Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷоизаи "Худкуш" дар Амрико


Филми ҳунарии «Худкуш», офаридаи Рустам Шоазимов, коргардони тоҷик барандаи се ҷоизаи як фестивал дар Амрико шудаааст.

Иттифоқан бояд гуфт, ки то кунун барандаи ҳамзамон се ҷоиза ҷашнвораи амрикоӣ American International Film Festival шудани як филми тоҷикӣ собиқа надоштааст.

Филми «Худкуш»-и Рустам Шоазимов дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Амрико ҷоизаи беҳтарин филми хориҷӣ, беҳтарин нақши аввал ва беҳтарин коргардонро азони худ карда ва ба ҳашт фестивали байналмилалии дигар, ки қарор аст аз ҷумла дар Олмон, Авсртия ва Ҷопон доир шаванд, роҳ ёфтааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:40 0:00
Линки мустақим


Филми мазкур дар ширкати синамои хусусии «МК-Студия» рӯи навор омада ва нақши асосиро дар он Бердӣ Мингбоев иҷро кардааст. Ин барои Шоазимов аввалин ҷоизаи муҳими байналмилалист, аммо нахустин коре нест, ки ном ӯро ба унвони коргарони ҳунарманд матраҳ намуда бошад. Ном ва ҳунари Рустам Шоазимов барои дӯсторони кино ва ҳунар аз филми «Шикасти афғонӣ» ва «Перестройка» ошно буд.

РӮЁИ СОДИҚОНА

Аммо ба ҳар ҳол, шарҳи мухтасари ҳол ва роҳи паймудаи ҳунарии Рустам аз забони худи ӯ: «Ман Рустам Шоазимов, соли 1964 дар Душанбе таваллуд шудам. Падарам муаллим, модарам табиб. Худам мактаби шумораи 52-ро соли 1982 хатм кардам. Дар сафи артиши сурх дар Маскав хидмат намудам ва соли 1989 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кардам. Аммо кор пайдо накардам. Дипломам дар таги кашам чор моҳ дар назди дарвозаи киностудия мегаштам. Як иттифоқ уфтод, вале воқеъист. Як рӯз аз назди киностудия бар гаштам ва дар хона дароз кашида будам, на хоб буд, на бедорӣ, мисли рӯё як муйсафед дар пеши дар пайдо шуд ва дар миёни ману ӯ як гирдобро медидам. Мӯсафед мегуфт, поятро

гузор, ман меҳаросидам, мӯсафед, мегуфт, ки поятро гузор ман кӯмак мекунам, аз он ки тарафи ман табассум мекард ва либоси сафед дошт, тарси ман гум шуд ва ман поямро гузоштам ва дар миёни гирдоб рост истодам. Дигар намедодам ин хоб буд ё бедорӣ, аммо фардо боз ба зери ҳамон дарахти худам дар назди киностудия рафтам. Як мардаки қоматбаланд аз дохил берун омад, пурсид кор мекобам, гуфтам бале, маро назди хараки назди студия шинонд ва пешниҳоди кор дод. Медонед дар куҷо? Дар филми «Шикасти афғонӣ» ва ман яку якбора дар ин филм коргардони дуввум шудам. Чор панҷ саҳнаи ин филмро худам гирифтам, аз саҳнаи хатнаро.»

ЧАРО «ХУДКУШ» МУВАФФАҚ ШУД ВА ҶОИЗА ОВАРД?

Ҳамин тавр оғоз шуд қадамҳои Рустам ба саҳнаи филмсозӣ ва бо филми худи ӯ ба унвони «Перестройка» идома кард.

Иматшо Қимматшоев, коргардони маъруфи телевизон устоди донишгоҳии Рустам буд. Ӯ мегӯяд, дар соли дуввуми таҳсил Қимматшоев ба маъмурияти донишгоҳ мегӯяд, ки ман чизе дигар ба ин ҷавон омӯхта наметавонам ва ба ӯ дипломашро нависед.

Аммо бар гардем ба сари «Худкуш», ки чаро муваффақ шуд

ва ҷоиза овард? Чаро таваҷҷӯҳи гардодандагони ҷашнвораи амрикоиро қарор гирифт ва паёми офарандаи филм ба бинандаи он чист?

Рустам дар «Худкуш» робитаи одам ба муҳити худ дар намунаи муносибати шикорчӣ бо оҳубара ва вокуниши табиат ба амалкарди инсон, ё расидан ба сазои офаридагори худро ба гунаи худ тасвир кардааст. «Худкуш» паёме аз зарурати муносибати огоҳонаи инсон, худшиносӣ то доштани истиқлоли фикру амал ва озодии сиёсӣ ва фарҳангӣ аст.

Ривояти кӯтоҳи «Худкуш» зиндагии як марди ҷангалбон аст, ки кори чанд пушти гузаштаи худро идома медиҳад. Вале фарзанде надорад, ки кори ӯро идома диҳад. Вақте дар батни ҳамсари ӯ фарзанд пайдо мешавад, як зани фолбин ба ҷангалбон мегӯяд, ин фарзанде, ки таваллуд мешавад бояд шахси бисёр мӯътабар ва сарватманде шавад. Лекин шарт ин аст, ки ту бояд оҳубараеро қурбон кунӣ ва гӯшташро ҳамсарат бихӯрад. Ин ҷо ҷанги ботинии ҷангалбон бо худ оғоз мешавад, ки чӣ тавр зидди иродаи худ амал кунад. Аммо билохира ба хотири фарзандаш розӣ мешавад. Баъди ин, сарнавишти ҷангалбон дигар мешавад ва рӯзи некро

намебинад. Аммо дубора зани фолбин бар мехӯрад, ки ба ҷангалбон мегӯяд, ки ту ҳаққи интихоб карданро доштӣ, вале аз он нодуруст истифода кардӣ. Ин паёми возеҳи коргарон аз ҳаққи интихоб ва паёмади иштибоҳи инсонҳо на танҳо аз интихоби нодуруст низ ҳаст.

Оқои Шоазимов мегӯяд: «Дар ин дунё ҳама чиз ба ҳам робита дорад. Як рафтори беадабонае, ки мекунӣ фикр накун, ки ба ту бар намегардад. Ҳатман вокуниш дорад. Дар ҳикояҳои Брегбер як шабпарак тамоми дунёро дигар кард. Ҳамин хел дар замони мо ҳам оҳубарра куштӣ он ба худаш убол дорад мегӯянд. Посухашро бояд бидиҳӣ.»

«Худкуш» қабл аз рафтан ба фестивали амрикоӣ дар Наврӯзи имсол, дар як ҷашнвораи муарифии филмҳои сохтаи ширкати «МК Студия» дар Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Аммо дар намоиши аввал бинандаи тоҷик умдатан зоҳири ин филмро дид ва паёмҳои дигар ва аслии он дар пардаи ибҳом монд. Аз ин ҷост, ки филми мазкур умдатан чун як филми бо паёми экологӣ муаррифӣ шуд. Аммо матни аслии он инсон, муҳити инсон ва робита бо офаридагори ин ҳардуст.

«МАРДУМ БОЯД ХУДАШ ТАСМИМ БИГИРАД.»

Носири Амин, коргардони тоҷик «Худкуш»-ро беҳтарин филми тоҷикии вақтҳои охир медонад ва мегӯяд, истеъдоди коргардонии Рустам Шоазимов дар филми мазкур дар ёфтани меҳвари андеша, ҷилваҳои вижа ва истифодаи муассир аз

техникаи муосир ба намоиш омадааст. Барои аввалин бор дар филмсозии тоҷик аз барномаҳои хоси компютерӣ дар филми «Худкуш» истифода ба амал омадааст.

Носири Амин мегӯяд: «Аз ҳама асосияш ҳамин лаҳзаи кулмитатсионӣ аст, ки мардум бояд фикри худашро дошта бошад ва худаш тасмим бигирад. На ин, ки як касе аз кӯча бирасад ва бигӯяд, ки ин хел кунед ё он хел ба ҳарфи ӯ гӯш диҳем. Ин ба истиқлолияти мо ҳам дахл дорад ва интихоби мо ҳам. Дар филм тақдири як оила гирифта шудааст, аммо намунаи як миллат аст, миллати мо. Мо бояд ба ҳарфи як касе, ки ба мо ваъдаи бой шудану хушбахт шуданро медиҳад дода нашавем ва ба ақли худ кор кунем. Ана ҳамин чизакора Рустам ба ҳар восита Рустам баён кардааст. Филми нав аст, диди нав дорад.»

Бояд гуфт, ки Рустам Шоазимов аввалин коргардони тоҷик аст, ки дар давраи омӯзиши кор бо барномаи Final Cut Proх ро дар Маскав фаро гирифтааст. Ин барнома вижаи рӯи бистари Аррle (йепл) тадвини филм аст.

НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ ФИЛМОФАРӢ

Лутфулло Давлатов, ҳунармади саршиноси тоҷик, ки акнун мудири шабакаи ТВ «Сафина» низ ҳаст ҳунар ва истеъдоди Рустам Шоазимовро лутфи худӣ медонад ва мегӯяд, солҳост, ки бо ӯ ва ҳунараш ошност. Лутфулло ҷоизаи амрикоии Рустамро сидқан табрик мекунад ва онро ҷоизаи кинои тоҷик

медонад ва мегӯяд, ӯ ба ҷоизаи болотаре сазовор аст. Оқои Давлатов мегӯяд, филми «Худкуш»-ро дидааст, ки як намунаи беҳтарини филмофарист, аммо ӯ аз Рустам Шоазимов дағдағаи аз ин ҳам болотареро интизор дошт.

Оқои Давлат мегӯяд: «Ман ҳунари худододи Рустамро аз қабл эътироф ва эҳтиром мекардам ва ҳоло низ ҳамчунин ба ҳунари ӯ иқрор ҳастам. Ман махсус рафтам ва тамошо кардам филми ӯро. Хеле заҳмати фаровон кашидааст дар таҳияи ин филм. Фақат ин, ки дар интихоби қаҳрамонҳо, ман ҳамчун ҳунарманд як нуқта эрод доштам. Як ҷумлаи дигар мегӯям, ки шояд Рустам бишнавад аз ман каме малол шавад, аммо ман аз Рустам таваҷҷӯҳ ва интизори зиёдтар доштам. Вақте гуфтанд, ки ӯ ба таҳияи ин филм машғул аст, ман гуфтам, ки филми Рустам чизе мебарояд, ки барои ҳама як тӯҳфаи ногаҳонӣ ё сюрприз мешавад. Аммо ба ҳар ҳол, ман гуфтанӣ ҳастам, ки беҳтарин филм аст. Дар миёни он филмҳое, ки ман тамошо кардам дар намоиш аз ҳама лиҳоз беҳтарин буд.»

ДАСТОВАРДИ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИК

Раҳмони Мирализода, раҳбари ҳунарии ширкати «МК Студия» мегӯяд, дастоварди «Худкуш» мухтасси танҳо як студияи онҳо ва Рустам Шоазимов нест. Ва он ҷоизаи овардани «Худкуш» ҳунармандони дигар ва хоса насли нави коргардонҳоро барои анҷоми корҳои муҳимтар ангеза медиҳад. Ӯ мутманин аст, ки то як - ду соли дигар филҳои хубтаре аз коргардонҳои тоҷик рӯи навор меояд ва овардани ҷоизаи ҷашнвораҳои байналмилалӣ як амри муқаррарӣ хоҳад шуд.

Оқои Мирализода мегӯяд: «Мо худамонро ҷузъи фарҳангиёни Тоҷикистон медонем ва ин дастоварди на танҳо Рустам ва «МК Студия», балки аз ҳамаи

фарҳангиёни тоҷик ва ҳунармандону синамои Тоҷикистон аст. Ман ба ин муносибат, ки филми Рустам дар Амрико кинои Тоҷикистонро муарифӣ кард, ҳамаро табрик мегӯям ва умедвору интизори дастовардҳои бештаре ҳастем.»

Ҷои гуфтан аст, ки ширкати филмсозии «МК Студия» як муассисаи ғайри давлатӣ аст, ки бо ташаббуси Маҳмадраҳим Каримов таъсис шудааст. Маҳмадраҳим Каримов дар гузашта соҳибкор ва раиси корхонаи сементи Душанбе буд ва феълан вакили МН аст ва ин ширкати филмсозиро сарпарастӣ мекунад. Ширкати мазкур то кунун ҳафт филми ҳунарӣ рӯи саҳна овардааст, ки ду тои он, аз ҷумла «Худкуш» ва "Бигузор ҳамаи ин хоб бошад", ҷоизаи байналмилалӣ овардаанд. Филми «Бигузор ҳамаи ин хоб бошад», ки муаллиф ва коргардони он Далер Раҳматов мебошад, низ дар фестивали киноӣ Русия барандаи ҷоиза шуда буд.

МУШКИЛИҲОИ СИНАМОӢ ТОҶИК

Ҳоло кинои тоҷик рӯзҳои хушеро пушти сар намекунад ва гирифтори мушкилоти фаровоне ҳаст. Аз ҷумла, камбуди аслӣ сармоягузорӣ барои таҳияи филмҳо мебошад, давлат имкони молии маблағгузории ин соҳаро надорад ва бахши хусусӣ ҳам ба далоили мухталиф то кунун аз сармоягузории филмсозии миллӣ худдорӣ кардааст. Ин аст, ки солона танҳо як ё ду ва ё дар беҳтарин ҳолат се филми ҳунарӣ дар

Тоҷикистон рӯи саҳна меояд. Филмсозӣ ва сармоягузории филсозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ба як фарҳангӣ миллӣ табдил нашудааст. Бахши хусусӣ ба чанд далел аз сармоягузории филсозӣ худдорӣ мекунад. Аммо аввалтар аз ҳама далели он бим аз бозпас нагирифтани сармояест, ки масраф мешавад. Чун дар дохили Тоҷикистон кино бозор надорад. Аз нигоҳи дигар, сармоягузорон ба муваффақият касб кардани филмҳои тоҷикӣ дар хориҷ, ки ба он васила битавонанд масрафоти худро пӯшиш диҳанд, низ мутмаин нестанд.

ЧАРО "ХУДКУШ"-РО ТАМОШОБИНИ ТОҶИК НАДИД?

Аммо боз ҳам Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоикистон мегӯяд, ки бояд ин филмҳо, аз ҷумла «Худкуш» дар дохили Тоҷикистон ба намоиш меомад, то дар муқоиса ба дигар филмҳо вижагиҳои он ба бинанда ва мутахассисон маълум мешуд. Он гоҳ дар мавриди он сӯҳбат кардан осонтар мебуд.

Оқои Ҳақдод мегӯяд: «Агар ин филм ва дигар филмҳо ба намоиш гузошта мешуданд, ки мо муқоиса мекардем, ки
Сафар Ҳақдод

кадоме беҳтар аст. Аммо мутаасифона аз ҳар лиҳоз ин имкон камтар вуҷуд дорад. Аммо коре, ки ин ҷавон кардааст, ки як кори синамоӣ анҷом диҳад, аз назар сужа фарогир ва аз нигоҳи истифодаи техналогияи навини синамосозӣ ва инчунин аз назари истифодаи ҷилваҳои хос қобили аҳамият аст. Аммо афсӯс, ки бинандаи дохили кишвар аз дидани он маҳрум аст.»

МУШКИЛ ЧИСТ: ПУЛ ВА Ё АДАМИ ИРОДАИ РОСИХ?

Аммо Рустам Шоазимов мегӯяд, ки як шарти иштирок дар фестивал, ин ба намоиш наомадани филм дар кинотеатрҳо мебошад. Агарчанд ӯ вақте филмро меофарид фикри ба ҷашнвора фиристодани он ва ҷоиза оварданро надошт.

Аммо ба ҳар ҳол, вазъи кинои Тоҷикистон низ мисли ҳамаи соҳаҳои дигари зиндагӣ дар ин кишвар афсурда ва рӯ ба раҳми Худост. Бо вуҷуде, ки Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ беҳтарин ҳунармандони номдорро ва студияи синаморо дошт. Аксари ҳунармандон монданд, аммо ҳунари синамо

чун ҳунар аз миён меравад. Ин ҳунар рӯи шонаҳои нозук ва осебпазири ҳунармандои дилбохтае мисли Рустам Шоазимов қарор дорад. Вагарна ҳукумат на тавони сармоягузории ҳунари онҳоро дорад ва имкони харидории филмҳои офаридаашонро.

Аммо Рустам дар ин миён муҳимтарин мушкили кинои тоҷикро на дар адами сармоя, балки дар набудани иродаи росих барои филмсозӣ медонад. Вале боз ҳам ӯ ба ҳикмати филми худ шинохтани ҳаққи худ дар симои ҷангалбон, эҳтиром ба ҳаққи дигарон, яъне муҳити худ дар намунаи оҳубара ва эътиқод ба офаридаи худ содиқ аст ва мегӯяд, ки бовар дорад, ки Тоҷикистон кишвари ҷашнвораҳои синамо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG