Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тило – монеаи висоли ҷавонон


Афзоиши нархи тило дар ҷаҳон сабаби коҳиши сурҳои арӯсӣ дар Покистон шудааст.

Тило яке аз муҳимтарин аносири маҳр ё худ қалин дар фарҳанги Покистон аст. Дар ҳоле ки қимати ин филизи гаронбаҳо аз 1600 доллар боло рафтааст, як идда сокинони водии Сувоти
Вақте онҳо бо нахри тило ошно мешаванд, дубора ба фикр фурӯ мераванд, ки чӣ кор кунад...

Покистон тӯйҳои арӯсиро ба таъхир мегузоранд. Баъзеҳо бо ишора ба гаронии маҳр арӯсиҳоро лағв низ кардаанд.

“Аввал тило ва баъд арӯсӣ!”

Болоравии нархи тило на танҳо бозорҳои ҷаҳонии ин филизи гаронбаҳо, балки баъзе деҳоти дурдасти Покистонро ҳам такон додааст. Дар деҳаи Канҷуи водии Сувоти Покистон мегӯянд: “Аввал тило ва баъд арӯсӣ!” Тило муҳимтарин бахши маҳр буда, бидуни он ягон тӯй барпо намешавад.

Покистон, ки тилоро асосан аз хориҷи кишвар ворид мекунад, маҷбур аст, нархи онро ба бозорҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунад. Феълан як унс, яъне 31 грамм тило аз 1600 доллар ҳам гаронтар аст. Оилаҳои зиёди покистонӣ маҷбуранд, ки тӯйҳои арӯсиро ба таъхир гузоранд, зеро қудрати харидории миқдори лозимаи тилоро аз даст додаанд.

Хонуме бо номи Шаҳнозбибӣ мегӯяд, тӯи ду бародарашро ба таъхир гузошта, мунтазиранд, ки нархи тило поин шавад.

Аз 150 грамм то ним кило тило

Дар Покистон тилоро бо тола чен мекунад. Як тола ба 13,6 грамм баробар аст, ки феълан нархи миёнаи он дар бозорҳои водии Сувот ба 620 доллари амрикоӣ мусовӣ мебошад. Дар ҳоле, ки як оилаи миёнаҳоли покистонӣ 150 доллар даромади моҳона дорад, бисёре аз оилаҳо наметавонанд, мизони поинтарини маҳрро захира кунанд.

Дар ин бора Шаҳнозбибӣ мегӯяд: “Бародарони ман бояд ҳар яке тахминан 10 тола тило ба ҳайси қалин тақдим намояд. Мо имкони додани чунин маҳрро надорем. Барои мо ин миқдор зиёд аст.”

Дар водии Сувоти вилояти Хайбар Пахтунхво бар иловаи бархӯрдҳои артиши ҳукуматӣ бо ошӯбгарон борону обхезиҳои соли гузашта вазъи иқтисодиро ногувор кардаанд. Шаҳнозбибӣ мегӯяд, мардум маҷбур аст, миёни арӯсии фарзандону таъмини рӯзгор якеро интихоб кунад.

Вале дар ҳар сурат тило як рамзи муҳими арӯсии покистониҳо буда, одатан бидуни чанд ҷуфт ангуштариву дастпона ва гӯшвору гарданбанди тилоӣ дар ин кишвар тӯи арӯсие барпо намешавад.

Тило мояи эътибори оила

Дар арафаи тӯй падарону модарон тилоро ба меҳмонони сершумор намоиш дода, рӯзи тӯй арӯс бо ҷавориҳоташ, вориди хонаи домод мешавад. Дар оилаҳои доро падару модари арӯс низ ба духтарашон тило тӯҳфа мекунанд ва ҳатмӣ нест, ки он ҳама тило дар шакли ҷавоҳирот бошад.

Покӣ ва вазни тило хеле муҳим аст, зеро оилаҳои покистонӣ тилоро дар озмоишгоҳҳо тафтиш намуда, ҳамчун гарав барои рӯзи мабодо ҳифз мекунанд.

Азбаски мақому манзалати иҷтимоии оилаҳоро аз рӯи тилои тақдимии онҳо баҳодиҳӣ мекунанд, аъзои баъзе оилаҳои покистонӣ солҳои тӯлониро дар мардикорӣ сипарӣ мекунанд, то имкони харидории миқдори зарурии тилоро дошта бошанд.

Чаро то ҳол Қонуни танзим нест?

Дар Покистон монанди Тоҷикистон қонуни танзими расму оин қабул нашудааст ва фақат баъзе расонаҳо, сиёсатмадорон ва як идда муллоҳо бар зидди маҳри ба маънои томаш “тилоӣ” садо баланд кардаанд. Вале ин талошҳо то кунун таъсири зиёде надоштааст.

То болоравии нархи тило дар тӯли чанд моҳи гузашта як оилаи миёнаҳол ба ҳисоби миёна аз 30 то 50 тола, яъне аз 400 то 750 грамм тилои пок маҳр медод. Имрӯз маҳри миёна 200-250 грамм тилоро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол аз болоравии қимати тило тоҷирон низ хушҳол нестанд. Дӯкондор Азматуллоҳхон аз шаҳри Пешавар мегӯяд, аксари муштариён дукони ӯро бо дасти холӣ так мекунанд:

Мардуми камбизоат бо як маблағу барномаи муайян ба дӯконҳои мо меоянд. Вақте онҳо бо нахри тило ошно мешаванд, дубора ба фикр фурӯ мераванд, ки чӣ кор кунад. Ӯ шояд фикр мекард, ки бо пули ҳифз намудааш 5 ё 6 тола тило мехарид, ки барои як арӯсӣ кифоят мекунад. Вақте онҳо мешунаванд, ки ин миқдор ҳоло ба 340 доллар баробар аст, онҳо аз хариди тило даст мешӯянд.”

Ҳамин гуна маҳри тилоӣ ҳаёти ҳазорҳо ҷавони покистониро талх мекунаду касе ҳам ба маҳви ин одати гарон муваффақ нашудааст.
XS
SM
MD
LG