Дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Радиои Озодӣ ба ғолибони озмуни беҳтарин хотира ва аксҳо таҳти унвони “Ман дар СССР зистаам” баргузор шуд.
Ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳои ёдгориро ба барандагони ин сабқат ва муаллифони 20 матну акси беҳтарин Соҷидаи Мирзо, мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ва Пайванди Гулмурод, раиси ҳайати доварон ва устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супурданд.
Ҷои аввал ба Хушомад Алидодов, сокини шаҳри Хоруғ, барои хотираи “Баробарӣ баробари бародарист”
Ҷои дувум ба Наҷмиддини Шоҳинбод барои қиссаи "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав”
Ҷои савум ба Муҳаммадюсуфи Шодӣ барои хотираи “Барф борад, баъд мўза мепӯшам”
Ба барандаи ҷои аввал як компютери нетбук, ҷои дувум диктофони журналистӣ ва савум телефони мобили дорои дастгоҳи аккосӣ тақдим шуд.
Инчунин ба муаллифи матлаби "Помир -- тими ормонии тоҷикон", ки мавриди писанди хонандагони торнамои Радио Озодӣ гардиду, дар раъйдиҳии интернетӣ раъйи зиёд ҷамъ овард, аммо ба феҳрасти бааргузидаи доварон ворид нагашт, Бахтиёр Файзуллоев, Ҷоизаи таваҷҷӯҳи хонандагони торнамои Радиои Озодӣ тақдим гашт.
Ин ҷоизаи иловагӣ ва захираии озмун буд, ки агар доварон наметавонистанд, дар мавриди ҷойи савум ба як натиҷа расанд, ба ҳайси Ҷоизаи таваҷҷӯҳи доварон тақдим гардад. Аммо чун доварон аз иттифоқи оро бархӯрдор буданд, аммо баҳои онҳо бо раъйдиҳии хонандагон фарқ мекард, ин ҷоиза аз номи хонандагон тақдим шуд.
БАРОИ БЕҲТАРИН АКСҲО
Натиҷа озмуни беҳтарин акс чунин аст:
Ҷои аввал ба Дилшод Раҳимов, сокини ноҳияи Ҳисор, барои акси “Хаткашони деҳаи мо”
Ҷои дувум ба Сиддиқ Нилобеков барои акси "Трибун”
Ҷои савум ба Саттор, сокини шаҳри Душанбе барои акси “Мо ва Ил-18”
Барои дидани аксҳо ва мутолиаи матнҳо, лутфан, ба сафҳаи махсуси озмун ворид шавед.
Якояки барандагони озмунро самимона табрик мегӯем ва аз ҳамаи ширкатдорони сабқат сипосгузорӣ мекунем, орзу дорем, робитаи неки худро бо Радиои Озодӣ ҳифз кунанд, ҳамон гуна ки дар давраи озмун буд, барои мо матн ва акс фиристанд ва омодагӣ бигиранд, то дар озмунҳои оянда пирӯз шаванд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 25-уми июли соли 2011 ҳайати доварони мустақил дар шаҳри Душанбе бо натиҷагирӣ аз озмуни беҳтарин хотираҳои “Ман дар СССР зистаам” муаллифони зеринро баранда эълон карда буданд: