Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии ИДМ


Мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ, ки дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнии Тоҷикистон тӯли 15 рӯз идома кард, бо пирӯзии дастаи шаҳри Красноярски Русия анҷом ёфт.

Давлат Ҳабибов, раҳбари департаменти рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки бо тасмими Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо гардид, ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин Иттиҳод бахшида шуда буд.

Ӯ афзуд: “Дар ин мусобиқа 15 даста (11 тими мардона ва 4 дастаи занона) бо шумули 30 кӯҳнавард аз Русия, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Укроин ширкат доштанд. Вале кӯҳнавардони тоҷик, ки дар айни ҳол барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ талош доранд, дар ин мусобиқа иштирок накарданд.”

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии ИДМ:

1. Русия (Виктор Сиганков - Павел Власенко), Красноярск.
2. Укроин (Евгений Полтаветс - Александр Заколодний).
3. Қазоқистон (Дмитрий Шиянов - Денис Леусов).
XS
SM
MD
LG