақрибан комили мухолифон аз саҳна муваққатан ба Дмитрий Медведев супурд, ки ба бовари маҳофил, аз хатти кашидаи Путин берун намеравад ва курсиро бидуни чуну чаро ба ӯ бар хоҳад гардонд.
Миллате бо 50 миллион нуфус бедавлат
Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, Русия таърихан байни Шарқу Ғарб мекалавад ва худро гоҳ ба соҳили ислоҳот мезанаду гоҳ ба соҳили акс, ки ҳоло онҷост. Аммо ба эътиқоди ӯ, аз бахши аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ бахусус сарнавишти Украина хеле пурпечутоб ва омӯзанда аст: “Украина то ҳол натавонистааст ҳамчун давлат воқеъ шавад, чунки ихтилофоти хеле амиқи таърихиву анъанавӣ дорад. Ғарбаш ба сӯи ҳамоиш бо Аврупо
алоқаманд аст, вале шарқи Украина ҳамчунон ба сӯи Маскав нигоҳ мекунад. Украиниҳо бузургтарин миллати дунёст, ки бо 50 миллион ҷамъият аз соли 1654 ба ин сӯ, тайи 350 соли гузашта аз замони гетман Богдан Хмелнитский давлати миллӣ надошт. Русия ҳамеша дар ин ҷо дасти дахолат дорад ва намегузорад, ки Украина бо Аврупо наздик шавад. 50 миллион ҷамъияти кофист, ки ҳарфи давлатро дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳадди ақал шунаванд, вале Украина байни Русия ва Аврупо дармонда, ҳамеша таҳти фишори Маскав аст.”
Украина баъд аз “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 кӯшишҳое кард, ки худро аз оғӯши буғикунандаи Русия халос кунад, вале дар интихоботи ахираш Виктор Януковичи рӯ ба Маскав пирӯз шуд, на Юлия Тимошенкои ғарбгаро. Бо ҳамин орзуву азми Киев ба сӯи ИА ва НАТО як муддат замин шуд.
Музейи зиндаи СССР
Аммо дар Беларус чархи таърих гӯё дар ҳамон даврони Шӯравӣ ист кардааст, ки Нуралии Давлат ин кишварро ҳатто “осорхонаи зиндаи СССР” ба қалам медиҳад: “Қариб ки ҳеҷ чиз дар ин ҷо тағйир наёфтаст. Ҳатто КГБ то ҳол бо ҳамон номи қадимаш боқист. Дар воқеъ намунаи барҷастаи як осорхонаи коммунизм аст ин кишвар. Яъне моломоли тақлид ба пешвоёни шӯравие, чун Брежневу Хрушёв ва Сталин. Давлати Лукашенка саддарсад нусхаи ҳамон низоми Шӯравист. Ҳамон сохторҳоро ҳифзу ҳимоят кард, як низоми худкома сохт ва худаш дар сари қудрат монд.”
Аз ҷумҳуриҳои қисмати аврупоии Шӯравии собиқ якеи дигар Молдова аст, ки дар авоили солҳои 90 монанди баҳси тоҷикиву форсӣ низ дар ҷустуҷӯи ҳуввияти миллиаш дармонд, ки руминанд онҳо ё молдован ва забонашон ҳам гӯише аз руминист ё як забони мустақил? Ин кашмакашҳо ҳанӯз фурӯ нанишаста, вилояти лаби Днестр табли ҷудоихоҳӣ зад ва ҷанге бархост, ки мунҷар ба таҳти ҳимояти артиши Русия аз итоати Кишинёв рӯ тофтани ин вилояти умдатан русзабон шуд.
Қафқози дар чанги ҷангҳо
Ҳеҷ як минтақаи дигари Шӯравии собиқ шоҳиди чунин шумори ҷангҳои ҷудоихоҳӣ нашудааст, ки Қафқоз. Қафқози шимолӣ инак ду даҳсола боз дар чанги ҷангҳоест, ки байни артиши Русия ва чирикиҳо дар Чеченистон оғоз ёфт, ба Доғистону Ингушистон кӯчид ва дигар рафту рафту рафт...
Дар ҷануби Қафқоз Озарбойҷони саршор аз нафту газ бо Арманистон бар сари вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ вориди ҷанги хунин шуд. Музокироти мақоми ин сарзамин аз соли 1994 ба ин сӯ бенатиҷа идома дорад, вале масъалаи Қаробоғ як омили ҳалкунанда дар сиёсати ҳарду кишвар боқӣ мемонад. Дар Арманистон баъди чанд соли раёсати Левон Тер-Петросиёни озодандеш қудрат ба дасти арманиҳои Қаробоғ хӯрд. Ду давра Роберт Кочариён дар раёсат нишаст ва сипас навбатро ба Серж Саркисиён дод, ки низ аз Қаробоғ аст.
Дар Озарбойҷон раиси вақти ин ҷумҳурӣ Абулфайз Элчибой маҳз ба далели шикасти нирӯҳои озарӣ дар ҷанги Қаробоғ сарнагун шуд ва Ҳайдар Алиев ба раёсат баргашт. Александр Караваев, устоди МГИМО, донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав мегӯяд, Алиев умеди мардум барои баргардондани Қаробоғро бароварда сохта натавонист, вале тавонист ба нахустин ҳукумати меросӣ дар Шӯравии собиқ даст биёбад ва қабл аз марг қудратро ба писараш Илҳом супорад: “Ҳайдар Алиев дар пешорӯи интихоби сахте қарор дошт. Ӯ ҳамчун як раҳбари собиқадори замони
шӯравӣ вақте омад, ки Озарбойҷон дар як ҳоли хароб қарор дошт. Алиев дар саноат ва кишоварзӣ ислоҳоти муҳими иқтисодӣ анҷом дод, ба риштаи нафт сармояи зиёд ворид кард, вале вақте масъалаи таҳвили қудрат пеш омад, раёсатро ба писараш супурд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои демократии таҳвили қудрат нест ва дар бораи табиати режими ҳокими Озарбойҷон суолҳои зиёдеро бармеангезад. Мо онро демократӣ гуфта наметавонем.”
Аммо роҳи Озарбойҷону Арманистон чунон пурчолиш набуд, ки таърихи Гурҷистон дар ин 20 соли охир. Ҳанӯз дар соли 1990 дар Гурҷистон нирӯҳои қавмгаро ба раҳбарии Звиад Гамсахурдиа ба қудрат расиданд, ки бо таъкиди беш аз ҳадд ба масоили миллӣ вилоятҳои мухтори Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба сангари ҷудоихоҳӣ тела доданд.
Ҳукумати Гамсахурдиа дар оғози соли 1992 тавассути як кудатои низомӣ суқут кард ва ба ҷойи ӯ вазири собиқи хориҷаи СССР Эдуард Шеварднадзе омад, то дар тирамоҳи соли 2003 таҳти фишори эътирозҳое, ки “инқилоби садбаргҳо” ном гирифт, бо дасти Михаил Саакашвилӣ барканор шуд. Саакашвилии ғарбгаро дар ин 8 сол ислоҳоти муҳиме анҷом дод, ҷудоихоҳиро дар Оҷористон ором кард ва Тифлисро аз меҳвари Маскав хеле дуртар бурд. Вале талошаш барои бо зӯр “ром” кардани Осетияи ҷанубӣ дар августи соли 2008 ба ҷанг бо Русия ва шикасти зуди Гурҷистон мунҷар шуд ва Русия дар пай ҳам Осетияи ҷанубӣ ва ҳам Абхозистонро тасарруф кард ва ҳардуро ба расмият шинохт.
Сабқати собиқаи ҳокимон
Дар Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, ки дар ин 20 соли гузашта аз суқути Шӯравӣ ду дафъа – дар солҳои 2006 ва 2010 – ҳокимони худро тавассути инқилобҳо суқут дод, 4 кишвари дигар ин ҳама сол гӯё бо собиқаи ҳокимонашон сабқат мекарданд. Тоҷикистон 5 соли ҷанги хунини шаҳрвандиро таҷруба кард. Таъқиби мухолифони сиёсӣ ва бастани даҳони матбуот низ ба як таҷрибаи оддӣ барои низомҳои худкома дар ин минтақа, албатта, ба истиснои Қирғизистон, табдил шудааст. Дар Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистону Тоҷикистон дар ин 20 сол ягон интихоботе нагузашт, ки ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ бошад. Ҳузури мухолифон дар Қазоқистону Тоҷикистон хеле ночиз буда, дар дуи дигар ба ҷуз аз аҳзоби ҳокиме, ки дар заминаи ҳизби коммунист сохта шудаанд, ҳеҷ ҳизби дигаре иҷозат ва ҷуръати фаъолият надорад.
Нуралии Давлат мегӯяд, то кунун ин минтақа боре ҳам шоҳиди бо хоҳиши худ аз мақом рафтани ҳокимонаш нашудааст: “Роҳбароне ки буданд, қариб ҳеҷ кадомаш иваз нашуд. Сафармурод Ниёзов соли 1985 раҳбар шуд ва то маргаш дар соли 2006 раҳбарӣ кард. Назарбоев соли 1989 котиби якум шуд. Каримов низ ҳамон сол. Аскар
Оқоев – соли 1990. Ва онҳо вақте ба мансабҳои аввал расиданд, дигар ба касе надоданд. Яъне аз як ҷониб ҳамон тафаккури коммунистӣ ғалаба мекард, ки ҳокимони он замон то мурдан аз мақом намерафтанд. Аз сӯи дигар, кишварҳо кишварҳои шарқианд бо ҳамон собиқаи амиру султону подшоҳ, вале акнун номаш дигар – президент.”
Александр Умнов мегӯяд, синни аксари ҳокимони Осиёи Марказӣ дигаре ба ҷое расида, ки дар солҳои наздик роҳҳои таҳвили қудрат ва муҳимтар аз ҳама, ба кӣ супурдани мақоми аввалро ба як мавзӯи доғи ин минтақа табдил хоҳад дод: “Душвор аст гуфтан, ки ин кор бо чӣ шева анҷом хоҳад шуд. Русия, ки бо Осиёи Марказӣ марзи симхорбанд надорад ва ба ин зудиҳо нахоҳад дошт, низ ба ҳифзи субот дар ин қаламрав ва табъан ба ҳифзи ҳамин кланҳои ҳоким манфиатдор аст. Ғарб низ тақрибан ба ҳамин назар аст, чунки аз як сӯ чашм ба манобеъи нафту гази Осиёи Марказӣ дӯхтааст ва аз сӯи дигар нигарони ифротгароии исломиест, ки ба ҳар сурат дар ин қаламрав ҳузур дорад. Мардуми Осиёи Марказӣ низ тарафдори субот аст ва суботро аксаран дар ҳифзи ҳамон кланҳои ҳоким мебинад. Аз ин рӯ, таҳвили қудрат дар ин паҳно метавонад дар чаҳорчӯби хонаводаи ҳоким сурат бигирад ваё мунҷар ба таркишҳое шавад, ки намунаҳояшро мо ду дафъа дар Қирғизистон дидем.”
20 соле ки аз суқути Шӯрaвӣ гузашт, барои 15 ҷумҳурии дар гузашта “дӯсту бародар” ба ҳамин минвол сипарӣ шуд ва ба ҳисоби Freedom House, дар ин 20 сол ҳамагӣ 20 дарсади аҳолии Шӯравии собиқ ба озодӣ ва демократия расиданд. Пас чанд соли дигар бояд гузарад, ки боқии ин мардум ҳам ба чунин саодат шарафёб шаванд? Суоле ки посухаш дар дасти ҳамон ақрабаки соати таърих аст, ки аз ин ба баъд пеш хоҳад гашт ё қафо?

... ба назари ман, роҳи ин кишварҳо то як демократияи воқеӣ ҳанӯз хеле тӯлонист...