Пайвандҳои дастрасӣ

Куштор ба хотири "наҷот"-и Норвегия аз мусулмонҳо?


Пулиси Норвегия эълон кардааст, ки изҳороти Андерс Брейвик дар бораи ҳамдастонашро тафтиш мекунад.

Ба гуфтаи қозии додгоҳ Ким Ҳегер, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Брейвик изҳор намуд, ки ба созмони ӯ ду гурӯҳи дигар ҳам шомиланд.
Гумонбар
мутмаин аст, ки ин корҳоро ба хотири, ба қавли ӯ, наҷоти
Норвегия ва Аврупои Ғарбӣ аз марксизми фарҳангӣ ва ҳуҷуми мусулмонҳо анҷом додааст...


Аз ин пештар террористи норвегӣ гуфта буд, ки ҳамдасте надорад ва ҳарду ҳамлаи террористӣ – ҳам дар пойтахти кишвар Осло ва ҳам ҳам дар ҷазираи Утойяро тани танҳо анҷом додааст.

Бар асари ин ду ҳамла дасти кам 76 нафар ба ҳалокат расиданд. Ёдовар мешавем, қаблан кормандони пулис дар бораи ҳалокати 93 нафар хабар дода буданд. Мақомоти ҳифзи тартибот инро бо мушкили ҷамъоварии иттилоъ баъд аз ҳодиса марбут карданд. Аммо ин ҳам рақами ниҳоӣ нест - ба гуфтаи муфаттишон, то ҳанӯз теъдоди қурбониёни инфиҷор дар шаҳри Осло дақиқ нашудааст.

Андерс Брейвик
Қозии додгоҳ ҳукм кард, ки Андерс Брейвик барои ду моҳ боздошт шавад ва тамоми ин муддат дар инзивоъ қарор бигирад. Ким Ҳегер дар нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки Брейвик дар терроризм айбдор шудааст.

“Ҳашт ҳафтаи наздик ӯ дар ҳуҷраи инфиродии маҳбас хоҳад буд ва ин муддат ба ӯ мутолиаи рӯзнома, шунидани радиову тамошои телевизор ва сӯҳбат бо афроди дигар ба ҷуз вакили мудофеъ қатъӣ манъ аст”,-гуфт Ким Ҳегер. Қотил ҳамчунин иҷозаи дидор бо аҳли хонавода ва ҳаққи мукотибаро надорад.

Ким Ҳегер гуфт, ки Брейвик масъулияти куштори даҳҳо нафар бар асари ду ҳамлаи террористиро бар дӯш гирифтааст ва аммо худро айбдор намешуморад. Гумонбар мутмаин аст, ки ин корҳоро ба хотири, ба қавли ӯ, наҷоти Норвегия ва Аврупои Ғарбӣ аз марксизми фарҳангӣ ва ҳуҷуми мусулмонҳо анҷом додааст – афзуд қозии додгоҳи Осло.

Дар ҳамин ҳол масъулини хадамоти амниятии Норвегия хабар доданд, ки Андерс Брейвик ҳанӯз моҳи март, замони харидории як маҳсулоти номаълум аз як корхонаи кимиёвии Лаҳистон, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб карда буд. Раҳбари хадамот Ян Кристиансен гуфт, ки онҳо он замон барои тафтиши ин хариду фурӯш иттилои кофӣ зери даст надоштанд.

Зӯҳри рӯзи душанбе ҳама қаторҳои Норвегия ба хотири ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа барои як дақиқа аз ҳаракат бозмонданд, биржаи Осло низ кори худро мутаваққиф намуд.

Дар маросими ёдбуд дар Осло беш аз сад ҳазор нафар сокинони Норвегия, аз ҷумла, нахуствазир Йенс Столтенерг ширкат доштанд. Ӯ дар зинапояҳои донишгоҳи Осло эълон кард, ки ба ёди қурбониён як дақиқа сукут варзида мешавад.

XS
SM
MD
LG