Мақомоти гурҷӣ пешниҳод кардаанд, ки кишварашонро Ҷорҷия номанд.
Кишваре, ки дар ғарб бо номи “Ҷорҷия” маълум аст, дар шарқ ва аз ҷумла Тоҷикистон бо исми Гурҷистон ва дар Арманистон бо номи “Врастан” ёд мешавад. Худи мардуми Гурҷистон ватанашонро “Сакартвело” меноманд.
Имрӯз мақомоти Гурҷистон саъй доранд, яке аз номҳои байналмилалии ин кишварро аз байн баранд. Ба гуфтаи онҳо, номи “Грузия”, ки ҳамаи кишварҳои славянӣ истифода мебаранд, барои онҳо нороҳаткунанда аст.
Нугзар Сиклаурӣ- раиси яке аз кумитаҳои парламенти Гурҷистон мегӯяд: “Дар ҷаҳони ғарбӣ кишвари моро “Ҷорҷия” меноманд. Дар шарқ бошад “Грузия”. Ин ном дар даврони таҷовузи 200-солаи Русия пайдо шуда, бо ташаббуси Русия дар кишварҳои дигар паҳн шуд.”
Равобити Гурҷистон бо Русия солҳо боз сард буданд, вале баъди ишғоли манотиқи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи нерӯҳои Русия, ташаннуҷ дар равобити ду ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ амиқтар шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон аз кишварҳои дӯст хоҳиш кардааст, ки ин кишварро на “Грузия”, балки бо номи Ҷорҷия ёд кунанд. Феълан Булғористон, Беларус, Чин, Словения, Маҷористон, кишварҳои соҳили Балтик ва баъзе мамолики дигар Гурҷистонро Грузия меноманд.
Кореяи Ҷанубӣ дар ҷавоб ба дархости мақомоти Гурҷистон аз истифодаи калима Грузия даст кашид. Вале Япония ё худ Ҷопон ин дархостро напазируфт.
Сафири Гурҷистон дар Ҷумҳурии Чех Нино Накашидзе гуфт, ки мақомоти Прага то ҳол ба ин дархост ҷавобе надодаанд, вале ба фикри ӯ чехҳо новобаста ба эҳсоси Маскав қарор қабул хоҳанд кард. Сафири гурҷӣ афзуд, вақте ҳукумати Чех ба забони англисӣ мактуб мефиристад, номи кишвар Ҷорҷия зикр мешавад, вале дар асноди дохилӣ кишварро Грузия меноманд.
Дар ҳамин ҳол ходими сафорати Полша ва ё Лаҳистон дар Гурҷистон Магда Новаковска мегӯяд, калимаи Грузия чандин аср инҷониб дар истифода буда, ба забонҳои славянӣ мутобиқ аст. Ӯ меафзояд: “ Ҳукумати мо то ҳол ба хулосае наомадаву ба дархости вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон посух надодааст. Чаро қабул қарор душвор аст? Зеро калима Грузия дар забони мо решаи амиқ дорад. Он ба қонуни талаффуз ва грамматикаи мо мутобиқ мебошад. Мо бо Гурҷистон чандин аср боз равобит дорем ва садҳо матну санаде вуҷуд дорад, ки дар он номи кишвар Грузия ёд шудааст. Ҳоло тағйир додани он осон нест.”
Давид Мушкелишвилӣ, муаррихи маъруфи Гурҷистон мегӯяд, баҳси ҳозира ҳеҷ маънӣ надорад: “Ман намехоҳам гӯям, ки аз нуқтаи назари сиёсӣ масъала чӣ аҳамият дорад, вале он хандаорвар аст. Барои як сокини Лаҳистон чӣ фарқ дорад, ки номи кишвари мо Гурҷистон аст ё Грузия?”
Зимнан минтақаи Абхозистон, ки аз тарафи Гурҷистон бо номи Абхазетӣ ёд мешавад, аз тарафи худи абхозиҳо Апснӣ номгузорӣ шудааст ва ҳамин тавр минтақаи Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи гурҷиҳо Самачабло ва аз ҷониби худи осетиҳо Хусар Иристон номгузорӣ шудааст.
Вакили мардумӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳи мухолифи ҳукумати президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ мегӯяд, ташаббуси тағйири ном арзише надорад, зеро воқеият бо амал баҳодиҳӣ мешавад на бо ҳарфу калима. Ӯ мегӯяд, ҳар кишвар ихтиёр дорад, ки худаш номи кишвари дигарро муқаррар кунад.