Баҳс аслан сари он аст, ки тақрибан шаш моҳи пеш нашрияи "Азия-Плюс" ин раёсатро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон дар рафти тафтишот муттаҳам карда буд.
Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири корҳои дохилӣ нашрия ва муаллифи мақола -- Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашид ва 1 миллион сомонӣ ҷуброн хост.
Дар баҳси навбатӣ, ки рӯзи 15-уми август доир шуд, ҷонибҳо хостори расидан ба созиш шуданд. Тозагии ин баҳси додгоҳӣ низ ин
буд, ки нахуст ҷониби даъвогар пешниҳоди гузашти ҳамдигар ва ё созишро пешниҳод кард.
Масъулони нашрияи "Азия-Плюс" ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд, вале гуфтанд, ба хотире ба ин созиш розиянд, ки агар ҷониби даъвогар ягон шарти худро дар миён нагузорад.
Аммо ҷониби даъвогар мегӯяд, пас аз расидан ба созиш, нашрия бояд ягон раддияе ба нашр бирасонад. Барои мисол, бинависад, ки баъзе аз факту далелҳои овардааш нодуруст ё ин ки бармаҳал будаанд.
Масъулони "Азия-Плюс" ба ин шарт ризо нашуда ва гуфтанд, ки агар ҷониби даъвогар худ ягон номае дар ин бора ба нашрия фиристад, онро чоп мекунанд, аммо худ ягон гуна раддия нахоҳанд навишт.
Идомаи баррасии парвандаи мазкур ба рӯзи чаҳоршанбе, яъне 17-уми август мафқуф гузошта шуд ва коршиносон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар баҳси ниҳоӣ ҷонибҳо ба ҳам гузашт карда, ба созиш бирасанд.

Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ