Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш дар таърихи 2-юми август, пас аз баррасиҳои чандмоҳаи ҳамагонӣ, саранҷом ба ин қонуни пурсару садо ва баҳсбарангез имзо гузошта буд.
Имрӯз бо нашри ин қонун дар нашрияҳои расмӣ, ин қонун ба ҳукми иҷро даромад ва бар асоси яке аз бандҳои он, дигар рафтани ҷавонони то синни 18 сола ба масоҷид мамнӯъ аст.
Аз он ҷо, ки тарҳи қонун баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ва вокуниши манфии созмонҳои байнулмилалиро ба бор оварда буд, умедворие дар миён буд, ки раисиҷумҳур онро имзо нахоҳад кард ва барои бознигарӣ ба парлумон хоҳад баргардонд. Вале чунин ҳолате ба вуқӯъ напайваст ва акнун имзои қонун вокунишҳои бештареро ба вуҷуд овардааст.
Имзои ин қонун аз сӯи раиси ҷумҳур дар рӯзи 2-юми август дар ҳолест, ки аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл бидуни баҳс қонунро тасвиб карда буданд. Дар нимаи моҳи июни соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар низ қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро пазируфта буданд.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз коршиносон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон мекунанд.
Ҳамчунин онҳо аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод карда буданд
Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 000 нусха мунташир шуда буд.
Тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда буд.
Баррасии умумии ин тарҳ моҳи феврали соли ҷорӣ ба поён расид, ки бино ба гуфтаи мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тӯли дуним моҳи баҳсу баррасӣ бештар аз севуним ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст.