Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди шикастаи 22 ҳазор барандаи Грин-кард


Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ишора ба хато дар барномаи компютерӣ эълон кард, ки пирӯзии 22 ҳазор нафар дар лотереяи Грин-кард ва ё ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро лағв намудааст.

Акнун бархе аз онҳое, ки тавассути паёми электронӣ барандаи лотерея эълон шуда, барои ҳиҷрат ба ИМА омодагӣ мегирифтанд, мехоҳанд қазияро дар додгоҳ матраҳ намоянд.
Смирнов мегӯяд, ӯ бо умеди ҳиҷрат ба ИМА мошинашро бо нархи хеле арзон фурӯхт ва агар ҳоло номи ӯро аз рӯйхати афроди пирӯз берун кашанд, ӯ аз ҳукумати ИМА ҷуброни хасороташро талаб хоҳад кард...


Якуми майи соли ҷорӣ Иля Смирнов тариқи паёми электронӣ огаҳ шуд, ки ӯ дар лотереяи Грин-кард пирӯз шудааст. Аслан Смирнови 26-сола шаҳрванди Русия буда, ҳамроҳ бо завҷаи 20-солааш, ки шаҳрванди Украина мебошад, муваққатан дар ИМА ба сар мебарад.

Соли гузашта Смирнов мисли ҳазорҳо довталаби дигар номзадиашро ба лотереяи грин-кард пешбарӣ намуда, умед дошт, ки номашро дар байни 50 ҳазор барандаи ҳаққи истиқомату кор дар ИМА пайдо хоҳад кард.

БАҲСИ ҚАЗИЯДАР ДОДГОҲ

"Мо ба таври ваҳшатнок хурсанд шудем. Шаби дароз хобамон набурд. Субҳ ману ҳамсарам бо чашмони сурх, вале хушҳол кор рафтем. Ду рӯз аз хушбахтӣ хобамон намебурд",-гуфт ӯ.

Смирнов, ки доимо орзуи истиқомат дар Амрикоро дошт, ба Маскав занг зада, ба модараш гуфтааст, ки мошину хонаашро фурӯшанд. Вале ин хушҳолии Смирнов ду ҳафта идома кард. Зеро департаменти давлатӣ, яъне Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар сомонаи интернетиаш эълон кард, ки дар барномаи компютерӣ хато ҷой дошт ва пирӯзии 22 ҳазор довталаби Грин-кард барои соли 2012-ум аз эътибор соқит дониста мешавад.

Смирнов ба нокомӣ тан надода, тавассути интернет 35 шаҳрванди 20 кишвари оламро пайдо кард, ки мисли ӯ аз пирӯзӣ маҳрум шудаанд. 16-уми июн ин гурӯҳ қазияро ба додгоҳи Вашингтон кашида, талаб кард, ки мақоми онҳо барқарор шавад.

ҚУРЪАКАШИИ НАВ

Кенет Вайт (Kenneth White) вакили мудофеи ширкати White & Associates мегӯяд, ӯ аз манфиати барандаҳои ноком дифоъ хоҳад кард. "36 нафар аз 20 кишвари олам даъво доранд, ки қазияи онҳо ба ҳайси қазияи дастаҷамъӣ эътироф шавад. Агар додгоҳ даъворо қабул кунад, он имкон дорад ҳамчун даъвои 22 ҳазор нафар арзёбӣ шавад",-афзуд ӯ.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, ки таҳқиқи парванда идома дорад ва 15-уми июл қуръакашии нав доир хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ вакилони мудофеъ кӯшиш доранд, ки пирӯзии 22 ҳазор довталаб ҳифз шуда, то оғози қуръакашии нав додгоҳ мақоми онҳоро барқарор кунад.

ҶУБРОНИ ХИСОРОТРО КӢ МЕДИҲАД?

Смирнов мегӯяд, ӯ бо умеди ҳиҷрат ба ИМА мошинашро бо нархи хеле арзон фурӯхт ва агар ҳоло номи ӯро аз рӯйхати афроди пирӯз берун кашанд, ӯ аз ҳукумати ИМА ҷуброни хасороташро талаб хоҳад кард.

Ба гуфти вакилони мудофеъ вақте департаменти давлатӣ дар сомонаи интернетиаш номҳои довталабҳои пирӯзи лотереяи грин-кардро ҷо дод, ин ниҳоди давлатии ИМА бояд дар муқобили онҳо масъулияташро эътироф кунад.

"БАЪЗАН АЗ ДАРДУ АЛАМ ГИРЯ МЕКУНАМ..."

Ирина Воропаева, хонуми 33-солаи рус мегӯяд, ӯ 13-уми май дар Маскав хабар ёфт, ки пирӯзиаш лағв шудааст: "Бегоҳи ҷумъаи 13-уми май мо фаҳмидем, ки пирӯзии мо аз эътибор соқит шудааст. Ман ба даҳшат афтида, маҷбур шудам, ки аз кор рухсатӣ гирам. Баъзан аз дарду алам гиря мекунам. Метарсам, ки натиҷааш аз ин бадтар нашавад. Акнун сафорат медонад, ки ман хоҳишманди муҳоҷират ба Амрико ҳастам ва эҳтимол ба ман раводиди саёҳат ба ин кишварро дигар надиҳанд."

Аммо як довталаби дигар бо номи Ива Зафирова, ки ҳоло дар Амрико кору зиндагӣ дорад, аз лағви пирӯзиаш нороҳат бошад ҳам, талош ба хотири кору истиқомати доимӣ дар Амрикоро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG