Алмат Имонгелдиев, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Оқтеппа, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ин амалиёт рӯзи душанбе анҷом ёфт.
“Нӯҳ узви ин гурӯҳро мо рӯзи шанбе аз байн бурдем. Ду нафари боқимонда субҳи имрӯз боздошт шуданд ва айни ҳол бозпурсии онҳо идома дорад. Ҳамин тариқ фаъолияти ин гурӯҳи мусаллаҳ қатъ карда шуд”,- изҳор намуд ҷаноби Имонгелдиев.
Ӯ афзуд, ду тани боздоштшуда сокинони шаҳраки Кенкияк мебошанд. Ба гурӯҳи мусаллаҳ ҳамчунин сокинони шаҳракҳои Сарикул ва Шубаршӣ шомил буданд.
Дар зимн, бахши асосии амалиёти густурдаи нерӯҳои махсуси Қазоқистон рӯзи 8-уми июл дар Кенкияк сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ба ҷуз 9 узви гурӯҳи мусаллаҳ ҳамчунин ду низомии нерӯҳои вижа ба ҳалокат расида, чанд корманди пулис маҷрӯҳ шуданд.
Амалиёти низомӣ дар Кенкияк, ки дар таърихи навини Қазоқистон бесобиқа маҳсуб мешавад, рӯзи 1-уми июл пас аз куштори ду корманди пулис дар шаҳраки Шурбаршӣ оғоз ёфт. Барои хунсо кардани гурӯҳи мусаллаҳ нерӯҳои махсуси мақомоти умури дохиливу амният – “Сункар”, “Беркут”, “Арлан” ва баталёни зудамали нерӯҳои дохилӣ сафарбар шуданд.
Як рӯз баъд дар амалиёт як сарбози гурӯҳи вижаи “Арлан” кушта ва се сарбози дигари ин гурӯҳ маҷрӯҳ шуданд. Ба дунболи ин, дар шаҳраки Кенкияк бародари як тан аз гумонбарони куштори кормандони пулис ҳадафи тир қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, ки ӯ аз ҳамдастони гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ буд ва ҳангоми боздошт муқовимат нишон дод.
Аммо шадидтарин даргирӣ бо истифода аз гранатомёту зиреҳпӯшҳо шоми рӯзи 7-уми июл дар Кенкияк сурат гирифт. Ардак Кубашев, сокини ин шаҳрак ба "Озодӣ" гуфт, ки аз шом то нимашаб ва субҳи рӯзи дигар дар яке аз кӯчаҳои шаҳрак “тирпарронии пурваҳшате идома кард ва мардум ҷуръати тарки манзилҳои худро надоштанд”.
Ба иттилои расмӣ, шоми рӯзи 7-уми июл аз яке аз манзилҳои шаҳрак сӯи кормандони пулис оташ кушоданд, ки бар асари он аъзои гурӯҳи “Сункар” Ойболат Имонбоев ба ҳалокат расид. Дар посух ба талаби ба замин гузоштани силоҳ аъзои гурӯҳи мусаллаҳ тирпаррониро шиддат бахшиданд ва чанд тан аз кормандони полисро маҷрӯҳ карданд. Даргирӣ то нимашаб идома кард, хонаҳои гирду атроф баставу муҳосира ва сокинони маҳалла аз ҷойи ҳодиса берун кашида
шуданд. Ҳамлаи густурда болои қароргоҳи аъзои гурӯҳи мусаллаҳ аз сар гирифта шуд, ки фақат соати 12 бо куштори нӯҳ узви ин гурӯҳ анҷом ёфт.
Алмат Имонгелдиев, сухангӯи Раёсати умури дохилаи вилояти Оқтеппа, дар робита ба аъзои гурӯҳи мусаллаҳ ба "Озодӣ" гуфт, “онҳо зери ниқоби паҳнсозии ақидаҳои мазҳабӣ ба яғмои нафт дар наздикиҳои шаҳракҳои Шубаршӣ ва Кенкияк машғул буданд”.
Ба дигар суолҳо, аз ҷумла, ба имкони талоши бархе сиёсатмадорону гурӯҳҳои сиёсӣ барои ба ҳам задани субот дар кишвар, ба гуфтаи Алман Имонгелдиев, баъд аз анҷоми тафтишот ва бозпурсии афроди боздоштшуда метавон посух пайдо кард.
Амалиёти низомӣ дар Кенкияк, ки дар таърихи навини Қазоқистон бесобиқа маҳсуб мешавад, рӯзи 1-уми июл пас аз куштори ду корманди пулис дар шаҳраки Шурбаршӣ оғоз ёфт...