Шоми 26-уми июн дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе таҷлили густардаи Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат гирифт, ки дар он аъзои ҳукумат, вакилони Маҷлиси Олӣ, аҳли адабу фарҳанги кишвар ва мардуми оддӣ аз навоҳии мухталифи кишвар ширкат карданд ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ низ ҳузур доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки имрӯз шароите фароҳам омадааст, ки миллати тоҷик метавонад акнун барномаи ҳадафи миллӣ ё андешаи милли худро мушаххас ва масири пешрафти худродақиқ созад. «Дар шароити муосир таҳкими чунин ғоя на дар шакли як шиори таблиғотӣ, балки танҳо дар шакли як консепсия ё барномаи дақиқи
дурнамои рушди миллӣ имкон пазир бошад. Ва таҳия чунин санади сарнавиштсоз кори саҳлу осон нест, бояд дар таҳияи он қишри соҳибназари ҷомеа ширкат дошта бошад.»
Дар ҷашни «Рӯзи ваҳдат» Эмомалӣ Раҳмон бахши аъзами суханронии худро ба масъалаи ҳузури ҷавонон дар роҳи пешрафти ҷомеаи имрӯзи кишвар бахшид.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бахши аъзами ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад, аз ин рӯ бо ҳар роҳе ҷавононро вориди маҷрои зиндагии амалии кишвар кард: «Ояндаи ҳар кишвар ба ҷавонон вобастагӣ дорад. Ва ин ба хусус ба Тоҷикистон дахл дорад. Зеро мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем.»
Президенти Тоҷикистон дар ин рӯз аз сокинони Тоҷикистон хост, ки фарзандони худро аз гироиш ба ҷараёни созмонҳои иртиҷоӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Вале бахши аъзами суханронии президентро даъват ба таҳаммулпазирӣ ва шукргузорӣ дар бар мегирифт, ки сокинони кишварро таъкид мекард, ки ба қадри ин лаҳзаву рӯзҳои осоишта ва ҳамгироӣ бирасанд.
Вале ба фарқ аз суханрониҳои пешини раиси ҷумҳур дар Рӯзҳои ваҳдат, дар ин навбат аз ҷониби дигари сулҳкунандаи оштии миллӣ , ки Иттиҳодияи мухолифини пешини Тоҷикистон дар назар аст, ёдоварӣ накард ва ҳамчунин дар суханронии худ хусусан номи раҳбари мухолифини тоҷик зиндаёд Саид Абдулоҳи Нуриро, ки зери созишномаи сулҳи кишвар имзо гузоштааст, зикр нанамуд. Ба ҷашнгоҳ низ аз аъзои собиқ мухолифини тоҷик ба ҷуз вакили Маҷлиси намояндагон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дигар ҳеҷ нафаре даъват нашуда буд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, ки даъвати раиси ҷумҳур ба таҳаммулпазирӣ худ аз арзишҳои созишномаи сулҳи тоҷикон ба шумор меояд, вале вай ишора мекунад, ки воқеан бозтоби Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва хусусан шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ якҷониб сурат мегирад. «Мо борҳо дар сӯҳбатҳои дӯстона таъкид кардаем, ки саҳми сулҳкунандагон ҳамаҷониба
инъикос карда шавад ва яктарафа баҳо дода нашавад. Мутаасифона баъзе аз масъулин, ки аз муҳити онсолҳо дур ҳастанд, аҳамияти сулҳро аслан дарк намекунанд. Дар ин ҷо ирода ва каме ҳиммат лозим аст на чизи дигар. Намояндаҳои собиқи мухолифин на мӯҳтоҷи мансаб ҳастанд ва на даъвои кадом курсиро доранд. Ақаллан он намояндаҳои собиқ мухолифин, ки дар ҷараёни сулҳ саҳми бориз доштанд, чуноне устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, зери созишномаи сулҳ имзо гузҳоштанд ёд карда мешуданд беҳтар буд. Ё номи Ҳабиб Сангинов, Отахон Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов, ки дар қайди ҳаёт нестанд ёдоварӣ мешуд беҳтар буд. Мутаассифона ин корҳо нашуд.»
СУЛҲИ КӢ БО КӢ?
Ҳатто агар насли нави Тоҷикистон ба барномаҳои шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ оид ба Рӯзи ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ кунанд, ба зудӣ дарк нахоҳад кард, ки ин сулҳ чӣ гуна ба даст омад ва ба хотири чӣ буд ва чӣ муқовимате сар зада буду кадом нерӯҳо пас аз даргирии чандсола ба сулҳу оштии миллӣ расиданд.
Ба назар мерасад, ки як сафҳаи муҳими таърихи муосири Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои давлатӣ камранг нишон дода мешавад. Яъне ба таърихи кишвари худ мунсифона назар карда намешавад ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ намекунанд.
«ВАҲДАТ КОМИЛ НЕСТ...»
Ба қавли нависандаи шинохтаи Тоҷикистон Саттор Турсун, ҳарчанд аз таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ин чанд сол мегузарад, аммо ҳанӯзам ин ваҳдат комил нест ва мо наметавонем бигӯем, ки як ваҳдати бехалал дорем: «Медонед бояд ба ҳама бо як чашм нигаристан лозим аст, агар наметавонем ба ҳама бо як чашм нигоҳ кунем, мо ба ваҳдат нахоҳем расид. Ҳоло раиси ҷумҳур ин паҳлӯи масъаларо дарк кардааст.»
Саттор Турсун мегӯяд, ки ба ихтиёри афроди ношоиста вогузоштани курсиҳову мансабҳо, бемасъулиятӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон, ки талош барои беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум нишон намедиҳанд, ин сулҳу ваҳдатро камранг мекунад ва онро комил намесозад.
Ба назари бархе аз соҳибназарон, ин сулҳ ба осонӣ ба даст наёмадааст, ки имрӯз ба он саҳлангорӣ кард ва ё онро кам гирифт.
СУЛҲЕ, КИ БА САХТӢ БА ДАСТ ОМАДААСТ
Сафиаллоҳи Субҳон, намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар рӯзҳои ҷанги дохилӣ дар Хатлон шоҳиди мухолифати ду ҳамсоя ва ё ду қудое шудааст, ки ҳарду аз фарзандонашон соҳиби набера шуда буданд: «Медонед, вақте ки як мулло дар солҳои 92 ҷиҳод эълон кард, ду сокини вилояти Хатлон яке аз Кӯлоб дигаре аслаш аз Рашт фарзандҳои худро домоду арӯс кардаву соҳиби набераҳо шудаанд, бо шунидани ҷиҳод ба даст силоҳ гирифта аз пушти девор ба тарафи якдигар тир мекушоданд. Тақрибан кор ба ҷое мерасид, ки фарзанди яке духтари дигариро барои ин хусумат талоқ медод. Мо байн даромадем ва онҳо ба оромиш даъват кардем. Ва аз ин роҳи хусусатомез баргардондем.»
Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, ба ин монанд чанд ҳодисаҳое буд, ки ҳамсоя ҳамсояи худро ба қатл расонидааст. Аз ин рӯ ин сулҳ осон ба даст наёмадааст. Ва дуруст нест, ки аз он барои як ҷониб ва ё як нафар суиситифода кард ё обрӯ харид.
"ҲАМИН ОРОМӢ БАС АСТ..."
Ҳамсӯҳбати дигари Мавлуда Ҳусайнова, мегӯяд ба ҳар сурат имрӯзҳо мисли солҳои нооромӣ нест. Вай меафзояд, ки мисли замони шӯравӣ дар соати яки шаб ҳам метавонӣ ба хонаи хешу таборат равӣ ва озодона дар шаҳр гардиш кунӣ, ки дар солҳои нооромиӣ ин гуна шароит набуд. «Ман кӯдаки хурдсол будам, чанд нафарро дар назди бозори Саховат парронда буданд, ман сахт тарсида будам. Мо аз хона берун намешудем. Ҳоло вазъ дигар аст, мо чӣ ҳангоми шаб чӣ рӯз озодона равуо мекунем. Албатта ҳоло вазъият аз 14 соли пеш фарқ мекунад.»
Дар «Наврӯзгоҳ» бо ҳар нафаре, ки ҳамсӯҳбат мешудем ҳатман мепурсидем, ки зиндагии иҷтимоӣ, масалаи музди кор ҷои кор чӣ хел аст, хонавондаашро метавонад таъмин кунад. Онҳо дар посух даст афшонда мегуфтанд, ҳамин оромӣ бас аст.
Мардуми оддӣ бо вуҷуди мушкили иҷтимоӣ дар рӯзи ҷашн бо табассум ба истиқболи ҳам меомаданд ва якдигарро табрик мекарданд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва нерӯҳои собиқ мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги хунини харобиовари беш аз 5-сола дар Тоҷикистон хотима дод.
Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷони бештар аз 50 ҳазор нафарро гирифт ва иқтисоди кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт.