Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар маросими поягузории нахустин санги бинои ин тамрингоҳ гуфт: “Ин лоиҳа аз тарафи Фармондеҳи марказии Амрико ва ширкати муҳандисони Артиши Амрико амалӣ мешавад. Маркази тамрингоҳи миллии Қаратоғ як бахши ҳамкории мо бо давлати Тоҷикистон аст.”
Ин дар ҳолеаст, ки бархе аз расонаҳо масъалаи имкони эҷоди пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон аз сӯи КБР ва ё ширкати сохтмонӣ - муҳандисии Артиши Амрикоро матраҳ кардаанд ва навиштаанд, ки ин ширкат дар як музояда барои сохтмони пойгоҳҳои низомӣ дар 20 кишвари ҷаҳон баранда шудааст.
ТАМРИНГОҲИ НИЗОМӢ ДАР 200 ҲЕКТОР
Маблағи умуми ин лоиҳа 3,8 миллирад долларро ташкил медиҳад, ки қисме аз ин маблағ барои таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон масраф мешавад. Бар асоси ин иттилоъ қарор аст, мутахассисони соҳаи низомии ИМА дар муддати се соли оянда тамрингоҳи низомиеро дар Тоҷикистон бунёд кунад.
Аммо Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, Амрико иқдом бар эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро надорад, “ин тамрингоҳ танҳо барои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аст ва дар асоси ин тарҳ ташкили пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон дар назар нест ва Амрико чунин тасмиме надорад.”
Бо ин ҳам тамрингоҳе, ки бояд Амрико барои сохторҳои қудратии Тоҷикистон бисозад дар масоҳати 200 ҳектор замин то соли 2012 бунёд хоҳад шуд. Марҳилаи авввали сохтмони ин тамрингоҳ то ҷашни 20-солагии истиқлол, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бо масрафи 3,1 миллион доллар анҷом хоҳад шуд.
НАЗАРИ ФАРМОНДЕҲИ ГОРДИ МИЛЛӢ
Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон, ки Кен Гросс, сафири Амрикоро дар ин маросим ҳамроҳӣ мекард, аз ин иқдом истиқбол кард ва гуфт, “ҳадаф аз сохтмони ин марказ омода кардани воҳидҳои қудратии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоди маводи мухаддир, терроризм ва одамрабоӣ аст. Ин тамрингоҳро ширкати АНТЕ -и Амрико ва корхонаи «Тоҷиксохтмон - Байналмилал» месозанд.”
Ин буд, ки хабарнигорон аз фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон пурсиданд, пас аз маҳви гурӯҳи террористии Абдулло Раҳимов, мулаққаб бо Мулло Абдулло дар минтақаи Рашт хатари ношӣ аз терроризм ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ё хайр?
Ҷаноби Раҳмоналӣ дар посухи ин суол гуфт, “имрӯз мо метавонем бигӯем, ки дар ҳақиқат он чи ки дар тарафи шарқи давлати Тоҷикистон ба вуқӯъ омад бартараф шуд ва имрӯз мояи нигаронӣ боқӣ намондааст ва тинҷиву амонӣ аст.”
НИГАРОНИИ НАМОЯНДАИ РУСИЯ
Ин дар ҳолест, ки Александр Панкин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва эҳтимоли вуруди онҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна изҳори ташвиш кардааст. Ин изҳори назари як мақоми баландбпояи Русия ба дунболи вуқӯи чанд аъмоли террористӣ дар шимоли Афғонистон сурат гирифтааст.
Аммо фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон умедвор аст, ки пас аз бунёди тамрингоҳи низомӣ дар минтақаи Қаратоғ, ки дар як баст метавонад сесад нафар афсарро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад, сатҳи омодагии ҷангии низомиёни тоҷик ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта беҳбуд хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи вай дар ин тамрингоҳ ҳамчунин ниҳодҳои қудратии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ омӯзиш хоҳанд дид.