Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати давлатӣ имрӯз 24-уми июн озими Теҳрон шуд.

Қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми июн дар пойтахти Эрон баргузор мегардад, ширкат намояд.

БАРРАСИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ТЕҲРОН

Пешбинӣ мешавад, ки дар нишасти байнулмилалии бахшида ба мубориза бо терроризм, ки дар шаҳри Теҳрон доир хоҳад шуд, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи масоили муҳиме чун мубориза алайҳи даҳшатафканӣ ва роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Афғонистон суханронӣ кунад.



Моҳи гузашта ҳам Эътилофи зидди терроризм як нишасти байналмилалиашро дар Теҳрон барпо карда буд. Аммо дар ҳоле, ки худи Эрон аз сӯи ҷомеаи байнулмилалӣ барои дастгирӣ ва кӯмак ба бархе аз гурӯҳҳои даҳшатафкани исломӣ муттаҳам мебошад, ин суол матраҳ мешавад, ки сафар ба Теҳрон барои Тоҷикистон то чӣ ҳад муфид тамом хоҳад шуд.

ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ

Амирқул Азимов-раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, сафари раиси
Амирқул Азимов-раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ва иштироки ӯ дар нишасти мубориза бо терроризм барои Тоҷикистон, ки аз чунин офат на як бору ду бор зарар дидааст, аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ новобаста ба онки кишварҳои дигар аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо Эрон чӣ бархӯрду муносибат доранд, худи масъала ва мушкилии терроризм водор мекунад, ки онро дар ҳар куҷо ва дар ҳар сатҳ ҳаллу фасл кунанд: «Ҳалли масъала дар вақти дар якҷо нишастан натиҷаи мусбат медиҳад. Агар мо гӯем, ки ин давлат ба ин гурӯҳ ҳамроҳ аст, ин давлат ба он гурӯҳ ҳамроҳ аст ва якдигарро айбдор кунем ҳеҷ вақт мо ба мақсад намерасем. Новобаста ба он, ки кадом давлат нисбати Эрон чӣ фикрҳо дорад, ин конфаронс дар ин кишвар доир хоҳад шуд.»

НАҚШИ РОҲБАРОН ДАР ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ДУ КИШВАР

Афзун бар ин, ба ақидаи бархе аз коршиносон аз ҷумла Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, дар таҳкими равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон робитаҳои мустақими роҳбарони ҳарду кишвар нақши мусбат бозидааст. Аз инҷо, ки президент
Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон

Раҳмон дар ҳошияи ин сафар бо роҳбарони Эрон низ мулоқот ва барои идомаи ҳамкориҳо ташвиқ хоҳад кард: «Вохӯриҳо дар сатҳи олӣ манфиати зиё меоварад. Зеро роҳбарӣ дар пайи ин дидору мулоқот ва табодули афкор ба як мувофақа мерасанд. Ва дар бештари ҳолатҳо роҳбарони Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳоро дар сатҳи боло ҳаллу фасл кардаанд.»

ТАЪХИР ДАР САФАРИ ВАЗИРИ ДИФОИ РУСИЯ

Пешбинӣ мешуд, ки имрӯз Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия аз Душанбе боздид ва бо президент Раҳмон дидору мулоқот анҷом диҳад. Фаридун Маҳмадалиев- сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳадсу гумонҳоро, ки иллати ба таъвиқ афтодани ин боздид, ба сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон рабт дорад бепоя хонд. Вай гуфт, ки мавқуф гузоштани ин боздид ба худи роҳбарияти идораи
Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия

низомии Русия марбут аст, на Тоҷикистон: «Ин сафар ба дигар рӯз гузаронида шуд. Шояд сабабҳое бошад, ки ба ҳайати роҳбарикунандаи худи мақомоти низомии Русия маълум бошад. Аммо ин сафар ба Тоҷикистон иттифоқ сурат хоҳад гирифт.»

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки боздиди Анатолий Сердюков то охири моҳи ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ва нақшаи ин сафар, ки дар он мулоқоти вазири дифои Русия бо президенти Тоҷикистонро низ дар назар дорад, иваз нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG