Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Эрдинай: "Туркия аз рӯйдодҳои Сурия нигарон аст"


Ҷиҳод Эрдинай, сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех
Ҷиҳод Эрдинай, сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех

Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Ҷиҳод Эрдинай-сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех.

Интиқодот аз саркӯбии эътирозҳои Сурия аз сӯи режими Башшор Асад рӯз то рӯз меафзояд. Дирӯз Абдуллоҳ бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, сафирашро аз Димишқ фаро хонд. Малик Абдуллоҳ гуфтааст, ончӣ дар Cурия мегузарад, барои Саудия ғайри қобили қабул аст. Ӯ афзудааст, ки Сурия дар оянда ду роҳи интихоб дорад, ки ё аз хирад кор гирифта, пой ба масири ислоҳот мегузорад ва ё ба вартаи шикасту бохт фурӯ хоҳад рафт.

Лигаи давлатҳои араб ва Шӯрои ҳамкории Халиҷ низ аз вазъи дар Сурия бонги изтироб зада, хостори қатъи билофосилаи хушунатҳо дар ин кишвар шуданд. Вазири хориҷаи Урдун Носир Ҷуда ҳам шиддат гирифтани хушунатҳо дар Сурияро «ташвишовар» хонд.

СУРИЯ ВА КОСАИ САБРИ ЛАБРЕЗИ ТУРКИЯ

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, косаи сабри Туркия дар қиболи режими Башшор Асад лабрез шудааст. Эрдуғон гуфт, рӯзи сешанбеи 9-уми август вазири хориҷаашро бо як паёми шадид алайҳи саркӯбии эътирозҳо ба Димишқ мефиристад.

Чунин ба назар меояд, ки Туркия дар аҳди Эрдуғон ба як бозигари умда дар саҳнаи Ховари Миёна табдил ёфтааст.
Ҳафтаи гузашта сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех- Ҷиҳод Эрдинай аз қароргоҳи Радиои Озодӣ шаҳри Прага боздид намуда, ба суолҳои хабарнигор Роберт Тайт посух дод.

Ба қавли сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех- Ҷиҳод Эрдинай, Сурия наздиктарин ва муҳимтарин ҳамсояи Туркия мебошад.
Ҷиҳод Эрдинай, сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех
Эрдинай меафзояд, ки ҷорӣ шудани режими рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба рушди равобити иҷтимоиву иқтисодии тарафайн кумак кардааст.

Ӯ таъкид мекунад, ки Туркия аз рӯйдодҳои ахири кишвари ҳамсоя хеле нигарон аст: “Ба фикри мо ҳаводиси ахири Ховари Миёна, яъне Баҳори араб ин аксуламали таъхирафтодаи мардуми минтақа аст, ки ба рӯйдодҳои Аврупои шарқӣ шабоҳат дорад. Мо ин рӯйдодҳоро пайгирӣ дорем. Аз нуқтаи назари кӯмаки башарӣ ва таҷрибаи демократии Туркия мо ба онҳо ёрӣ мерасонем. Барои мисол дар Тунис мо ба ҳайси кишвари раҳбари Шӯрои Аврупо дар раъси як ҳайати аврупоӣ ба Тунис сафар карда, бо онҳо музокирот анҷом додем. Мо мувофиқат кардем, ки ҳукумати муваққати Тунис аз таҷрибаи Комиссияи Вена ва Шӯрои Аврупо кор мегирад. Мо бар ин бовар ҳастем, ки дар ҳалли рӯйдодҳои минтақа ва аз ҷумла Сурия муколама шарти зарурӣ буда, ҳамкорӣ тавассути ҷараёнҳои демократӣ сурат гирад. Вале мутаассифона дар Сурия мо то кунун шоҳиди ин ҳол нашудаем. Мо аз ҳаводиси ахири Сурия дар ташвиш ҳастем ва умед дорем, ислоҳоте, ки ҳукумати ин кишвар ваъда додааст, амалӣ хоҳад шуд.”

"ЭРОН ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОСОИШТАИ ЭНЕРГИЯИ ҲАСТАИРО ДОРАД."

Дар идомаи сӯҳбат сафири Туркия дар Прага ба равобити кишвараш бо Эрон-ҳамсояи дигари Туркия ишора кард. Ӯ гуфт, ки Эрон ҳам мисли ҳар кишвари дигар олам ҳақ дорад, энергияи ҳастаиро бо ҳадафҳои осоишта истифода барад. Ҷиҳод Эрдинай ёдовар шуд, ки Туркия аз барномаи ғанигардони уран барои Эрон дар хориҷ аз қаламрави ҷумҳурии исломӣ пуштибонӣ кард, вале ин пешниҳод аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ қабул нашуд.

Сафири Туркия илова кард: “Ба фикри мо агар ин барнома ҳамон вақт амалӣ мешуд ва уран аз Эрон ба Туркия ва Бразилия интиқол меёфт ва баъди ғанигардонӣ боз ба Эрон барои истифода дар бемористонҳо ва сектори беҳдоштии ҷумҳурии исломӣ баргардонида мешуд. Он барномаи рад шуд. Ҳоло Туркия мулоқоти Эрон бо
Ҷиҳод Эрдинай, сафири Туркия дар Ҷумҳурии Чех

гурӯҳи панҷ ҷамъи як, яъне панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ИМА, Русия, Британия, Фаронса ва Чин ҳамроҳ бо Олмонро сарпарастӣ мекунад. Аввалин нишасти ин гурӯҳ дар Женева ва дуюмаш дар Истанбул доир шуд. Умедворем, ки муколама бо ҳалли баҳс ба анҷом мерасад, ҳама аз натиҷаи он розӣ хоҳанд буд ва таҳрими Эрон лағв хоҳад шуд.”

НАСЛКУШӢ Ё ФОҶЕА?


Сипас сафири Туркия дар бораи ҳаводиси соли 1915, ба вижа куштори арманиҳо сӯҳбат кард, ки як мушкили умда дар эҳёи равобити миёни Туркияву Арманистон аст.

Ҷиҳод Эрдинай аз ҷумла гуфт: “Бале, ду кишвар Арманистон ва Туркия дар бораи ҳаводиси соли 1915 натиҷагирии мухталиф доранд. Арманиҳо истилоҳи қатли ом ё худ генотсидро истифода мебаранд. Мо он ҳаводисро фоҷеаи Ҷанги Аввали Ҷаҳонӣ меномем. Ин як бало буд. Вале ҳар ду тараф, манзур муаррихони ҳар ду тараф, бояд канори ҳам нишаста, бубинанд, ки чӣ сабаби ин фоҷеа шуда буд.”

Сафири Туркия хотирнишон кард, ки сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон чанд сол пеш таъсиси як ниҳоди муштарак барои таҳқиқи ҳаводиси соли 1915-умро пешниҳод кард, вале то кунун Арманистон ба он посухи мусбат надодааст.

Дар интиҳои сӯҳбат бо радиои Озодӣ сафири Туркия дар Прага Ҷиҳод Эрдинай дар бораи таҳаввулоти ахир дар артиши ин кишвар ба вижа истеъфо ва таъйини раҳбарони Ситоди кулли артиши Туркия ва баҳси озодии матбуот ва муҷозоти баъзе хабарнигорони расонаҳои мустақили ин кишвар тафсилот дод.
XS
SM
MD
LG