Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумат дар қатли Шаҳзод даст дорад."


Шаҳзод Салим
Шаҳзод Салим

Адмирали амрикоӣ Майк Муллен гуфтааст, ҳукумати Покистон дар куштори рӯзноманигор Салим Шаҳзод нақш дорад.

Шаҳзод, ки дар бораи ҳузури ҷангҷӯён дар артиши Покистон мақола менавишт, моҳи май ба қатл расидааст. Вале ҳукумати Покистон изҳороти Мулленро “фавқулода бемасъулият” номида, онро маҳкум кардааст.

ШАҲЗОД САЛИМРО ЧАРО КУШТАНД?

Ба назар мерасад, ки ин изҳороти афсари воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи ИМА равобити ИМА ва Покистонро боз ҳам сардтар хоҳад кард. Ибтидои моҳи май нерӯҳои
Муллен бо Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон

таъйиноти хоси ИМА дар қаламрави Покистон раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодинро маҳв намуда, равобити миёни Вашингтону Исломободро таҳти фишор қарор дода буданд.

Сухангӯи ҳукумати Покистон изҳороти адмирали амрикоиро “фавқулода бемасъулият” унвон додааст.

Шаҳзод 29-уми май баъди навиштани як мақола дар бораи нуфузи ал-Қоида рӯи нерӯҳои баҳрии Покистон беному нишон шуд. Пас аз ду рӯз ҷасади Шаҳзод ёфт шуд, ки ба қавли полис саршор аз нишонаҳои шиканҷа буд.

Рӯзи панҷшанбе аснои як сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Вашингтон, адмирал Муллен гуфт, ба фикри ӯ куштори хабарнигори нашрияи интернетии Азия Таймс (Asia Times Online) Салим Шаҳзод бо дастури ҳукумати Покистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Вале Муллен барои тасдиқи ин гуфтаҳояш шаҳодати муассире пешкаш накард, ки даст доштани хадамоти кашфи Покистон (ISI) дар куштори хабарнигорро собит намояд. Фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА афзуд, ки ин амал роҳи пешгирифтаи ҳукумати Покистонро мавриди шубҳа қарор медиҳад.

МАҚОМОТИ ПОКИСТОН РАД МЕКУНАНД

Вазири иттилооти Покистон хонум Фирдавс Ошиқ Аъвон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки изҳороти адмирал Муллен дар
Маросим ҷанозаи Салим Шаҳзод дар Карочӣ

равобити миёни Вашингтону Исломобод мушкил эҷод хоҳад кард. Ӯ таъкид кард, ки ин паём дар ҷанги муштарак бар зидди терроризм мушкилӣ ба бор меорад. Ин мақоми покистонӣ гуфт, ки ҳукумат як ниҳоди мустақилро ба хотири таҳқиқи куштори Шаҳзод ташкил кардааст ва изҳороти Муаллен ба ин ниҳод кӯмак намерасонад.

Парвиз Шавкат-раиси Иттиҳоди Федералии рӯзноманигорони Покистон, ки яке аз аъзои комиссияи таҳқиқи куштори Шаҳзод мебошад, ба радиои Озодӣ гуфт: “Сарфи назар аз паёмҳо дар расонаҳои амрикоӣ, комиссия ба шаҳодат ниёз дорад. Комиссияи шаръӣ борҳо эълон кардааст, ки ҳар шаҳодат дар бораи марги Шаҳзодро ба ин ниҳод пешкаш кунанд.”

Хадамоти кашфи Покистон ҳам даст доштан дар куштори Шаҳзодро рад кардаааст.

Шаҳзоди 40-сола бо таҳқиқоташ дар бораи шабакаҳои террористии мустақар дар Покистон ва равобити онҳо бо хадамоти кашфи Покистон машҳур шуда буд. Дар арафаи беному нишон шуданаш, Шаҳзод мақолае навишта, таъкид кард, ки бархӯрди 22-23 май дар шаҳри Карочӣ баъди ноком шудани музокироти махфии хадамоти кашфи Покистон бо намояндагони ал-Қоида ба амал омад. Дар ин ҳамлаи ҷангҷӯён болои пойгоҳи баҳрӣ, ки 16 соат идома дошт, даҳ афсари низомиву чор чангҷӯй кушта шуданд.

РАВОБИТИ БЕ ИН ҲАМ САРДИ АМРИКОВУ ПОКИСТОН

Аслан қабл аз куштори Шаҳзод ва изҳороти Муллен, равобити Вашингтону Исломобод начандон гарм буд. Шаби якум ба дуюми май дар шаҳри Абботобод, ки саршор аз иншооти низомии Покистон аст, нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА амалиёти махфӣ раҳандозӣ намуда, раҳбари шабкаи ал-Қоида Усома бин Лодинро маҳв намуданд.

Он замон ҳам суоле матраҳ буд, ки оё фармондеҳони низомии Покистон воқеан аз макону буду боши Усома бин Лодин огаҳӣ надоштанд?

Ба ҳар сурат адмирал Муллен таъкид кард, ки феълан қатъ намудани кӯмаки молӣ ба Покистон, боиси фоҷеаи бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG