Ин маблағҳо аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои корхонаҳои давлатӣ ва иншооти ғайриманқул, ҳамчунин воситаҳои нақлиёт ба даст омадааст.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ним соли ҷорӣ ин кумита барои фурӯши амволи давлатӣ 33 музояда ва як тендери сармоягузорӣ баргузор кардааст.
Дар ин музоядаҳо амволи 31 иншооти давлатӣ ва 50 адад воситаи нақлиёт ва саҳоми 5 муассисаи давлатӣ фурӯхта шудааст.
Зафар Сафаров, аз кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар бораи фурӯш ё хусусигардонии 5 муассисаи саҳҳомии давлат гуфт: «Муассисаи пиллаи Панҷакент, сохтмони «Истаравшан», идораи васлу таъмири Хуҷанд, муассисаи «Авиатор» ба фурӯш гузошта шуд. Қоидааш ҳамин, ки тибқи нақшаи стратегии давлат, мо корхонаҳои давлатиро бо ҷамъияти саҳҳомӣ табдил карда баъд саҳмияи онҳоро ба фурӯш мегузорем. Мардум ва ё ширкатҳои хусусӣ ин саҳмияҳоро мехаранд ва пулаш ба будҷа ворид мешавад.»
Дар Тоҷикистон садҳо ширкату муассисаҳои давлатии саҳҳомӣ фаъол аст. Ва саҳмияҳои ин корхонаву муассисаҳо дар миёни ширкатҳои саҳҳомӣ хариду фурӯш мешаванд, ки дар ниҳоят оидот аз фурӯш ба нафъи давлат тамом мешавад. Ва ба эътиқоди коршиносон, агар дар ҷумҳурӣ бозори дуввуми саҳмия ташкил шавад, дар он сурат фурӯшу хариди саҳмия ба нафъи саҳҳомдор хоҳад буд. Дар ҷумҳурӣ дар ду соли ахир фурӯши саҳмияҳои давлат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба фурӯш гузошта шуда буд.
Беш аз 2 миллион нафар каму беш саҳмияҳои Роғунро хариданд. Давлат аз ин муомила ҳудуди 185 миллион доллар ба даст овард. Саҳмияҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ дар дасти мардум аст. Нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтааст вале мақомоти ширкати Сангтӯда-1 то ба ҳол тасмим нагирифтааст, суди саҳҳомдоронро пардохт кунад.
Ба гуфтаи профессор Умаров, як далели аслии коҳиши эътимоди мардум ба саҳмияҳои давлат ҳамин аст, ки бозори дуввуми коғазҳои қиматдорро ташкил накардааст ва давлат дар бораи саҳмияҳои фурӯхтааш ба мардум хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Барои мисол вақте, ки хариди саҳмияҳои Роғун иҷборӣ буд, то ҷое мардум ва сармоядорон онро хариданд вале ҳамин, ки бо тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ маҷбур кардани мардум хотима ёфт, ҳеҷ кас довталабона ба хариди саҳмияҳо даст назад.
Профессор Умаров афзуд: «Бозори хариду фурӯши коғазҳои гаронқимати дараҷаи дуввумро ташкил накарда давлат фикр кунад, ки аз фурӯши ин саҳмияҳо чизе ба даст меорад, ин нишонаи он аст, ки асосҳои маблағҳои будҷа устувор нест ва ин иқдоми ояндадор низ нахоҳад буд.»
Ба эътиқоди коршиносон, агар давлат бихоҳад, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияи корхонаҳои давлатӣ пули қобили мулоҳиза дарёфт кунад, дар он сурат бояд бозори хариду фурӯши озоди саҳҳомро ташкил кунад, то саҳҳомдор битавонад аз он суде ба даст биорад.
Давлат соли гузашт қавл дода буд, ки ин бозорро роҳандозӣ мекунад ва «Амонатбонк»-ро дар ин кор муваззаф карда буд, вале то ба ҳол дар ин бора иқдоме сурат нагирифтааст.