Кумиссюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ бо нашри баёнияе гуфтааст, тасвиби қонуни масъулияти падлару модар дар тарбияи фарзанд, ки намегузорад, кӯдакон дар маросими мазҳабӣ ширкат кунанд, ҳуқуқу озодиҳои маҳдуди мазҳабӣ дар Тоҷикистонро маҳдудтар мекунад.
Леонард Лео, раиси ин созмони ИМА дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ гуфтааст, “аз ин таҳаввулоти нороҳаткунанда бисёр нигарон аст ва аз давлати Амрико мехоҳад, ки ба раиси ҷумҳур Раҳмон фишор биёрад, то монеи ҳукми иҷро гирифтани ин муқаррарот шавад.”
Ӯ афзудааст, дар сурати эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани қонуни мазкур озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон боз ҳам таназзул хоҳанд ёфт. Дар баёнияи Кумиссиюни озодиҳои байналмилалии мазҳабии Амрико гуфта мешавад, пешнависи қонуни масъулияти падару модар, ки бо ташаббуси раиси ҷумҳур моҳи апрел таҳия шуд, ба баъзе аз муқаррароти Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мухолифат мекунад.
Аз ҷумла банди 8 қонун волидонро муваззаф мекунад, ки нагузоранд, то фарзандонашон ба истиснои маросими дафн, дар дигар маросими мазҳабӣ ширкат кунанд. Кумиссиюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ тасмим гирифтааст, имсол низ чун ду соли гузашта Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои таҳти назорат қарор диҳад. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод шароит дар Тоҷикистон ба ҳадде наздик шудааст, ки онро метавонанд, аз назари шароити озодиҳои мазҳабӣ дар “радифи кишварҳои мояи нигаронии хос” қарор диҳанд. Дар сурати афтодани Тоҷикистон ба ин гурӯҳ, Амрико метавонад, алайҳи Тоҷикистон иқдомоти мухталиф, аз ҷумла таҳрим эъмол кунад. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба хотири боло бурдани сатҳи дониш ва монеъ шудан ба ифротгароӣ дар миёни ҷавонон омода шудааст.
Ин қонунро рӯзи 15 июн Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб кард ва он бояд баъди тасвиб дар палатаи болоии порлумон барои имзо ба раиси ҷумҳур фиристода шавад.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз мубтакирони қабул шуани қонуни мазкур зимни тавзеҳи он ба вакилони порлумон таъкид намуда буд, ки қабули он барои таъйини ӯҳдадорӣ ва масъулияти волидон, омӯзгор ва ҷомеа дар амри тарбият ва таълими фарзанд аз аҳамияти махсус бархурдор хоҳад буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба истиснои ду вакил аз ҲНИТ лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар»-ро, ки аз сӯи раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, саривақтӣ ва муҳим хонда ба он раъй доданд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилон аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумони Тоҷикистон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон карданд.
Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, ки тавассути қонун ҷилагирӣ кардан аз намозгузории ҷавонони то 18 сола дар масоҷид ва барои ин амр муҷозот кардани волидони онҳо як амали хилофи арзиш ва фароизи динӣ аст.
Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов аз вакилон даъват кард, ки лоиҳаро ҷонибдорӣ кунанд: «Ман пеш аз ҳама тарафдори ин қонун ҳастам, таблиғотгари ин қонун ҳастам. Ва ба хусус тарафдори он ҳастам, ки моддаи 8 банди 14 дар шакле, ки ҳаст қабул карда шавад. Яъне ба масҷид рафтани хонандагон ва донишҷӯён манъ карда шавад».
Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 ҳазор нусха мунташир шуда буд.