Дар ин авохир ба чанде аз қонунҳои кишвар тағйиру ислоҳот ворид карда шуд, ки бештар хосият ва хислати маҳдудсозиро доштанд.
“ҲУКУМАТ АЗ МАРДУМ, ҲИЗБҲО ДАР ҲАРОС АСТ.”
Cуол: Аз ҷумла бар асоси ин тағйирот барои баргузории гирдиҳамоиҳо ва гуруснанишинӣ ҷазои сахттар эъмол мешавад. Фикр мекунед чаро аз тарафи ҳукумат чунин маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ имрӯз ҷорӣ карда мешавад?
Ҷавоб: Мушоҳида мешавад, ки дар рафтори ҳукумат як навъ тарс ба вуҷуд омадааст. Тарс аз ҳама чиз:- аз мардум, аз ҳизбҳои сиёсӣ. Ҳокимияти давлатӣ ба ҷойи он, ки бо мардум ва аҳзоб дар асоси баробарӣ ҳамкорӣ кунад, даст ба сиёсати маҳдудсозӣ задааст. Ҳукумат қонунияти пешравиро инкор карда истодааст:- яъне меъёре,
ки дар конститутсия эълон шудааст, плюрализми сиёсӣ ва идеологиро. Ба ҷойи ба танзим даровардани ин аслу усули асосии демократия, аслу усули диктатура ва авторитаризмро аз тариқи қонун ҷорӣ ва аз ин роҳ демократияро дорад маҳдуд мекунад. Онки талаб карда мешавад, ки гуруснашинӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ набояд баргузор шавад, худ хилофи мантиқи ин шакли эътироз ва ҳамзамон хилофи меъёри демократия аст. Дар
ҳоле, ки феълу амали ҳар як шаҳрванд дар берун аз манзили зист, феълу амал дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳисоб мешавад. Ҷойи ҷамъиятӣ ин ҳудуди 90 дарсади масоҳати ҷомеа аст. Яъне агар рафтору амали як нафар аз саҳар то бегоҳ ба ҳисоб гирифта шавад, пас як нафар бештари вақти худро дар ҷойи ҷамъиятӣ мегузаронад. Яъне ба истиснои манзил бақия ҷойҳо :-боғи фароғатӣ, истироҳатӣ, хиёбон, истгоҳ, василаи нақлиёти умумӣ, мағоза ва ғайра ҷойи ҷамъиятӣ ҳисоб мешаванд. Яъне ҷойҳое, ки онҷо одамҳои зиёд ҷамъ мешаванд. Аз ин рӯ манъ кардани амали гуруснашинӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ, баробар ба берун кардани худи инсон аз ҷамъият аст. Зеро чӣ хеле гуфтем, берун аз хона ва аз ҳавлӣ, шаҳрванд дар ҷойи ҷамъиятӣ қарор дорад. Манъ кардани гуруснашинӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ дар ниҳоят маънои манъ кардани ин шакли эътирозро дорад. Вале бояд гуфт, ки бо роҳи диктатура ва аз тариқи маҳдуд карданҳо
фаъолияти аҳзоб ба танзим дароварда намешавад. Бояд ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати баргузории гирдиҳамоиҳоии осоишта дар чорчӯби қонун имконият дода шавад. Вале ҳоло тағйирот ба қонун то ба ҳадде пешрафт кардааст, ки барои баргузории «маҷлис» низ маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дар ин маврид бояд гуфт, ки қонунгузор аз моҳияти қонун берун баромадааст. Чунки дар қонун “маҷлис”-ро дар баробари “митинг” ворид кардан иштибоҳ аст. Зеро «маҷлис» фаъолияти дохилии иттиҳодия, созмон, муассиса ва ё ҳизб аст. Дар қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зикр шудааст, ки маҷлис бидуни иҷозаи мақомот аз тарафи ҳизб ва созмони ҷамъиятӣ доир мешавад. “Маҷлис”-ро тавассути қонуни гирдиҳамоиву пикету дигар танзим кардан худ амали ғайриконститутсионӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон аз мардум, аз ҳизбҳо ва аз вазъияти инқилобие, ки ба миён омадааст, сахт дар ҳарос аст, тарс дорад. Аз рӯи чӣ? Он ҳодисаҳое, ки дар бархе аз давлатҳои арабӣ дар ин авохир рӯй доданд ва дар баъзе аз онҳо ҳоло низ идома доранд дар Тоҷикистон такрор нашаванд. Ба ин хотир тарс доранд. Ворид кардани ислоҳот ба қонунҳ ва маҳдуд кардани амалҳое чун гирдиҳамоӣ ва гуруснанишинӣ на характери ҳуқуқӣ, балки характери сиёсӣ касб кардааст. Ин корҳо равона шудааст барои эмин ва дар амн нигоҳ доштани ҳокимияти давлатии имрӯза.
ДАВЛАТ ДУНЯВӢ БУДА МЕТАВОНАД, АММО НА ҶОМЕА
Суол: Ҳамин тавр ҳоло дар муносибати давлат бо дин низ тавассути қонун баъзе дигаргуниҳо ҷорӣ карда шуд. Масалан дар амри омӯзишу таълими кӯдакону наврасон ва рафтани ин бахш аз ҷомеа ба масҷид дар қонунҳо маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Чунин ба назар мерасад, ки давлат дар симои диндорон таҳдид эҳсос мекунад.
Ҷавоб: Дин фарҳанги бисёрасра ва бособиқаи ҳар як ҷомеа аст. Ин фарҳангро аз зисту зиндагӣ дур ва ҳузури онро дар ҳаёти ҷомеа маҳдуд кардан шаҳодати он аст, ки давлат зидди манфиати ҷомеа ва фарҳани ҷомеа аст. Аз дигар тараф, давлат, бигзор ҳатто давлати дунявӣ, ҳуқуқ надорад дин ва маорифи динро маҳдуд созад. Давлат метавонад ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ, ташкилоти динӣ дахолат кунад вале на ба дин. Давлат фаъолияти онҳоеро, ки ақида ва андешаи террориству экстремистиро паҳн ва ташвиқ мекунанд, маҳдуд ва аз тариқи муҷозоти қонунӣ пеши роҳашонро мегирад. Вақте собит мегардад, ки ин амалҳо ба зидди манофеи ҷомеа ва давлат аст ва онро хоҳ шахс ва ё хоҳ
ташкилоти алоҳида содир карда бошад, ниҳоди дахлдор пеши роҳашро бояд бигирад. Аз тарафи дигар давлат “дунявӣ” буда метавонад аммо ҷомеа ҳеҷ гоҳ наметавонад “дунявӣ” бошад. Бархеҳо бидуни сарфаҳм рафтан ба моҳияти масъала мегӯянд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дунявӣ мебошад, аммо чунин фаҳмиш комилан иштибоҳ аст. Аз рӯи моҳият ва мазмуни худ, ҷомеа ғайриимкон аст, ки дунявӣ бошад. Барои онки дин, маорифи дин ва фарҳанги диниро аз ҳаёти ҷомеа хориҷ кардан ғайримкон аст. Ҷомеа
ҳамеша таҷассумгари дин ва масоили динӣ аст. Дин фарҳанги ҷомеа аст. Маҳрум кардани ҷомеа аз ин фарҳанг маънои дунявӣ эълон кардани ҷомеаро дорад. Вақте ҷомеа дунявӣ эълон мешавад, пас давлат ба умури дин дахолат кардааст, динро маҳдуд ва мардумро аз он маҳрум намудааст. Ҷомеаи дунявӣ ҷомеаест, ки он зиддидинӣ ё ғайридинӣ эълон шуда бошад. Дар дигар ҳолат ҳама вақт ҷомеа, ҷомеаи динӣ , ҷомеаи фарҳангӣ хоҳад буд.
МУШКИЛИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?
Суол: Бархеҳо бар ин назаранд, ки бо ин васила талош мешавад аз густариши ҳузури ҲНИТ ва рӯҳониҳои ҷудогона дар ҷомеа ҷилавгирӣ шавад. Чун бар ин назаранд, ки обрӯ ва манзалати онҳо дар ҷомеа ба таври бесобиқа боло меравад.
Ҷавоб: Вақте давлат ҳаракат мекунад, ки нуфуз ва эътибори ин ё он ҳизб, масалан ҲНИ ва ё ҲСД, рӯҳониҳои алоҳида ва ё имомхатибҳо дар ҷомеа коҳиш ёбад, пас он бар зидди вазифаҳои конститутсионии худ амал кардааст. Давлат барои фароҳам кардани шароити баробари фаъолияти ҳизбҳо масъулият дорад. Ҳамин тавр фаъолияти рӯҳониҳо- намояндаҳои дин низ набояд маҳдуд карда шавад. Вақте, ки ба хотири ҳифзи манфиати шахси алоҳида, масалан президент, сарвазир, раиси Маҷлис, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ маҳдуд карда мешавад, дар ин ҳолат худи ҳукумати Тоҷикистон ба омил ва унсури маҳдудкунандаи ҳаёти ҷомеа табдил меёбад. Кулфат ва мушкилии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон он аст, ки президент ва бештари аъзои ҳокимияти давлатӣ намояндаи як ҳизб ва як идеология
шудааанд. Ҳарчанд дар Қонуни асосӣ зикр шудааст, ки ягон идеология, идеологияи ҳукмрон буда наметавонад, аммо чи хеле гуфтам кулфати мо дар он аст, ки президенти кишвар роҳбари як ҳизби сиёсӣ аст. Ва дар ин асос ӯ идеологияи як ҳизби сиёсиро пеш мебарад. Аз ин ҷост, ки нисбати дигар ҳизбҳо ва намояндаҳои ҷомеаи маданӣ сиёсати дискриминасионро ба миён овардааст. Вақте президенти кишвар кафили таъмини конститутсия шуда натавонад ва баракс агар ӯ раиси як ҳизб ва намояндаи як идеология мешуда бошад, ҷомеаи мо ҳеҷ вақт пеш рафта наметавонад, балки баракс ҳама вақт чунин зиддиятҳоро худаш кашф ва ба миён овардан мегирад.
ФАСОДИ ГУСТУРДА ДАР СОХТОРИ МАВҶУДА
Суол: Оё ба назари шумо имрӯз то чӣ ҳад ҳукумат тавонистааст, ки ӯҳдадориҳояш дар назди мардум ва ҷомеаро иҷро кунад?
Ҷавоб: Ба назари ман иҷрои ӯҳдадориҳои ҳокимияти давлатӣ дар назди мардум фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дорад. Ҳатто барномаҳои давлатӣ ҳам дар рӯи коғаз монда истодаанд, дар амал татбиқ намешаванд. Агар амали имрӯзаи ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шавад, бармеояд, ки даҳ фоиз ба манфиати мардум вале 90 фоиз ба манфиати шахсони алоҳида тааллуқ дорад. Гурӯҳе, ки имрӯз дар сари ҳокимияти давлатианд ба манфиати онҳост. Ҳамин чизро бояд гуфт, он даҳ дар саде, ки ба манфиати мардум аст, аз он далолат медиҳад, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳоло шахсоне кор мекунанд, ки барои онҳо манфиати ҷомеа як мазмуну моҳияте дорад. Лекин аксарияте, ки имрӯз вазифаҳои аввалинро ишғол кардаанд ва кор мекунанд, ҳокимияти давлатиро ҳамчун як воситаи бизнес истифода мекунанд. Ва ин бизнес ва ин порагириву порахӯрӣ ва фасод
дар Тоҷикистон ба ҳадде расидааст, ки ҳоло моҳияти коррупсияро худи сиёсати давлат муқаррар мекунад. Сиёсати давлат ба он равона шудааст, ки мақомоти давлатӣ бе коррупсия, бе фасод имрӯз тамоман амал карда наметавонад. Яъне функсияҳои ҳокимияти давлатӣ, салоҳияти шахси мансабдор бисёртар равона шудааст ба гирифтани пора ва ваколатҳо барои бой шудан, барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мардуми оддӣ ва ғайра. Ба шахсони мансабдор иҷоза дода шудааст, ки нисбати мардум кадом фаъолиятеро пеш мебаранд, чӣ коре мекунанд, вале бояд низоми мавҷударо ҳифз кунанд. Гузашта аз ин, мардумро бояд дар чаҳорчӯбаи бефаъолиятӣ ва беташаббусӣ нигоҳ доранд.
“САФАРИ МЕДВЕДЕВ БА ТОҶИКИСТОН СУРАТ НАМЕГИРАД.”
Суол: Дар нишасти СҲШ дар Остона президент бо роҳбарони Чин ва Қазоқистон дидор ва мулоқот кард аммо бо Ӯзбакистону Русия не. Дар ҳоле ки бо ин ду кишвар муносибатҳо хуб нестанд. Фикр мекунед чаро?
Ҷавоб: Муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва Тоҷикистону Русия бисёр оддӣ нестанд. Дар муносиботи байнидавлатии ин кишварҳо як марҳалаи нав шурӯъ шудааст. Дуруст аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Узбакистон ба Тоҷикистон як нобоварӣ доимо вуҷуд дошт. Имрӯз ҳамин гуна нобоварӣ аз ҷониби Русия ҳам мушоҳида мешавад. Пештар, замони президентии В.В. Путин муносибатҳои шахсии ӯ
бо Эмомалӣ Раҳмон хуб буд. Вале солҳои охир ҳамин муносиботи шахсӣ ҳам нисбатан сард шуданд. Ва худи Дмитирий Медведев ҳам бо Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои хуб надорад. Ғайр аз ин Медведев ҳам дар асоси гуфтушунидҳо ба мушоҳида мегирад, ки кадом давлат дар ҷомеаи худ, дар кишвари худ сиёсати давлатиро хуб пеш бурда метавонад? Аз ин ҷиҳат дар Думаи давлатӣ ва ҳукумати Русия чунин ақида ба миён меояд, ки ӯ як президенти худкома аст, ки қариб аз идора кардани ҳукумат маҳрум аст. Аз ин рӯ ҳоло бояд мунтазир бошем, ки сафари
давлатии Медведев, ки ҷониби Тоҷикистон дар бораи он иттилоъ додааст иттифоқ хоҳад афтод ва гузашта аз ин чӣ масоил дар он ҳаллу фасл мешавад. Вале агар ин сафар сурат гирифт фикр мекунам роҷеъ ба се масъала сӯҳбат хоҳад шуд. Масъалаи энергетика, масъалаи низомӣ ва масъалаи ҳимояти манофеи Русия дар сурати ягон иншоот дар Тоҷикистон, ки мехоҳад онро дастрас кунад. Аммо ман фикр мекунам, ки сафари давлатии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр сурат намегирад.
ФИШОРҲОИ АФЗОЯНДАИ РУСИЯ ЧАРО?
Суол: Бархеҳо бар ин назаранд, ки боло бурдани боҷи гумрукӣ ба маводди сӯхт аз тарафи Русия як навъи фишор болои давлати Тоҷикистон аст.
Ҷавоб: Русия ин мушкилиро ба таври сунъӣ пеш овардааст. Вақте масъала сунъӣ ба бор оварда мешавад, савол пеш меояд, ки барои чӣ ва ба манфиати кӣ лозим аст? Масалан ҳукумати Русия ба ҳукумати Қирғизистон маҳз дар ҳамин масъала гузашт кард ва то ҳадде имтиёз дод. Лекин ба Тоҷикистон на танҳо чунин имтиёзҳоро надод, балки гаронтар кард. Вақте мушкил ба таври сунъӣ сохта мешавад, албатта ҳадафи сиёсӣ хоҳад дошт. Хулоса кардан мумкин аст, ки тавассути афзоиши боҷи гумрукӣ ба маводди сӯхт ҳадафҳои мушаххасеро Русия дунбол мекунад. Ва ин ҳадафҳо дар чӣ ифода меёбанд, фикр мекунам ба ин наздикиҳо маълум мешаванд.
РУСИЯ ТАҲАВВУЛОТРО ПАЙГИРӢ ДОРАД
Суол: Ҳоло чунин сару садоҳо паҳн шудааст, ки Русия дунболи афрод ва гурӯҳҳои сиёсӣ мегардад, то ояндаи ҳамкориашро бо онҳо роҳ андозад. Оё чунин мулоқоту гуфтугӯҳо бо ҲСДТ низ сурат гирифтааст.
Ҷавоб: Агар манзур шахсони мансабдор ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи Русия бошад, на, ҳоло сурат нагирифтааст. Лекин аз ҷониби ин ё он ҳизби сиёсии Русия, ё намояндаи алоҳидаи онҳо, албатта, пайхас мешавад, ки ба мулоқот баромаданд ва ин гуна гуфтушунидҳо ҷараён гирифта истодааст. Аммо фикр мекунам, ки ин корҳо барои муқаррар кардани потенсиали гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ рафта истодааст. Он таҳаввулоте, ки дар саросари ҷаҳон ҷараён дорад ва оё имкон дорад, ки дар Тоҷикистон такрор шавад ба як мавзӯи доимии навиштаҳои
ахири таҳлилгарони Русия табдил шудааст. Ин таҳлилу баррасиҳоро вобаста ба ҷараёни ҳодисаҳо, ҷойгиршавии қувваҳои сиёсӣ, ки дар воқеъ дар оянда нақши худро то чӣ ҳад хоҳанд бозид, дар маводҳое, ки аз ҷониби ин ё он таҳлилгар ба давлати Русия пешниҳод мешавад, мушоҳида кардан мумкин. Ман якчанд маводҳоеро вохӯрдам, ки дар онҳо стратегия ва тактикаи пеш рафтани қувваҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва аз ин ҷараёнҳо чиро мунтазир шудан мумкин, таҳлилу баррасӣ шуда ва ин маводҳои таҳлилӣ бевосита ба роҳбарони ҳукумати Русия пешниҳод гардиданд.
Суол: Ин маводҳо мунташир шудаанд?
Ҷавоб: Ин маводҳо мунташир нашудаанд. Аз худи Русия гурӯҳҳои махсус омада ин гуна таҳлилҳоро анҷом дода ва пешниҳод ҳам кардаанд. Ва аммо инҳо чӣ натиҷа медиҳад ва дар чӣ ифода меёбад, фикр мекунам моҳҳову рӯзҳои наздик маълум мешавад.
ЭҲТИЁТКОРИИ ДИПЛОМАТҲОИ РУС
Суол: Ин гуна сӯҳбатҳо бо сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам буд?
Ҷавоб: Бо намояндаҳои алоҳидааш буд. Лекин наметавон гуфт, ки онҳо махсус буданд. Чун дипломатҳо зоҳир накарда сӯҳбат карда ҳам
метавонанд. Аммо ҳамин чизро бояд гӯям, ки намояндаҳои сафорати Русия дар мулоқот кардан бо ҳизбҳои сиёсӣ хеле эҳтиёткоранд.
Суол: Фикр мекунед интихоботи президентии соли 2013-и Тоҷикистон чи гуна баргузор мешавад, аз интихоботи соли 2006 фарқ мекунад ва ё такрори он хоҳад шуд ва ё он ҷиддӣ ва бо ширкати афроди сазовор баргузор мешавад?
Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки ҳукумат ва худи президент бисёр мехоҳанд, ки интихобот чун интихоботи соли 2006 доир шавад. Яъне бидуни кадом тағйир мехоҳанд ба ҳадаф бирасанд. Лекин ҳамин чизро бояд бигӯям, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳам қувваҳои гуногун ва ҳам аз дохили худи ҳокимияти давлатӣ ҳам ба ин тарзи кор розӣ нестанд. Фикр мекунам интихоботи соли 2013 ин як имтиҳони бисёр калон хоҳад буд, ки омодагии сиёсӣ, пухтагии сиёсӣ ва обутобёбии сиёсии мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои оппозисиониро нишон медиҳад. Ман фикр мекунам, ки интихоботи соли 2013 ба таври куллӣ аз интихоботи соли 2006 фарқ хоҳад дошт.