Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар


Лилия Боева, як донишҷӯи рус, ки ҳоло аз Аврупо дидан мекунад, мегӯяд, ки қимати хизматрасонӣ ва зистро дар аксар шаҳрҳо, аз ҷумла Прага ва ё Вена таҳаммул кардан мумкин аст.

Ӯ, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дар муқоиса қиматҳои ин ҷо хеле беҳтаранд: "Барои мо муҳим аст, ки қимати ғизо аз ҳад зиёд баланд набошад. Инчунин масъалаи зист дар хонаҳои иҷораву меҳмонхонаҳо ҳам бояд муносиб бошанд. Албатта,
харҷи роҳ дар нақлиёти дохилишаҳриву байнишаҳрӣ ҳам агар камтар ва барои мо барин донишҷӯён имтиёзнок бошад, хеле муҳим аст. Ман аз Маскав ҳастам
Таҳқиқоти мазкур бархе шаҳрҳои Осиёи Марказиро низ баҳогузорӣ карда, аз ҷумла ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон мақоми 72 ва ба Тошканд, пойтахти Узбакистон, мақоми 176-ро ихтисос додааст...
ва фикр мекунам, ки қимати зиндагӣ дар пойтахти Русия на фақат барои хориҷиҳо, балки барои мардуми маҳаллӣ ҳам хеле баланд аст. Нархҳо барои хӯрок, барои иҷораи манзил, барои ҳама чиз баланд аст."

Як ширкати таҳқиқотии байналмилалии "Mercer" ахиран натиҷаҳои пурсиши нави худро роҷеъ ба қимати зисту зиндагӣ дар шаҳрҳои мухталиф барои хориҷиҳо нашр кард.

АЗ ЛУАНДА ТО САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Соли дуюм аст, ки пойтахти Ангола, шаҳри Луанда, чун гаронтарин шаҳр дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, баъд аз он Токио, пойтахти Япония ва Нҷамена, пойтахти Чад дар мақомҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд.

Ба даҳгонаи қиматтарин шаҳрҳо инчунин Маскави Русия, Женеваи Швейсария, Осакаи Япония, Тсюрихи Швейсария, Сингапур, Ҳонг Конг ва Сан-Паолои Бразилия шомил шуданд.

Дар мақомҳои поинтар аз он шаҳрҳои Лондон, Сеул, Пекин, Шонгҳой, Тел-Авив, Порис, Санкт-Петербург қарор гирифтаанд. Ширкати "Mercer" мегӯяд, таҳқиқоти худро дар 214 шаҳри панҷ қораи сайёра баргузор карда, нарху навои 200 номгӯи молу хизматрасониро мавриди омӯзиш қарор додааст, аз ҷумла, нархи роҳкиро, иҷораи манзил, ғизо, сару либос ва тафреҳро омӯхта муқоиса кардааст.

НЮ-ЙОРК, ҶОИ АСЛӢ БАРОИ МУҚОИСАИ ХАРОҶОТ

Ҳадафи асосӣ ин аст, ки ҳукуматҳову ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба ҳангоми таъмини зиндагии шаҳрвандону коргаронашон дар хориҷа хулосаҳои ин таҳқиқотро ба назар бигиранд. Дар таҳқиқоти мазкур шаҳри Ню-Йорк ба унвони макони аслӣ барои муқоисаи хароҷоти зисту зиндагӣ дар ин таҳқиқот муқаррар шудааст. Дар зимн, ин шаҳри серҷамъияти амрикоӣ дар мақоми 27-уми пурсиш қарор гирифтааст.

Муаллифони ин таҳқиқот мегӯянд, ба гаронии қиматҳо дар шаҳрҳои ҷаҳон чанд омил таъсиргузор мешавад, аз ҷумла, тағйири қурби арзи хориҷӣ, инфлятсия ё таваррум, ноамнии сиёсӣ, офатҳои табиӣ ва дигар масоил. Ширкати "Mercer" мегӯяд, бо назардошти ин омилҳо, ҳукуматҳову корхонаҳо бояд ҳаққи заҳмат, имтиёзҳо, таъминоти маишии шаҳрвандонашонро, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, мувофиқан пардохт намоянд.

Масалан, дар як соли охир, таҳқиқот нишон дод, ки қиматҳо дар қаламрави Аврупо нисбатан собит боқӣ монда, вале дар Африқо қимати манзилу иҷора шадидан боло рафтааст. Шаҳрҳои бузурги Австралия, масалан, ба хотири тақвияти қимати доллари миллиашон дар муқобили доллари амрикоӣ акнун ба қатори кишварҳои гаронтарин шомил шуданд.

УЗБАКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ҲАСТ, ТОҶИКИСТОН НЕСТ

Таҳқиқоти мазкур бархе шаҳрҳои Осиёи Марказиро низ баҳогузорӣ карда, аз ҷумла ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон мақоми 72 ва ба Тошканд, пойтахти Узбакистон, мақоми 176-ро ихтисос додааст. Кадоме аз шаҳрҳои Тоҷикистон аммо мавриди назари муҳаққиқоти ғарбӣ қарор нагирифт, эҳтимолан ба он хотир, ки қиматҳои зист дар ин ҷо ғайри қобили қиёс бо қиматҳои Ню-Йорк аст.

Вале дар як сӯҳбат бо як шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, хостем ба вазъи зиндагӣ ва хароҷоти ӯ рӯшанӣ андозем.

Иброҳим номи тағйирёфтаи як омӯзгорест аз Куриёи Ҷанубӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони тоҷикиро омӯхтааст. Вай мегӯяд, ки ба чанд далел, аз ҷумла ба хотири кам будани харҷи зиндагӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЯК ШАҲРВАНДИ КУРИЁ

Иброҳим: Нисбат ба Корея дар Тоҷикистон нархҳо арзонтар аст. Вале дар Тоҷикистон, ба фикри ман, нархи манзил аз назари сифат, қиматтар аст.

Озодӣ: Шумо барои иҷораи манзил моҳе чӣ қадар сарф мекунед?

Иброҳим: Пештар 300 доллар медодам. Ҳоло 500 доллар, вале барои иҷораи ҳавлӣ.

Озодӣ: Ба фикри шумо дар давоми як соли охир нархҳо зиёд тағйир ёфтанд?

Иброҳим: Бале, қиматтар шуданд.

Озодӣ: Шумо дар оянда ҳам дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан мехоҳед?

Иброҳим: Ҳа, мехоҳам, чунки ин ҷо одам кам асабашро вайрон мекунад. Баъдан, обу ҳавои ин ҷо тоза аст. Обу ҳавои мо ин хел нест. Дар мо, албатта, техника бисёр пешрафт кардааст, вале одам наметавонад фақат бо техника зиндагӣ кунад. Ба фикри ман, аз ҳама муҳим дар миёни одамони хуб зиндагӣ кардан аст.

Озодӣ: Ҳамроҳ бо хонаводаатон зиндагӣ мекунед?

Иброҳим: Бо оилаам. Ман се фарзанд дорам.

Озодӣ: Яъне, хароҷоте, ки шумо барои худатон ва аҳли оилаатон, барои фарзандон мекунед, назар ба Кореяи Ҷанубӣ арзонтар аст?

Иброҳим: Ҳа, ҳамин хел аст. Чунки молҳои мо қиматтар аст, лекин сифаташ ҳам баландтар, назар ба молҳое, ки дар Тоҷикистон мефурӯшанд.

Озодӣ: Бачаҳои шумо дар мактаби махсус таҳсил мекунанд?

Иброҳим: Не, дар мактаби одии 21-уми Душанбе мехонанд. Таҳсили онҳо ба забони русӣ аст.
XS
SM
MD
LG