Рӯзи 22-юми июни соли 2003 бино бар натиҷаҳои назарпурсии умумӣ дар Тоҷикистон чандин банди Қонуни асосии кишвар, аз ҷумла нукоти марбут ба мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ тағйир ёфт. Акнун як шахс метавонад ду давраи ҳафтсола курсии раиси ҷумҳурро соҳибӣ кунад.
Дар рефрендуми соли 2003 на танҳо мӯҳлати
президентӣ дар Тоҷикистон иваз шуд, балки ҳамчунин ҳадди болоии синну соли раисиҷумҳур, ки 65 солро дар назар дошт, лағв гардид. Акнун нафаре, ки синнаш ба 70-80 ва ё бештар аз он ҳам расида бошад, метавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон худро номзад кунад.
Дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон сиёсатмадорони тоҷик мегӯяд, ки тақрибан ҳамаи ин дигаргуниҳо дар Қонуни асосӣ ба хотири як нафар – раисиҷумҳури феълӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастаанд. Яъне ҷомаи раёсатҷумҳурӣ дар Қонуни асосӣ ба тани эшон буррудӯз шуд, то ӯ битавонад, дар интихоботи соли 2013 низ номзадии худро пешбарӣ карда тавонад. Вале ҳамзамон Қонуни асосӣ ҳаққи талоши ҳеҷ фарди дигарро ба номзадӣ, ширкат дар интихобот ва ишғоли курсии раёсатҷумҳурӣ манъ накардааст.
Дар зимн, тағйири мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Қонуни асосии Тоҷикистон ба созиши сиёсие дар Кумиссюни Оштии Милии Тоҷикистон рабт мегирад, ки референдуми соли 2003 ба он эътибори қонунӣ дод.
Ба қавли раиси зеркумиссюни ин ниҳоди муваққатӣ, профессор Иброҳими Усмон, тарафҳо пас аз баҳси тӯлонӣ ба ин натиҷа расиданд, ки аз намунаи Фаронса пайравӣ кунанд: «Мо ба низоми интихоботии Фаронса пайравӣ намудаем ва ин меъёрро қабул кардем. Ҷониби мухолифон ба ҷои ду давраи панҷсола, ки то соли 1999 системаи интихоботии мо бар руи ҳамин шароит буд, як давраи 7 соларо пешинҳод кард . Вале ҷониби ҳукумат бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ ду давраи ҳафтсоларо пешниҳод намуд ва он пазируфта шуд».
Коршиносон инро ҳам таъкид мекунанд, ки ризоияти мухолифон дар ивази пешниҳоди онҳо ба таъсиси порлумони дупалатаӣ, ҳирфаӣ ва доимамалкунанда ба даст омадааст.
Аммо дар рӯзи рефрендум, тақрибан се соат аз оғози он нагузашта, раиси вақти Кумиссиюни интихобот ва раъпурсиҳои Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев эълон дошт, ки раъйпурсӣ баргузор шудааст. Чигунагии баргузории ин маъракаи сиёсӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ дучори танқид шуд ва як рӯзи баъд аз он мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раҳматулло Зоиров, аз вазифааш истеъфо дод. Вай мегӯяд, тағйиру иловаҳои ин рефрендум шароити ҳуқуқии ҳукмронии як нафар барои солҳои дарозро ба вуҷуд овард.
Тағйири Қонуни асосӣ ва илова ба он интихоботҳои одатан ношаффофу ноозоди Тоҷикистон бисёр афродеро, ки мумкин аст, тавону ҳунари президентиро дошта бошанд, аз ширкат дар сабқат дилсард ва ноумед кардаанд. Чунин раисиҷумҳурҳои мумкин наметавонанд, солҳо интизор бошанд ва он ҳам дар як ҳолати номуайяну печида.
Намояндаҳои аҳзоби мухолиф мегӯянд, бо ин ҳол ширкати номзади онҳо дар интихоботи президентӣ аз ҳама гуна маънӣ ва дурнамо холӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар кишвар дар чаҳорчӯби танги муқарракардаи ҳизби ҳоким ҷараён мегирад ва ҳама гуна талошҳои тағйири вазъ ба кӯшиши роҳандозии бесуботӣ ва номанӣ дар кившар баробар карда мешаванд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси
намояндагон мегӯяд, ки ба мӯҳлати тӯлонӣ насб шудани як нафар дар курсии раёсатҷумҳурӣ ба суди ҳеҷ кишваре набудааст ва таҷрибаҳо инро амалан нишон додаанд.
Вай мегӯяд: «Дар маҷмӯъ ҳар касе, ки тулонӣ раҳбарӣ кардааст, ҳам худ ва ҳам ҷомеаи кишвари худро ба нокомӣ кашидааст. Ва ин ҳукуматҳо чуноне ки таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дер ё зуд фалаҷ хоҳанд шуд.»
Ин дар ҳолест, ки ҳукуматдории тӯлонии як шахс дар бархе аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ бӯҳрони шадидеро ба вуҷуд оварда бошад, дар кишварҳои дигар барои пешгирӣ аз чунин таҳаввулот ислоҳоти шитобкоронаи қонуни асосӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои намуна, дар Марокаш, дар ҳоле ки солҳо инҷониб ташкили ҳизби сиёсӣ мамнӯъ буд, акнун низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ мешавад. Дар Сурия, раисиҷумҳур Башор Асад, ки пас аз ду даҳсола сарварии падараш, дар соли 1984 ба қудрат расид, акнун дар пасманзари нооромиҳои кишвараш паёпай ислоҳот эълон мекунад, аммо мухолифонаш дигар ба ин дигаргуниҳо қонеъ намешаванд.
Дар Тоҷикистон, агар гаҳгоҳе андешаҳои тағйири Қонуни асосӣ садо медиҳанд, онҳо низ ба самте равона шудаанд, ки ҳокимияти раисиҷумҳури феълиро тақвият диҳанд ё заминаро ба вориси эҳтимолии ӯ омода кунанд.
Ҳанӯз ягон сиёсатмадор ё ҳизби сиёсӣ тағйири мӯҳлати раёсатҷумҳурииро пешниҳод накардааст, аммо бисёриҳо хостори шароити солими интихоботӣ мебошанд, ки ҳам раъйдиҳанда ва ҳам чеҳраи сиёсӣ ҳаққи дурусти интихобро дошта бошанд. Ҳарчанд бояд афзуд, зарурати якпалатаӣ кардани порлумони дупалатаӣ борҳо тазаккур ёфтааст.

Мо ба низоми интихоботии Фаронса пайравӣ намудаем ва ин меъёрро қабул кардем...