Тазоҳуркунандагони беларус, ки бо эълон ва даъватҳои интернетии "Флаш-моб" гирдиҳам омада буданд, ҳеҷ шиоре дар даст надоштанд ва доду фиғон ҳам намекарданд, балки танҳо паҳлуи ҳам аз кӯчаҳои шаҳр мегузаштанд ва ба нишони эътироз аз ҳукумати президент
Аляксандр Лукашенко кафкӯбӣ мекарданд ё худ қарсак мезаданд.
Ронандагони мошинҳо бо дидани ин раҳпаймоӣ ожир ё сигнол мезаданд ва аз он истиқбол мекарданд. Гирдиҳамоӣ баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки полис шоми чаҳоршанбе наздик ба 100 нафар аз тазоҳуркунандагонро боздошт кард.
Дар раҳпаймоии "кафкӯбон" низ полис ба кӯчаҳо рехта буд ва роҳҳоро баста, даҳҳо нафарро боздошт кард ва ба автобусҳои нишонда ба шӯъбаҳои умури дохилӣ бурд. Интизор меравад, тазоҳуроти умдае дар рӯзи якшанбеи 3-юми май, Рӯзи истиқлолияти миллии Беларус ба вуқӯъ пайвандад.
Баёни эътироз дар Беларус бо роҳҳои гуногун аз моҳи декабри соли гузашта аз рӯзи эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ оғоз шуда, мухолифон Лукашенкоро дар дасткории ин натиҷаҳо айбдор мекунанд ва эълон кардаанд, ки ҳар шоми чаҳоршанбе даст ба раҳпаймоӣ ва тазоҳурот зананд. Ба дунболи нахустин гирдиҳамоиҳо садҳо нафар аз тарафдорони мухолифон, аз ҷумла номзадҳои рақиб боздошт шуда, даҳҳо нафар бо ҳукми додгоҳ барои мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Бӯҳрони сиёсиро мушкилҳои шадиди иқтисодии Беларус сангинтар кардааст. Ҳамзамон бо коҳиши батакрори қурби пули миллии Беларус эътимоди аҳолӣ ба он низ кам ва нархи маводи ниёзи аввалия бештар мешавад. Ҳампаймони наздики Беларус – Русия рӯзи чаҳоршанбе ба иллати қарзи 43-миллиондолларии Минск интиқоли нерӯи барқро ба Беларус қатъ кард. Сухангӯи ширкати “Интер РАО” дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, интиқоли барқ имрӯз аз сар гирифта хоҳад шуд.
Ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии НТВ-и Русия, ки моликияти ширкати азими давлатии “Газпром” аст, як филми мустанадеро пахш кард, ки дар он Лукашенко мавриди тамасхур қарор гирифта, аз тазоҳуркунандагон ҳимоят мешавад.
Ровии филм аз ҷумла мегӯяд: “На фаъолони мухолифон, балки шаҳрвандони одӣ ба кӯчаҳои Минск мебароянд. Онҳо шиор мезананд ва талабҳои сиёсӣ мекунанд. Одамон эътироз мекунанд, зеро мардуми Беларус дигар чизе барои гум кардан надоранд.”
Дар кишвари ҳамсояи Беларус – Литва, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, дар ҳамоиши байнулмилалии “Ҷомеаҳо барои демкоратия” фаъолони созмонҳои ҷомеаи маданӣ ва намояндагони давлатҳоро ба таҳкими арзишҳои демократӣ дар саросари ҷаҳон даъват кард.
Ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Майкл Познер ҳафтаи гузашта дар Вошингтон гуфт, вазъи Беларус дар сафари хонуми Клинтон яке аз мавзӯъҳои калидӣ хоҳад буд. Вай афзуд, хонуми Клинтон аз кишварҳои Аврупо даъват хоҳад кард, ки фишор ба Минскро тақвият диҳанд.
На фаъолони мухолифон, балки шаҳрвандони одӣ ба кӯчаҳои Минск мебароянд. Одамон эътироз мекунанд, зеро мардуми Беларус дигар чизе барои гум кардан надоранд...