Аммо на дар масъалаи баробарҳуқуқии зану мард.
Ин баробарӣ, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст, дар ин минтақаи мусалмонннишин ширкати занонро дар сиёсат, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа таъмин мекунад. Бо ҳам назаре мекунем ба “Даҳгонаи Занҳои Бонуфузи Осиёи Марказӣ”, ки бархе бо ҳунару тавони худ ба мартабаҳои баланд расидаанд, аммо роҳи бархи дигарро ба саҳнаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ хонаводаҳояшон ҳамвор кардаанд.
Отунбоева моҳи июли соли 2010 ба маснади раёсати ҷумҳури Қирғизистон нишаст. Ин хонуми таълимдида дар Маскав ва дипломати собиқ ягона занест дар Осиёи Марказӣ, ки чунин мартабаи баландро соҳиб шудааст. Ӯ модари ду фарзанд буда, дар гузашта аз кишвараш дар Амрикову Британия намояндагӣ кардааст. Отунбоева ҳамчунин дар замони раҳбарии ду президенти қаблӣ, Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев вазири умури хориҷии Қирғизистон буд.
Духтари дуюми президенти Қазоқистон Динора Қулибоева ягона хонуми Осиёи Марказӣ аст, ки бо сарвати холиси баробар бо 1 миллиарду 300 миллион доллар ба рӯйхати султонҳои сарвати дунё дар маҷаллаи “Форбс” ворид шудааст. Ӯ чаҳорумин нафари сарватманд дар Қазоқистон номбар мешавад. Ҳарчанд , Форбс “Бонкдорӣ”- ро аз манобеи аслии боигарии Динора зикр кардааст, аммо ин бахши фаъолиятҳои ӯ барои ҷомеаи кишвар чандон маълум нест. Ӯ ҳамсари Темур Қулибоев яке аз сарватмандтарин мардҳои Қазоқистон аст, ки бахшҳои асосии иқтисоди кишварро таҳти назорат дорад. Динора Қулибоева раиси бахши маорифи Бунёди раиси ҷумҳур буда ба донишҷӯёне, ки аз оилаҳои камбизоат бархостаанд, кӯмак мекунад.
Ин хонуми ҳуқуқдон дар гузашта мақомҳои баландеро дар бахшҳои додситонӣ соҳиб шуда, аз ҷумла дар мақоми додситони калон ва раиси департаменти иттилоот ва равобит бо ҷомеаи Додситонии кулли кишвар кор кардааст. Ӯ шояд ягона мақоми баландпояи ҳукумати Узбакистон аст, ки бидуни ҳарос ба суолҳои хабарнигорони байналмилалӣ посух медод ва сиёсати ҳукуматро тавҷеҳ мекард. Гуфта мешавад, ки Светлана Ортиқова ба гурӯҳи “силовики” шомил аст, ки мақомоти баландпояи амният, молиёт ва гумрукро баҳам овардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ дар тасмимгириҳои Тошканд нақши умда дорад.
Хонум Нурбердиева ин мақомро соли 2007 дарёфт кард ва гуфта мешавад, ки ӯ барои берун рафтани Туркманистони газу нафтхез аз инзиво иқдомеро пиёда кардааст. Дар роҳи боз намудани Туркманистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ Нурбердиева сафарҳои намояндагони парлумони кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ташкил ва ҳамчунин ҳамтоҳои аврпуоиро ба Туркманистон даъват кард. Хонум Нурбердиева дастпарварди “комсомол” аст, ки роҳи ӯро ба Ҳизби коммунист ва мақомҳои дигари давлатӣ ҳамвор кардааст. Онҳое, ки Акя Нурбердиеваро мешиносанд, мегӯянд, ӯ яке аз чанд нафари ангуштшумор аст, ки зарурати дигаргуниҳо дар Туркманистонро дарк мекунанд. Аммо садоқати беандоза ба режим онҳоро аз амалҳои воқеӣ дар ин самт нигаҳ медорад.
Лола Каримова-Тилоева ба сифати сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО фаъолият дорад. Империяи тиҷоратии ӯ бозорҳои молу колои Узбакистон, бо шумули бозори бузурги “Абу Сахӣ Нур”-ро фаро гирифтааст, ки рӯзона 250 ҳазор доллар фоида меорад. Лола Каримова модари се фарзанд аст ва гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо хоҳари бузургаш Гулнора Каримова ба падараш бештар наздик аст. Ӯ чанде пеш як нашрияи фаронсавиро, ки президент Каримовро “диктатор” номида буд ба додгоҳ кашид, вале набардро бохт.
Таҳсилкардаи донишгоҳи маъруфи Оксфорд Гога Ашкиназӣ комёбҳои худро ба меҳнати сангин ва шанси ҳозир будан дар вақти муносиб ва ҷойи муносиб медонад. Ӯ раҳбари ширкати хусусии нафту гази Қазоқистон “MunaiGas Engineering Group” ва раиси “MMG Consulting Group” аст, ки ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Қазоқистон сару кор дорад. Ашкиназӣ як соли пеш дар як сӯҳбати матбуотӣ соҳаи коркарди тилои Қазоқистонро аз тозатарин рискҳои бизнеси худ номбар кард, ки солҳои ахир саргармаш кардааст. Ин султони сарват эътироф мекунад, ки нахустин созишҳои тиҷоратиашро соли 2003 бо истифода аз равобити хонаводагӣ бо нафарони пурнуфуз ба даст овардааст. Ашкиназӣ ҳеҷ гоҳ намегуяд, ки чи қадар пулу мол дорад. Исми ин хонуми сарватманд бо Темур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон рабт дода мешавад.
Духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро ишқу шавқ ба соҳибкорӣ, заргарӣ, тарроҳии мӯд ва мусиқӣ машҳур кардааст. Вай ҳоло сафири Узбакистон дар Испониё ва намояндаи доимии Узбакистон дар дафтари Созмони Милал дар Женева аст. Каримова дар гузашта вориси ҳукумати падараш шумурда мешуд. Вай ҳамчунин соҳибимтиёзи ширкати азими Зеромакс ба шумор мерафт, ки дафтари он дар Швейтсария қарор дорад. Ин ширкат ҳамаи риштаҳои сердаромади иқтисодиёти Узбакистонро, аз газу нафт гирифта, то кишоварзӣ ва сохтмон дар даст дошт. Аммо соли 2010 бо андешаҳои номаълум президент Каримов моликияти ширкатро миллӣ кард. Гулнора Каримова ҳаргиз пайвандҳои худ бо Зеромаксро тасдиқ накардааст.
Империяи тиҷоратии Таҳмина Раҳмонова силсилаи фурӯшгоҳҳо, тарабхонаҳо ва амлокдорист. Аммо ӯ ба фарқ аз аз духтарҳои президенти ҳамсоя Ислом Каримов дар ҷомеа зуҳур ё худнамоӣ намекунад ва то ҳол дар соя боқӣ мондааст. Ӯ мисли Гулнора ва Лола Каримоваҳо сомонаи интернетӣ надорад, ба корҳои хайрия машғул нест ва бо матбуот низ сӯҳбат намекунад. Мунаққидони Таҳмина Раҳмонова иддао мекунанд, ки аҳли бизнес дар Тоҷикистон аз ин хонуми 35-сола ҳарос доранд, зеро ӯ рақобатро қабул надорад ва метавонад бо қоидаҳои хоси худ бизнес кунад. Пӯшида мондани дороӣ, шеваи кор ва робитаҳояш сӯҳбатҳоеро ба бор меорад, ки вай бетанаффус бизнеси худро густариш медиҳад.
Ҳукумати Узбакистон солҳо аз Мӯътабар Тоҷибоева (дар акс аз тарафи чап), як мунаққиди чарбзабони режим нигарон буд. Ин фаъоли ҳуқуқи башар бо иттиҳоми "тӯҳмат ба ҳукумат" зиндонӣ шуд, аммо ҷазо ҳам даҳони ӯро набаст. Вай барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башари Мартин Энналс ва унвони байнулмилалии Занони ҷасур дар Вошингтон гашт. Бино бар барқияи дипломатии мунташиркардаи Викиликс, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз тасмими Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ин ҷоиза изҳори нороҳатӣ ва хашм кардааст. Гуфта мешавад, Каримов аз шӯҳрати Тоҷибоева ҳарос дорад ва гумон мекунад, Тоҷибоева метавонад ба рақиби сарсахти сиёсии ӯ табдил ёбад.
Озода Раҳмон соли 2009 бо фармони падараш ноиби вазири хориҷӣ таъин шуд. Ӯ таҳсилкардаи донишгоҳи Ҷорҷтауни Вошингтон буда, борҳо ба ҷаласаи кумисюни муштараки Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида раҳбарӣ кардааст. Дар байни нӯҳ фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон ягона нафарест, ки мақоми баланди давлатӣ дорад. Ӯ бо муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев издивоҷ кардааст. Исми Нуралиев дар робита ба ширкати IRS, ки роҳро дар масири Вазроб пулакӣ кардааст, вирди забонҳо мебошад. Ҷамолиддин Нуралиев ҳамагуна рабти худро бо роҳи пулакӣ рад мекунад.

Роза Отунбоева, 59-сола, Президенти Қирғизистон:
Отунбоева моҳи июли соли 2010 ба маснади раёсати ҷумҳури Қирғизистон нишаст. Ин хонуми таълимдида дар Маскав ва дипломати собиқ ягона занест дар Осиёи Марказӣ, ки чунин мартабаи баландро соҳиб шудааст. Ӯ модари ду фарзанд буда, дар гузашта аз кишвараш дар Амрикову Британия намояндагӣ кардааст. Отунбоева ҳамчунин дар замони раҳбарии ду президенти қаблӣ, Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев вазири умури хориҷии Қирғизистон буд.
Динора Қулибоева, 43-сола, духтари раисҷумҳури Қазоқистон
Духтари дуюми президенти Қазоқистон Динора Қулибоева ягона хонуми Осиёи Марказӣ аст, ки бо сарвати холиси баробар бо 1 миллиарду 300 миллион доллар ба рӯйхати султонҳои сарвати дунё дар маҷаллаи “Форбс” ворид шудааст. Ӯ чаҳорумин нафари сарватманд дар Қазоқистон номбар мешавад. Ҳарчанд , Форбс “Бонкдорӣ”- ро аз манобеи аслии боигарии Динора зикр кардааст, аммо ин бахши фаъолиятҳои ӯ барои ҷомеаи кишвар чандон маълум нест. Ӯ ҳамсари Темур Қулибоев яке аз сарватмандтарин мардҳои Қазоқистон аст, ки бахшҳои асосии иқтисоди кишварро таҳти назорат дорад. Динора Қулибоева раиси бахши маорифи Бунёди раиси ҷумҳур буда ба донишҷӯёне, ки аз оилаҳои камбизоат бархостаанд, кӯмак мекунад.
Светлана Ортиқова, 49-сола, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва адлияи Сенати Узбакистон
Ин хонуми ҳуқуқдон дар гузашта мақомҳои баландеро дар бахшҳои додситонӣ соҳиб шуда, аз ҷумла дар мақоми додситони калон ва раиси департаменти иттилоот ва равобит бо ҷомеаи Додситонии кулли кишвар кор кардааст. Ӯ шояд ягона мақоми баландпояи ҳукумати Узбакистон аст, ки бидуни ҳарос ба суолҳои хабарнигорони байналмилалӣ посух медод ва сиёсати ҳукуматро тавҷеҳ мекард. Гуфта мешавад, ки Светлана Ортиқова ба гурӯҳи “силовики” шомил аст, ки мақомоти баландпояи амният, молиёт ва гумрукро баҳам овардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ дар тасмимгириҳои Тошканд нақши умда дорад.
Акя Нурбердиева, 53-сола, Раиси парлумони Туркманистон
Хонум Нурбердиева ин мақомро соли 2007 дарёфт кард ва гуфта мешавад, ки ӯ барои берун рафтани Туркманистони газу нафтхез аз инзиво иқдомеро пиёда кардааст. Дар роҳи боз намудани Туркманистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ Нурбердиева сафарҳои намояндагони парлумони кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ташкил ва ҳамчунин ҳамтоҳои аврпуоиро ба Туркманистон даъват кард. Хонум Нурбердиева дастпарварди “комсомол” аст, ки роҳи ӯро ба Ҳизби коммунист ва мақомҳои дигари давлатӣ ҳамвор кардааст. Онҳое, ки Акя Нурбердиеваро мешиносанд, мегӯянд, ӯ яке аз чанд нафари ангуштшумор аст, ки зарурати дигаргуниҳо дар Туркманистонро дарк мекунанд. Аммо садоқати беандоза ба режим онҳоро аз амалҳои воқеӣ дар ин самт нигаҳ медорад.
Лола Каримова, 32-сола, духтари хурдии раисҷумҳури Узбакистон
Лола Каримова-Тилоева ба сифати сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО фаъолият дорад. Империяи тиҷоратии ӯ бозорҳои молу колои Узбакистон, бо шумули бозори бузурги “Абу Сахӣ Нур”-ро фаро гирифтааст, ки рӯзона 250 ҳазор доллар фоида меорад. Лола Каримова модари се фарзанд аст ва гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо хоҳари бузургаш Гулнора Каримова ба падараш бештар наздик аст. Ӯ чанде пеш як нашрияи фаронсавиро, ки президент Каримовро “диктатор” номида буд ба додгоҳ кашид, вале набардро бохт.
Гавҳар “Гога” Ашкеназӣ, 31-сола, маликаи сарвати Қазоқистон, ҷойи зист Лондон
Таҳсилкардаи донишгоҳи маъруфи Оксфорд Гога Ашкиназӣ комёбҳои худро ба меҳнати сангин ва шанси ҳозир будан дар вақти муносиб ва ҷойи муносиб медонад. Ӯ раҳбари ширкати хусусии нафту гази Қазоқистон “MunaiGas Engineering Group” ва раиси “MMG Consulting Group” аст, ки ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Қазоқистон сару кор дорад. Ашкиназӣ як соли пеш дар як сӯҳбати матбуотӣ соҳаи коркарди тилои Қазоқистонро аз тозатарин рискҳои бизнеси худ номбар кард, ки солҳои ахир саргармаш кардааст. Ин султони сарват эътироф мекунад, ки нахустин созишҳои тиҷоратиашро соли 2003 бо истифода аз равобити хонаводагӣ бо нафарони пурнуфуз ба даст овардааст. Ашкиназӣ ҳеҷ гоҳ намегуяд, ки чи қадар пулу мол дорад. Исми ин хонуми сарватманд бо Темур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон рабт дода мешавад.
Гулнора Каримова, дипломат ва соҳибкор, духтари раисиҷумҳури Узбакистон
Духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро ишқу шавқ ба соҳибкорӣ, заргарӣ, тарроҳии мӯд ва мусиқӣ машҳур кардааст. Вай ҳоло сафири Узбакистон дар Испониё ва намояндаи доимии Узбакистон дар дафтари Созмони Милал дар Женева аст. Каримова дар гузашта вориси ҳукумати падараш шумурда мешуд. Вай ҳамчунин соҳибимтиёзи ширкати азими Зеромакс ба шумор мерафт, ки дафтари он дар Швейтсария қарор дорад. Ин ширкат ҳамаи риштаҳои сердаромади иқтисодиёти Узбакистонро, аз газу нафт гирифта, то кишоварзӣ ва сохтмон дар даст дошт. Аммо соли 2010 бо андешаҳои номаълум президент Каримов моликияти ширкатро миллӣ кард. Гулнора Каримова ҳаргиз пайвандҳои худ бо Зеромаксро тасдиқ накардааст.
Таҳмина Раҳмонова, 35-сола, соҳибкор, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон
Империяи тиҷоратии Таҳмина Раҳмонова силсилаи фурӯшгоҳҳо, тарабхонаҳо ва амлокдорист. Аммо ӯ ба фарқ аз аз духтарҳои президенти ҳамсоя Ислом Каримов дар ҷомеа зуҳур ё худнамоӣ намекунад ва то ҳол дар соя боқӣ мондааст. Ӯ мисли Гулнора ва Лола Каримоваҳо сомонаи интернетӣ надорад, ба корҳои хайрия машғул нест ва бо матбуот низ сӯҳбат намекунад. Мунаққидони Таҳмина Раҳмонова иддао мекунанд, ки аҳли бизнес дар Тоҷикистон аз ин хонуми 35-сола ҳарос доранд, зеро ӯ рақобатро қабул надорад ва метавонад бо қоидаҳои хоси худ бизнес кунад. Пӯшида мондани дороӣ, шеваи кор ва робитаҳояш сӯҳбатҳоеро ба бор меорад, ки вай бетанаффус бизнеси худро густариш медиҳад.
Мӯътабар Тоҷибоева, фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон
Ҳукумати Узбакистон солҳо аз Мӯътабар Тоҷибоева (дар акс аз тарафи чап), як мунаққиди чарбзабони режим нигарон буд. Ин фаъоли ҳуқуқи башар бо иттиҳоми "тӯҳмат ба ҳукумат" зиндонӣ шуд, аммо ҷазо ҳам даҳони ӯро набаст. Вай барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башари Мартин Энналс ва унвони байнулмилалии Занони ҷасур дар Вошингтон гашт. Бино бар барқияи дипломатии мунташиркардаи Викиликс, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз тасмими Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ин ҷоиза изҳори нороҳатӣ ва хашм кардааст. Гуфта мешавад, Каримов аз шӯҳрати Тоҷибоева ҳарос дорад ва гумон мекунад, Тоҷибоева метавонад ба рақиби сарсахти сиёсии ӯ табдил ёбад.
Озода Раҳмон, 31-сола, ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон