Баҳодур мегӯяд: «Ҳуқуқшинос ҳоло дар Тоҷикистон ниҳоят бисёр аст. Агар касе шароити молӣ надошта бошад, пас аз хатм кардани Донишгоҳ ҳам кори муносиб ёфта наметавонад, чунки бисёриҳо тавассути пул ба кор медароянд. Бинобар ин довталабон бояд ҳаматарафа фикр карда баъд ҳуҷҷатҳояшонро ба ягон факултет супоранд.»
Тибқи гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон, аз соли 1997 то соли 2010, 82 ҳазор нафар дар ҷумҳурӣ маълумоти олӣ гирифтаанд, аммо аз ин миён танҳо 22 ҳазор нафар бо ихтисосҳои худ фаъолият мекунанду халос. Коршиносон иллати ин мушкилро мухталиф арзёбӣ мекунанд.
Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Тайёр кардани мутахассисон дар мактабҳои олӣ пеш аз ҳама бояд ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат кунад. Лекин солҳои охир мутахассисон дар мактабҳои олӣ бе назардошти талаботи бозор тайёр карда мешавад. Аз тарафи дигар, бисёре аз донишҷӯён бо ихтисоси хеш ё кор ёфта наметавонанд ё музди меҳнате, ки корхонаҳо ба онҳо пешниҳод мекунад онҳоро қонеъ карда наметавонад.»
Вале ба андешаи бархеи дигар аз коршиносон, сабаби бо тахассуси худ кор накардани ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ ин аст, ки онҳо ба касби хеш майлу рағбати зиёд надоранд. Аксари ҷавонон касбро аз рӯи даромаднокиаш интихоб мекунанд ва дар онҳо мафкураи шахшуда роиҷ аст, ки гуё ҳуқуқшинос ва иқтисодчӣ аз сердаромадтарин касбҳо маҳсуб мешавад.
Икромидин, муҳандиси ҷавон, ки як сол пеш донишгоҳро хатм кардаву бо ихтисоси хеш кор мекунад, меафзояд: «Одам бояд касбашро аз рӯи шавқу ҳавасаш интихоб кунад. Намешавад касбро маҷбуран интихоб кард. Имрӯзҳо касби ҳуқуқшиносро аксаран интихоб мекунанд. Хоҳ касби духтурӣ бошад, хоҳ муҳандисӣ бошад, ҷавонон онро аз рӯи рағбаташон интихоб кунанд, албатта дар оянда кор меёбанд.»
Дар ҳамин ҳол Диловар Ҳалимов, як ҷавон аз шаҳри Душанбе аз ҷумлаи довталабонест? ки мехоҳад дар оянда ҳуқуқшинос шавад. Ӯ интихоби касбашро ба музди баланди меҳнати кормандони ин соҳа вобаста медонад: «Ман аллакай ихтисосамро муайян кардам. Мехоҳам ҳуқуқшинос шавам. Дар шароити Тоҷикистон бо ин ихтисос метавонӣ дар мақомотҳои қудратӣ, прокуратура кор кунӣ. Муаллим шудан намехоҳам, чунки баъзе аз муалимон ҳатто 100 доллар маъош намегиранд, дар ҳоле, ки барои як зиндагии арзанда дар Душанбе зиёда аз 300 доллар лозим аст.»
Бо ин ҳам, омори Вазорати кор ва шуғли аҳолӣ ҳокист, ки дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони соҳаҳои энергетика ва сохтмонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин аст, ки Ҳукумати кишвар маҷбур аст барои иҷрои тарҳҳои стратегӣ аз хориҷа бо нархи гарон мутахассисонро киро кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, коршиносон пешниҳод мекунанд, ки вазорати маорифи Тоҷикистонро зарур аст, то ҳамасола дар пайи баргузории мониторинги бозори меҳнат ва талаботи бозор мутахассисонро омода созад.
Навиштаи Абдуллоҳи Ашӯр