Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши чашмгир дар қазияи раиси пешини СБП


Парвандаи пурсарусадои Доменик Стросс-Кан, раиси пешини СБП бо гардиши такондиҳандае рӯ ба рӯ шуд.

Дар ҳоле, ки раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул (CБП) Доменик Стросс-Кан аз ҳабси хонагӣ озод шуд, матбуот хабар дод, ки эътимоди додситонҳо ба парвандаи ӯ то рафт камтар мешавад.

ПЕЧИДАГИҲОИ ПАВАНДАИ СТРОСС-КАН

Стросс-Кан, ки моҳи май ба талоши таҷовуз ба номуси пешхидмат як меҳмонхона дар Ню-Йорк муттаҳам шуд, тайи ду ҳафтаи ахир ба додгоҳ даъват нагашт. Ин дақиқан дар марҳилае ҷараён мегирад, ки гуфта мешавад бинобар шакку шубҳа ба дурустии иддаои ҷабрдида, парвандаи талоши озори ҷинсӣ алайҳи Стросс-Кан шояд суқут кунад.

Рӯзи ҷумъаи 1-уми июл додрас Доменик Страсс-Канро аз ҳабси хонагӣ озод кард, гаравпулии 1 миллион доллари нақд ва 5 миллион доллар саҳмияро ба ӯ баргардонд, аммо гузарномаи сафари ӯро маҳфуз дошт.

Қарори мусбати додгоҳ далели рӯшане аст, ки додситонҳо ба воқеъияти қазия шубҳа доранд.

ШАККУ ГУМОНҲО ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ҶОНИБАЙН

Бино ба навиштаи нашрияи "Ню Йорк Таймс", додситонҳо ба дурустии даъвои хонуми 32-сола ба таври афзоянда машкук шудаанд.

Мақомоти ҳифзи тартибот ба таври хусусӣ ба нашрия гуфтаанд, додситонҳо ошкор кардаанд, ки ин ҷавонзан дурӯғ мегӯяд ва акнун онҳо ба бахши умдаи суханони ӯ, чӣ дар бораи худаш ва чӣ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба ӯ дар меҳмонхона бовар надоранд.

Ба гуфти манобеи "Ню Йорк Таймс", эҳтимолан зани даъвогар бо афроди ҷиноятпеша, бо шумули нашъафурӯшон ва пулшӯйҳо робита дорад. Ин равобит ҳамчунин навори сӯҳбатеро дар бар мегирад, як рӯз баъд аз иттиҳоми ҳуҷум ба ӯ дар меҳмонсаро бо шахсе дар маҳбас анҷом шудааст ва дар сӯҳбат суде, ки пайгирии қазияи Стросс-Кан ба бор меорад, матраҳ будааст.

Мақомот ҳамчунин ба таври хусусӣ ба "Ню Йорк Таймс" гуфтаанд, як нуктаи дигар низ машкук аст, ки марди маҳбус дар байни афродест, ки дар ду соли ахир ҳудудан 100 ҳазор долларро ба ҳисоби бонкии ин зан рехтаанд.

Ҳарчанд ин гумонҳо парвандаи Стросс-Канро мустақиман хароб намекунанд, аммо аммо шаку тардиди ҷиддиеро ба бор овардаанд, ки оё эътибори шоҳид то андозае ҳаст, ки битавонад ҳайати мунсифаро ба дурустии сухани худ мутақоид созад. Тими вакилони банкдор гуфтаанд, ки дар хатти ҳимояи Стросс-Кан масъалаи эътибори шоҳидро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд дод.

ОЯНДАИ НОРӮШАНИ РАИСИ ПЕШИНИ СБП

Танҳо чизе, ки рӯшан боқӣ мемонад ин аст, ки навъе бархӯрди ҷинсӣ иттифоқ афтодааст. Аммо ҳар қадар, ки парванда муғлақ мешавад, ба ҳамон андоза сарнавишти ояндаи Доменик Стросс-Кан, ки аз раҳбарии Сандуқи байналмилалии пул сабукдӯш шудааст, муғлақ ба назар мерасад.

Моҷарои меҳмонсарои Манҳеттени Ню Йорк Стросс-Канро на танҳо аз мақоми ҷаҳонии раиси Сандуқи байнулмилалии пул маҳрум кард, балки ширкаташро дар интихоботи президентии соли ояндаи Фаронса, ҳамчун номзади Ҳизби сотсиалист зери суол бурд. Аммо акнун, ба ақидаи нозирони вазъ, агар парвандаи ӯ комилан фурӯ пошад, вай хоҳад тавонист, ба арсаи муборизаи сиёсӣ дар муқобили раисиҷумҳури феълии Фаронса, Николас Саркозӣ қарор гирад.

Аммо додгоҳ танҳо шароити озодии айбдоршавандаи 62-соларо тағйир дод ва барояш сабукӣ дод. Дафъаи оянда, рӯзи 18-уми июл, вақте ки Доменик Стросс-Кан бори дигар дар додгоҳ зоҳир хоҳад шуд, шояд бисёре аз шакку гумонҳо парешон ва ояндаи раиси пешини СБП рӯшан шавад. Пас суоли асосӣ то он вақт беҷавоб боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG