Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба бозсозии риштаи маорифи кишварҳои ҳамсуд


Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ вазъи соҳаи маориф ва такмил он дар заминаи ҳамкориҳои густарда баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст намояндагони Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белорусия, Украина ва Қазоқистон ширкат карданд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон равандҳои муосири соҳаи маорифи кишвар ва ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳои узвро ёдовар шуда гуфт, ки системаи маориф ниёз ба такмил ва таҷрибандӯзии байнулмилалӣ дорад.

Алексей Фурсенко

Вазири маориф ва илми Русия, Алексей Фурсенко аз ҳамкориҳои кишвараш бо кишварҳои ИДМ ёдовар шуда, афзуд, ки давраи муосир таҳияи кадрҳои баландихтисосро талаб мекунад. Ба бовари намояндаи Русия, «аз 1000 кадре, ки дар як сол омода карда мешавад, беҳтар он аст ки 100 нафар тайёр карда шавад ва онҳо сифати хуб дошта бошанд.»

Дар ин нишаст нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф, лоиҳаи қарордод оид ба ҳуқуқҳои баробари шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ҷиҳати қабул ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои узв, қарордоди такмили ихтисоси омӯзгорон ва лоиҳаи қарордоди ҳамкорӣ дар масъалаи касбомӯзӣ ва бозомӯзии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд.

Муовини вазири маорифи Украина, Евгений Сулима пешниҳод кард, ки ҳамкории байни
Евгений Сулима, вазири маорифи Украина

кшиварҳо на танҳо дар сатҳи мактабҳои олӣ балки дар сатҳи мактабҳои миёнаи касбӣ ҳам роҳандозӣ шавад.

Ба гуфти намояндаи Украина мушкилоте, ки садди роҳи ифтитоҳи филиали Донишкадаи Харкови Украина дар Тоҷикистон шудааст, набояд ба ҳамкории тарафҳо моенъ гардад. Вай афзуд, ба сабаби набуди парвози мустақим аз Харков донишкада натавонистааст, таҷҳизоти заруриро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Муллат Оруханов, муовини вазири маориф ва илми Қазоқистон аз наҳва ва ислоҳоти системаи маориф дар кишвараш намуна оварда гуфт, ки низоми таълими имрӯзаи Қазоқистон ба меёърҳои аврпуоӣ ҷавобгӯ аст ва солона даҳҳо донишҷӯёи кишвар дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии устодон аз таҷрибаҳои нави ҷаҳонӣ истифода мешавад ва мутахасиссон барои таҷрибаомӯзӣ ба марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии Аврупо фиристонда мешаванд.

Вай афзуд: «Мо донишгоҳҳои сатҳи байналмилаиро кушода истодаем. Мактабҳои касбиро дар қатори барномаҳои таълим бо таҷҳизот таъмин кардем, ки ҳам бо таври назариявӣ ва амалӣ таълим дода мешавад. Вақте донишҷӯ хатм кард, вай якбора ҳамчун соҳибкасб хатм мекунад вай кадри тайёр аст.»

Ҳамзамон дар ин ҷаласа ба зарурати густариши ҳамкории донишгоҳҳои соҳавӣ сухан рафта, ҷонибҳо иброз доштанд, ки табодули таҷриба ва фанновариҳо метавонад, заминаи ин ҳамкориро ташкил диҳад.

Бо вуҷуди он ки дар поёни ин нишаст ҷонибҳо барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар риштаи маориф ва илм як қатор созишномаҳоро ба имзо расонданд, таҳлилгарон бар инанд, ки Шӯрои вазирони маориф ҳамчун як сохтори Иттиҳоди давлатҳои муштараклманофеъ, ки худ чандон фаъол нест, умдатан вазифаҳои бузургеро ба миён мегузорад, вале иҷрои онҳо танҳо ба худи кормандони риштаи маорифи кишварҳои узв бастагӣ надорад.
XS
SM
MD
LG