Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ - ғарбгаро, русиягаро ё ватанпарасти тоҷик?


Симои ин ҳафта Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аст.

Ва далели он ҳам баёнияҳои ахири оқои Зарифӣ буд, ки ба чандин саволи халқшуда дар робитаи кишвараш бо Русия ва Амрико ба сароҳати тамом посух гуфт.

Баъд аз сафари мақомҳои болорутбаи Русия аз ҷумла, вазири дифоъи он кишвар ба Тоҷикистон роҷеъ ба натиҷаи дидори ӯ ба мақомоти Тоҷикистон ҳадсу гумонҳои фаровоне садо медод ва расонаҳову таҳлилгарон низ аз натиҷагирӣ дар ин маврид, саргум буданд.

Сафари мақомҳои Русия ба Тоҷикистон ҳамзамон бо сафари муовини вазири корҳои хориҷии Амрико низ буд ва расонаҳои русӣ аз майли Тоҷикистон ба Ғарб низ сӯҳбат мекарданд, аммо аксаран ба ин бовар буданд, ки шояд таърихи соли 2004 такрор хоҳад шуд ва Тоҷикистон ба ҳама пешниҳоди Русия тан додааст. Аммо оқои Зарифӣ бо баёнияи ахири худ ба ин баҳсҳо поён дод.

МАВҚИФИ ТАЪРИХИИ ЗАРИФӢ

Посухи ба сароҳати Ҳамроҳхон Зарифӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи мавзеъи Тоҷикистон роҷеъ ба музокироташ бо Русия дар мавриди истифодаи фурудгоҳи Айнӣ ва пойгоҳи низомии 201, ба назари огоҳони умур барои ҳамеша шояд даъвои ройгон истифода шудани замини Тоҷикистон аз ҷониби Русияро нақше бар об кард.



Коршиносон мегӯянд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ бо истифодаи ин адабиёт ба марҳилаи дигаре аз тафаккур ва ғурури давлатдорӣ даст ёфтани Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Қабл аз ин суханон ва баъд аз анҷоми сафари Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Тоҷикистон ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин овоза пахш шуд, ки Маскав

дар пеши Душанбе зарбулаҷал додааст ва Тоҷикистон ба он, аз ҷумла ба бозгашти марзбонони русӣ, истифодаи ройгони русҳо аз пойгоҳи Айнӣ ва ба ихтиёри Русия додани саҳмияҳои Роғун мувофиқат кардааст. Ва инчунин муддати ҳузури пойгоҳи 2001 низ тамдид шудааст.

Аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вуҷуде, ки аз сӯи бархе расонаҳои русӣ ба ғарбгароӣ муттаҳам мешавад, ин ҳама ҳадсу гумонро, ки ба бовари баъзеҳо табдил шуда буд, ботил кард. Ӯ ором, аммо бо қотеъият гуфт, замини Тоҷикистон моли падари вазири хориҷа нест, арзиш дорад ва ба касе ҳаққи истифодаи ройгон аз он дода намешавад. Ӯ гуфт: «Агар ягон нафар дар хориҷи кишвар ҳисоб кунанд, ки пойгоҳи низомӣ ва ё элементҳои он бояд дар Тоҷикистон ройгон бошад, мо чунин посух дорем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ё ин, ки сармояи падари вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифоъи Тоҷикистон нест. Он арзиш дорад. Аз ин лиҳоз агар он расонаҳо чунин фикр дошта бошанд, ки бояд ройгон бошад ва ҳоҷати сухан нест, пас мо ҳам посух медиҳем, ки дар мавриди бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон низ ҳоҷати гап нест.»

МАРҲИЛАИ НАВ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар соли 2006-ум ба думболи интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, аз курсии сафорати Тоҷикистон дар ИМА ба мансаби вазири корҳои хориҷӣ расид.

Ва ба назари коршиносон, аз он таърих марҳилаи дигаре дар сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон оғоз шуд. Тоҷикистон дар соли 2002 сиёсати дарҳои бозӣ худро расман эълон карда буд, аммо дар амалкардаҳои худ ҳамчунон таъсирпазируфта аз тафаккури русиягароӣ боқӣ монд. Ба назари коршиносон, баъди соли 2007 сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон вориди

марҳилаи дигаре шуд ва бархе даричаҳои равобит бо дунёи Ғарб низ бозтар гашт.

Вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибдори равобити мутаносиби Тоҷикистон бо ҳамаи ҷаҳон бар асоси манофеи миллии Тоҷикистон шуд. Аммо аз ҳамон ибтидо бархе расонаҳои хабарӣ, хоса матбуоти Маскав тамғаи амрикогароиро ба номи Зарифӣ заданд. Ва хоса расонаҳои Маскав дар таҳлилҳои худ менависанд, ки сиёсати бисёрсамтӣ ё дарҳои бози Зарифӣ бештар ба худ ранги аврупогароӣ ё амрикогароиро касб кардааст.

ЗАРИФӢ ҚОЛАБҲОРО ШИКАСТ

Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири корҳои хориҷии пешини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шароите, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ иқдом ба ислоҳоти амалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон намуд, ба ғарбгароӣ муттаҳам кардани ӯ як чизи табиӣ буд. Зеро аз маҷрои як биниши хос ва одатшуда фаротар рафтан ҳамеша ҳадсу гумонеро дар пай дорад. Оқои Холиқназарзода мегӯяд, ки Зарифӣ кореро кард, ки вазифааш тақозо мекард ва он ҳам ҷалби таваҷҷӯҳ ва имконоти кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон буд ва сафири Тоҷикистон дар тӯлонимуддат дар Амрико ва Аврупо маҳз Зарифӣ буд ва вазифа дошт, ки робитаи он ду қора бо Тоҷикистонро гарм кунад. Аммо боз ҳам суоли аслии мо аз оқои Холиқназарзода, вазири корҳои хориҷии пешин ин аст, ки чаро вазири нави умури хориҷӣ амрикогаро унвон шуд?

Ӯ мегӯяд: «Вақте, ки амалкарди як фард ба нафъи манофеъи миллии Тоҷикистон бошад, боиси рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрикову Аврупо бошад, кишварҳои абарқудрати дигар мисли Русиву Чину дигар кишварҳо аз ин рашк мебаранд, албатта ин ба
Худойбердӣ Холиқназаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон
маънои мухолифат нест, вале боиси рашк ҳаст. Азбаски Зарифӣ бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико кор мекард ва вазифааш ҳам воқеъан ҳамин буд, ки имконоти ин кишварҳоро бештар ба Тоҷикистон ҷалб кунад ва Тоҷикистонро ба ин кишварҳо бишиносонад. Ва Зарифӣ аз ӯҳдаи ин масъулияти худ бо муваффақият баромад. Ва робитаи хубе, ки бо Аврупо ва Ғарб имрӯз Тоҷикистон дорад, боиси он нашудааст, ки муносибатамон бо Русия ва Чин сард шавад. Аз ин хотир ман ба фикри он коршиносоне, ки мегӯяд сиёсати хориҷии Тоҷикистон бештар тамоюли аврупоӣ ва амрикоӣ пайдо кардааст, мувофиқ нестам. Ин як амри табиӣ аст.»

ИСЛОҲТАЛАБ ДАР ИДОРАИ АМНИЯТ

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба кори дипломатӣ аз идораи амниятии шӯравии пешин - КГБ омад. Ӯ дар соли 1992 симати муовини раиси Кумитаи амнияти миллиро бар ӯҳда дошт. Акнун Зарифӣ аврупогаро унвон мешавад, аммо ҳамкоронаш мегӯянд, ки дар замони бозсозӣ, Зарифӣ дар сохтори амниятӣ дар миёни ҳамкоронаш ислоҳталаб ва ё тавре он замон роиҷ буд, демократ унвон мешуд.

Султони Ҳамад, аз ҳамкорони собиқи Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд, ки Зарифӣ дар он замон ба нерӯҳои ҷонибдори ислоҳот дар ҷомеъа хушбин буд ва ҳамчунин яке аз раҳбарони ин идораи амниятӣ буд, ки аз бозсозӣ ва ислоҳоти сохтори хадамоти амниятӣ пуштибонӣ мекард. «Дар ҳақиқат баъди оғози сиёсати бозсозӣ яке аз масъулони камшумори ин хадамот буданд, ки мехостанд, то дар сохторҳои ин идораи амниятӣ низ ислоҳот ва бозсозӣ шавад. Ин гуна
Султони Ҳамад

фикр он замон на аз ҷониби ҳамаи раҳбарон пуштибонӣ меёфт. Зарифӣ ҳамеша манфиати миллиро, ҳамон замон ҳам ва баъди он ҳам, дар ҳар куҷое ман шоҳиди кораш будам аз манфиатҳои дигар боло мегузорад.»

Ба гуфтаи оқои Султони Ҳамад, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷараёни сулҳи Тоҷоикистон ҳам нақш ифо карда ва борҳо ба Афғонистон зимни маъмуриятҳои хоса ба мулоқоти раҳбарони мухолифин рафта ва паёмҳои президенти Тоҷикистонро ба онҳо расонидааст.

ТАМҒАИ ҒАРБГАРОӢ БАР ПЕШОНИИ ЗАРИФӢ

Онҳое, ки Зарифиро мешиносанд, аз ҷумлаи ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ки ғарбгаро ё шарқгаро, амрикогаро ё русиягаро унвон кардани ӯ саҳеҳ нест, балки ӯ қабл аз ин ҳама худро як ватанпарасти тоҷик медонад. Ва ҳадафаш дар моварои сиёсатҳои Шарқу Ғарб ҷой додани як Тоҷикистони боиззат аст.

Ба ҳар ҳол, ба назари таҳлилгарон, сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон ба як ҷараёни бебозгашт ва мусаллам табдил шудааст. Аммо ин сиёсат ҳамчунон дар ҳоли ташаккул аст бо нокомиҳои фаровоне ҳам ҳамроҳ будааст. Ва сабаби ба мушкил дучор шудани ин сиёсат ҳам бар мегардад ба имконоти маҳдуд ва пойбандии Тоҷикистон дар баъзе масоил ба Русия ва аз ҷумла аз назари коммуникатсионӣ ба кишвраҳои ҳамсояааш. Таҳти чандин омил ва шароити хос Тоҷикистон то кунун натавонистааст, ки сиёсати дарҳои бозро ба маънои аслияш амалӣ кунад, ки ба ин далел амалкардҳои вазорати корҳои хориҷӣ низ аз сӯи бархе таҳлилгарон ноком унвон мешавад.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МУТАВОЗИН

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «АП» мегӯяд, бо омадани Ҳамроҳхон Зарифӣ ба вазорати корҳои хориҷӣ сиёсати берунии Тоҷикистон бештар мутавозин шуд. Ва Тоҷикистон, ки дар сиёсатҳои худ аслан дар мадори Русия қарор дошт, бо омадани Зарифӣ, мегӯяд оқои Мамадшоев, дар амалкардҳои сиёсии худ бештар истиқлол касб кард. Ва
Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик

феълан мешавад гуфт, ки Тоҷикистон авлавияти хоси геополитикӣ надорад. Ба гуфтаи оқои Мамадшоев, ҳамзамон Зарифӣ ба бархе мушкилоте мувоҷеҳ аст, ки хостгоҳи онҳо на идораи таҳти раҳбарии ӯ, балки ниҳодҳои дигаре ҳастанд. Вале посухашонро бояд Зарифӣ бидиҳад.

Оқои Мамадшоев мегӯяд: «Зарифӣ дар назди ҷомеаи ғарбӣ баъзан барои иқдомҳои содирнамудаи дигарон посухгӯ мебошад. Аз ҷумла, дар бораи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, дар мавриди қабули қонуни масъулияти волидайн, қонун дар бораи дин, ки мавриди интиқоди шадид дар Ғарб қарор гирифт. Ва дар бораи масоили дигаре ҳам ӯ бояд посух бигӯяд. Аммо дар мавриди ин, ки то куҷо дар кори худ муваффақ будааст, мушкил аст қазоват намуд. Вале ба ҳар ҳол, ин ки Тоҷикистон масъалаи пардохт намудани ҳаққи истифодаи пойгоҳҳоро дар пеши Русия матраҳ намудааст, ин ҷо Зарифӣ саҳм ва хидмати муҳим анҷом додааст.»

"ЗАРИФӢ МУВАФФАҚ НАБУДААСТ"

Аммо боз ҳам мунаққидон мегӯянд, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар тӯли муддате, ки Зарифӣ иблоғгари сиёсати хориҷӣ аст, чандон муваффақ набудааст. Чанд мавриди хос, аз ҷумла дар сард шудани муносибот бо шарики роҳбурдии деринаи Тоҷикистон-Русия ва кишварҳои ҳамсоя аз як сӯ ва аз сӯи дигар ҳам бар ивази ин сардии муносибот ҷалб нашудани сармояи ғарбӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро мунаққидони сиёсати Зарифӣ аз нокомиҳои ӯ медонанд.

Амнияти Абдулназар, аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯяд: «Ба назари ман вазири кунунии корҳои хориҷӣ дар амалӣ кардани он шиорҳое, ки қаблан эълон карданд, мисли сиёсати дарҳои боз муваффақ нашуданд. Зеро муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя Узбакистон ва Қирғизистон хуб нест. Бо Русия ҳам бад аст. Аз сӯи дигар мардуми Ғарб намехоҳанд ба Тоҷикистон инвеститсия ворид кунанд, Тоҷикистон як кишвари худкома аст, интихоботҳо шаффоф нестанд, матбуот озод нест, озодии сухан ҳам вуҷуд надорад. Номуваффақии вазири кунунӣ ба ҳамин омилҳо вобастагӣ дорад.»

Ҳамин гуна ба андешаи мунаққидони давлат, сиёсати хориҷӣ наметавонад аз сиёсати дохилӣ ҷудо бошад, балки сиёсати хориҷии давлат ба гунае ифодагари сиёсати дохилӣ аст ва то замоне, ки дар сиёсатҳои дохилии Тоҷикистон бо меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар таноқуз қарор дошта бошанд, Зарифӣ низ дар равобити байналмилалиаш дучори масъала аст ва бояд ба пурсишҳои нороҳаткунандаи фаровоне ба ҷои дигарон посух бигӯяд.

ИНТИХОБИ ДУШВОРИ ТОҶИКИСТОН

Аммо ба ҳар ҳол, чиро метавон аз идомаи ин фаъолиятҳо интизор дошт ва сиёсати пешгирифтаи Зарифӣ дар равобити хориҷӣ ба куҷо хоҳад кашид?

Яъне дар ҳар ҳолат, Тоҷикистонро роҳи мушкиле дар пеш аст. Аммо Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири корҳои хориҷии пешини Тоҷикистон мегӯяд, ки акнун тамоми талошии Тоҷикистон бояд барои ин бошад, ки дар рақобати байни се қудрати бузург дар минтақа битавонад, ки тавозунро таъмин кунад. Ва таъмини намудани ҳамин тавозун шарти аслии муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар оянда аст: «Таззоди абарқудратҳо таъсири худро дар минтақа хоҳад гузошт, аммо он манфиатеро, ки ин қудратҳо мехоҳанд аз Тоҷикистон бигиранд, ҳоло гирифта истодаанд. Бисёртар аз он чиро, ки ҳоло мегиранд, наметавонанд ҳазм намоянд.»

Боз бар гардем ба он ҳарфи таърихии Зарифӣ, ки Тоҷикистон замини ройгон надорад. Агар Тоҷикистон сари ин ҳарф содиқ бимонад, дар ростои интихоби мушкиле қарор мегирад. Яъне Русия чӣ вокуниш нишон хоҳад дод? Истодан дар баробари ин вокуниши Русия барои Тоҷикистон осон нахоҳад буд.

Вале Тоҷикистон аз ҳарфи худ сарфи назар кунад ва ба шароити Русия тан дар бидиҳад, он гоҳ Зарифӣ ва амалан давлати кунунии Тоҷикистон эътибори худро дар назди мардум аз даст хоҳанд дод ва ба унвони як ҷамъи бе қавл дучори расвоӣ хоҳанд шуд.

Ҳолномаи Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, фаъолияти кории худро аз устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 1972 оғоз кардааст. Баъдан ӯ кори худро дар Пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улум идома медиҳад. Аммо дар соли 1974 самти фаъолияти худро дигар кард ва вориди сохтори амниятии шӯравии пешин шуд. Ва хидмати худро дар ин ниҳод то мансаби муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва то соли соли 1993 идома дод.

Аз соли 1993 то 1996 дар вазорати корҳои хориҷии
Тоҷикистон ва то мансаби муовини вазир кор кардааст. Ӯ дар ҷараёни музокироти сулҳ миёни тарафҳои даргири тоҷик, борҳо паёмҳои хоси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурро ба С. А. Нурӣ, раҳбари мухолифон бурд ва ҳамин паёмаҳои ӯро ба президенти Тоҷикистон овард ва дар ин раванади сулҳ ба гунае, ки мавриди эътимоди раҳбарони сиёсии Тоҷикистон қарор бигирад, саҳм гирифт.

Ҳамроҳхон Зарифӣ баъдан сафири Тоҷикистон дар САҲА, Австрия, Шведсария ва ИМА буд, ки дар соли 2007-ум ба симати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG